Назарияи таълим фанни дидактика ва вазифаҳои он


Download 20.95 Kb.
bet1/5
Sana05.01.2023
Hajmi20.95 Kb.
#1080205
  1   2   3   4   5
Bog'liq
дидактика


НАЗАРИЯИ ТАЪЛИМ
Фанни дидактика ва вазифаҳои он
Дидактика фаннест, ки қонуниятҳои умумии таълимро меомузад. Он калимаи юнони буда, аз калимаҳои “дидаико” - таълим ва “дидаскол” - омузанда пайдо шудааст. Дар тарчума “дидактика” назарияи таълимро мефахмонад. Назарияи таълим мафхуми ҷараён ва моҳияти таълим, қонунхо, услубҳои таълим ва шаклҳои ташкили онро дар бар мегирад. Дидактика назди худ вазифа мегузорад, ки қонунияти умумиии таълимро, ки барои тарбияи ҳамаҷонибаи хонандагон мувофиқ бошад, омузонад. Вазифаи асосии таълим мусаллах сохтани насли ҷавон бо низоми донишҳои илми, махорат ва малака аст.
Аз ин мебарояд, ки дидактика ба саволҳои “ба чи бояд омухт”, “чиро бояд омухт” ва “чи тавр бояд омухт”-и педагогика ҷавоб мечуяд. Дидактикаи умуми дар навбати худ, бо усулҳои марбути фанҳои алохида вобастагии кави дорад. Ба маълумоти ин усулхо такя намуда, қонунияти умумии таълимро хал менамояд ва дар баробари ҳамин барои усули таълими ҳар як фанни омӯзиш ба сифати асос хизмат менамояд.
Дар сабакҳои фаровони алломаҳои ниёгон дар бобати воситаи омӯзиши илмҳои аз қабили тиббиёт, мантик, мусика, адабиёт, чугрофия, риёзиёт фикру Қояҳои мухими тарбияи наслхо пеш ронда шудаанд. Дар асарҳои “Кобуснома”-и Каиковус, “Саодатнома”-и Носири Хусрав, “Кутадгу билик”-и Юсуф Хос Хочиб, “Хибат-ул-хакоик”-и Ахмади Югнаки, “Махбуб-ул-кулуб”-и Алишер Навои бисёр фикрҳои пешкадами педагоги низ талкин ёфтаанд.
Дар рисолаи “Тахсили саодат” Фороби каид мекунад, ки таълим бояд аз омухтани масъалаҳои содда ибтидо ёфта, бо азхудкунии муаммоҳои метафизики анҷом пазиранд.
Дидактика, ки дар ҷараёни педагогии мероси маънавии Шарку Гарб мавкеи маркази дорад, ҳамвора ривоч меёбад. Дар равнаки дидактика педагоги Чех Ян Амос Коменсикии низ хиссаи сазовор гузоштааст. Асари у “Дидактикаи бузург” дар такмили таълим таъсири бенихоят калон расонида ҳамчун китоби саримизии муаллимон қарор гирифтааст.
Ташкил ва тараққиёти дидактика дар Ӯзбекистон бо номи педагогхо ва олимони номдоре ба монанди Абдулло Авлони, ӯамза Хакимзода Ниёзи, Муҳаммадрасул Расули, Кори Ниёзи, О. Шарофиддинов алокаманд аст.
Таълим санъат аст. Ваи санъати мураккаб, нозук, серсоха ва ба худ хосе мебошад, зеро дар он ду кас – муаллим ва хонанда иштирок мекунанд. Натиҷаи таълим дар сифати дониш, дараҷаи дониши хонанда инъикос меёбад.

Download 20.95 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
  1   2   3   4   5




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling