Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон донишкадаи давлатии омӯзгорони чирчиқи вилояти тошканд кори мустақилона


Download 220.87 Kb.
bet4/9
Sana22.03.2023
Hajmi220.87 Kb.
#1287070
1   2   3   4   5   6   7   8   9
Bog'liq
Усули таълими морфология Таълими таркиби калима. Ёд додани овозхои нутқ

Грамматикаи мусиқӣ


Чӣ грамматикаи мусиқӣ маълум аст маҷмӯи қоидаҳо ва принсипҳое, ки фаъолияти забони мусиқиро танзим мекунанд. Ҳамин тариқ, мусиқӣ ба таври графикӣ бо як қатор аломатҳо инъикос карда мешавад, ки дар натиҷаи он оҳанг ба вуҷуд меояд.
Кормандон, нотаҳои мусиқӣ, чӯбҳо, тағиротҳо, рақамҳо, истироҳатҳо ва чораҳо, инчунин масъалаҳои марбут ба ифода (суръат, хислат ва тобишҳо), ҷузъи унсурҳое мебошанд, ки забони мусиқиро ташкил медиҳанд. Ба ин маънограмматикаи мусиқӣ Он имкон медиҳад, ки холро дар сатҳи шунавоӣ, рӯҳӣ ва таркибӣ тафсир, фаҳмед ва бинависед.
Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1989 комиссияи забон таъсис дода буд. Комиссия дар хусуси мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ дархосту пешниҳод кард. Он замон ҳатто масъалаҳое пеш оварда шуданд, ки баъзеҳо ҷонибдори се забони давлатӣ: тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ буданд. Албатта, ӯзбекҳо низ ҳуқуқи забонро доранд, чуноне ки ҳуқуқ ба таълим, интихоботу радио, меҳнату маишат, телевизиону матбуот, кор дар мақомоти давлативу соҳибкорӣ, ширкат дар варзишу дигар чорабиниҳои давлативу байналмилалӣ ва ғайраву ҳоказо доранд. Дар асл ҳам чунин аст. Бояд гуфт, ки давлат бар зарари ягон забон нест ва онҳоро ҳамеша ҳифз менамояд. Дар сурати дастгирӣ наёфтани ин ва ё он забон норозигиҳо пайдо хоҳанд гашт. Аммо агар ин се забони ишораи боло мақоми давлатӣ мегирифтанд, ҳоли забони тоҷикӣ хароб мегашт, зеро кашмакашиҳо дар ин ҷода зиёд гашта, табоҳӣ меоварданд. Баъд аз таъсис ёфтани комиссияи забон коркарди имлои нав ба миён омад ва имлое, ки солиёни зиёд хизмат карда омада буд (аз соли 1972) ба он тағйирот ворид карда шуд. Соли 1998 (сентябр) «Имлои забони тоҷикӣ» ба миён омад. Ин имло беш аз 10 сол (1998-2011) арзи вуҷуд дошт. Дар ин давра дигаргуниҳо ба миён омаданд ва зарурати ба майдон омадани имлои нав пайдо гашт. Имлои қабулшудаи соли 2011 аз имлоҳои пешин ба куллӣ фарқ мекунад. Пеш аз ҳама, фарқ дар он аст, ки шумораи ҳарфҳо, ки 39 адад буданд, ба 35 поён фуромаданд. Ҳарфҳои хоси забони русӣ аз қабили ц,щ,ы,ь-ро аз алифбои забони тоҷикӣ бардоштанд. Ҳарфҳое, ки аз ҳамгуни худ дур афтода буданд, ба тартиб дароварда шуданд. Имло калимаи арабист ва маънои «пур кардан», « навишта пур кардан», «ба касе гуфта нависондан»-ро дорад. Дар забоншиносии имрӯзаи тоҷикӣ мафҳуми имло маҷмӯи қоидаҳое дар бораи навишти дурусти калимаҳо ва қисми маънодори онҳо: дар бораи якҷоя навиштан, ҷудо ва ё бо нимтире (дефис) навиштани калимаҳо; истифода аз ҳарфҳои хурд ва калон дар навишти калимаҳо; дар бораи аз сатр ба сатри дигар кӯчондани қисми (ҳиҷоҳои) калимаҳо, ки дар алифбои кириллӣ муҳим аст, маълумот медиҳад. Алифбо аз ҳарфҳои аввали алифбои арабӣ алиф ва бо гирифта шудааст. Маҷмӯи аломатҳои графикии (ҳарфҳои) забон, ки бо тартиби муайян ва номҳояшон пайи ҳам омадаанд, алифбо номида мешавад. Дар истилоҳи байналмилалӣ имлоро «орфография» мегӯянд, ки он аз калимаи юнонӣ буда, маънояш «дуруст менависам» мебошад. Аз замонҳои қадим то имрӯз фазилату маданият ва бофарҳангии одамон то ба кадом андоза ҷилабгирӣ карда мешавад, донистани имло ба кадом сурат асту беғалатнависӣ дар кадом поя мебошад, андозагирӣ гаштааст. ТАЪРИХИ АЛИФБО Дар таърихи забони тоҷикӣ номи чанд хат зикр ёфтааст, ки қадимтарин ва машҳуртарини онҳо: хатти мехӣ, авестоӣ, паҳлавӣ, монавӣ, суғдӣ, арабӣ, лотинӣ ва кириллӣ мебошанд. ХАТТИ МЕХӢ Хатти мехӣ хатти расмии сулолаи Ҳахоманишиён (асри VII пеш аз мелод то замони истилои Искандари Мақдумӣ (соли 330-и пеш аз мелод) буд. Хатти мехӣ 36 аломат дошт ва аз чап ба рост навишта мешуд. Қадимтарин ёдгории хатти мехӣ ба давраи ҳукмронии шоҳони Ҳахоманишиён Аршам ва Ари-ярамма тааллуқ дорад ва аввалин навиш- таҷоти он ба номи Дорои I вобаста буда, бо номи «Катибаи Бесутун» ёд мешавад.



Download 220.87 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling