Назарияи таълим фанни дидактика ва вазифаҳои он


Амалиёт мезонест, ки хакконияти донишхоро нишон медиҳад. Мушоҳида, таҷриба, тагиир додан, офаридан ба шаклҳои амалиётии бачагон дохил мешавад


Download 20.95 Kb.
bet3/5
Sana05.01.2023
Hajmi20.95 Kb.
#1080205
1   2   3   4   5
Bog'liq
дидактика

Амалиёт мезонест, ки хакконияти донишхоро нишон медиҳад. Мушоҳида, таҷриба, тагиир додан, офаридан ба шаклҳои амалиётии бачагон дохил мешавад.
Амалиёт дар соҳаи донистани ҷараёни мураккаби ҳаёти иҷтимои ва хакики барои одамон силохи асоси ба шумор меравад. Чунончи, мушоҳидаи мохро бигирем. Ба ёрии мушоҳидаи зинда ва тафаккури мучаррад мо ба мох дастгоххо мефирестем, маводи тавассути дастгохи илми гирифташударо дар лабораторияхо месанчем. Махз ҳамин аст амалиёт.
Вазифаи донистан факат бо ошкор кардани моҳияти ходисахо, қонунияти ривочи онҳо махдуд намешавад, балки нишон додани сабабҳои дараҷаи зухури ягон қонуниятро низ дар бар мегирад.
Омили илми унсури донистан буда, мушоҳида дар асоси таҷриба ба даст медарояд. Донише, ки ба омили илми асос наёфтааст, барои фаъолияти амали аҳамияте надорад. Бинобар ин, мақсади асосиии дониши илми ва фан, ёфтан, ошкор сохтани моҳияти алокаву вобастагиҳои умумиест, ки дар заминаи илмхо қарор гирифтаанд.
Барои самаранокии зиёди азхудкунии дониш зарурати мукоиса, таҳлил ва чамъбаст намудани чизи даркшударо фахмондан нихоят мухим аст. Муаллим ҳар кадар тез ба хонандагон ин корро ёд диҳад, идроки маводи таълим ҳамон кадар пурра, чукур ва бисёртарафа мешавад. Дар натиҷаи чамъбасткуни ва фахмида гирифтани дониш мафхумхо хосил мешаванд. Мафхум шакли тафаккурест, ки бо ёрии он нишонаҳои мухимми предмету ходисахо чамъбаст мешаванд.
Хиссиёт манбаи тамоми донишҳои марбути инсонанд. Лекин дар бобати илмро аз худ кардан, масалан, дар бобати фаъолияти олим ва хонанда бо вуҷуди мавҷудияти умуми дар байн буда, онҳо аз якдигар фарк мекунанд. Олимон оламро фахмида хакикатҳои наверо кашф мекунанд, ки пештар дар илм номаълум буд. Онҳо қонуниятҳои навро маълум менамоянд ба туфаили ин барои ривоч ёфтани фан имкониятҳои нав ба нав ба вуҷуд меоранд. Хонандагон бошанд дар ҷараёни таълим оламро фахмида чизи наверо аз худ менамояд, ки то хол номаълум буд. Он аз тарафи ягон фан кашф карда шудааст ва дар амалиёти иҷтимоию таърихии одамон аз санҷиш гузаштааст. Муаллим барои омузонидани ин қонуниятхо, хонандагонро бо роху воситаҳои сабук мусаллах намуда тез азхуд карданро мефахмонанд.

Download 20.95 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling