6 ноябр – Рӯзи Конститутсия


Download 191.55 Kb.
bet1/3
Sana23.04.2023
Hajmi191.55 Kb.
#1388615
  1   2   3
Bog'liq
6 ноябр


6 ноябр – Рӯзи Конститутсия

Чихеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд, ки «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».
Волотарин дастовард ин соҳиб шудан ба истиклоли давлатии Тоҷикистон буд, ки бо қабули Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 ва ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 амалӣ гардид.
Маҳз бо шарофати ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.
Баъди ба даст овардани неъмати бебаҳо яъне истиқлолият, бояд санади тозае таҳия ва қабул карда мешуд, зеро дар ҳама давру замон бо рушд ёфтани давлату давлатдорӣ зарурияти муайян сохтани сохтор, идораи давлатдорӣ ва пойдории давлатдорӣ санаде мураттаб мешуд, ки фарогири ҳама ҳадафҳои давлат бошад, ки ин бо ном Конститутсия муаррифӣ мешавад ва санади асосӣ шинохта шудааст. Якумин маротиба Конститутсияи Тоҷикистони сохибистиқлол 6 ноябри соли 1994 ба тариқи райпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, ки он бахтномаи сарнавиштсоз барои мардуми тоҷик мебошад.
Инак санаи 6 ноябри соли 1994-ум барои тамоми мардуми тоҷик, яке аз санаҳои тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар хамин рӯз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки имсол мо 22 солагии онро ҷашн хоҳем гирифт.
16 ноябр – Иҷлосияи тақдирсоз



Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар шароити ниҳоят мураккаби таърихӣ ташкил ёфта, ҳаёти навини худро оғоз намуд, вале дар чунин давраи ҳассос қувваҳои гуногуни сиёсӣ роҳҳои ғайриконститутсиониро пеш гирифта, гирдиҳамоии шадидро давом дода, соҳибистиқлолии ҷумҳуриро зери хавф гузоштанд.
Ҳарчанд ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ Раҳмон Набиев интихоб шуда[1], баҳри аз байн нарафтани Ҷумҳурии соҳибистиқлол роҳи мусолиҳаро пеш гирифта бошад ҳам, гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ авзои мамлакатро торафт ноором мегардонданд. Вазъият чунон мураккаб гардид, ки Р. Набиев маҷбур шуд дар арафаи интихоботи президентӣ ваколатҳои Раиси Шӯрои Олиро боздорад. Ва ниҳоят, 24 ноябри соли 1991 ба таври райъпурсии умумихалқӣ Р. Набиев Президенти мамлакат интихоб шуд, аммо дар ҷумҳурӣ, хусусан, дар сохтори болоӣ, дар Парлумон ва Ҳукумат се гурӯҳи гуногун ташкил ёфта буданд. Гурӯҳи аввал – онҳое, ки адои вазифа доштанд, гурӯҳи дуюм – такя ба умеду дастгирии қувваҳои беруна ва самаранок ис
тифода бурдани тарзи зӯроварӣ фаъолият мекарданд; гурӯҳи сеюм – онҳое, ки мавқеи бетарафиро пеш гирифта, интизори ғолиб гаштани қувваҳои муборизабаранда буданд ва мехостанд бо ин роҳ соҳиби мансаб гарданд.
Гурӯҳҳои ғайриконститутсионии ба ҷумҳурии соҳибистиқлол хатарнок истеъфои шахсони олимақоми кишварро тақозо мекарданд. Дар як давраи кӯтоҳ дар Тоҷикистон раисони Шӯрои Олӣ, аз ҷумла Қ. Аслонов, С. Кенҷаев, А. Искандаров аз вазифаашон сабукдӯш карда шуданд ва оқибат неруҳои оппозитсионӣ барои пеш бурдани фаъолияти Президенти Ҷумҳурӣ Р. Набиев халал расонданд. Ҳатто баъзе ниҳодҳои қудратӣ низ мақоми бетарафиро ишғол намуданд. Дар натиҷа Р.Набиев дар зери фишори гурӯҳи яроқбадастон 6 сентябри соли 1992 аз вазифаи президентӣ даст кашид ва 11-уми апрели соли 1993 вафот кард.

Download 191.55 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
  1   2   3




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling