Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода
Тадқиқотҳои биологӣ оиди истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ
Download 0.93 Mb.
|
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ
3.Тадқиқотҳои биологӣ оиди истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ
Тадқиқотҳои биологӣ нишон доданд, ки майхӯрӣ аз ҷиҳати ирсӣ аз авлод ба авлод намегузарад, фақат майлу рағбати он мегузарад. Дар ривоҷёбии майнӯшии бачагон одатҳои номатлуби оилаҳо, вазъияти ҳаёти оилавӣ таъсири калон мерасонад. Падару модарон бояд дар хонандагон, яъне фарзандон муносибати манфиро нисбат ба май ва майхӯрӣ ташаккул диҳанд. Бо ин мақсад ба ҳамма хатту ҳаракати бачагон дар ҳаёт назоратро ба роҳ монанд. Давраи сеюм - синни наврасӣ ва аввали ҷавонӣ. Ба майнӯшӣ бачагон ҳолатҳои номақбули оила, бесаводии маданӣ - иҷтимоии падару модарон, худнамоишдиҳӣ, рекламаҳои телевизион ва ғайраҳо сабаб мешаванд. Бачаҳои нӯшанда ба 4 гурӯҳ ҷудо мешаванд: 1) бачаҳое, ки ба худашон баҳои баланд медиҳанд; 2) бачагоне, ки хусусияти бешафқатӣ ва агрессивӣ доранд; 3) бачаҳое, ки ба ҳаёти амалӣ одат накардаанд, хусусияти ташаббускорӣ надоранд; 4) бачаҳое, ки маъюс ва беиродаанд. Дараҷаҳои истеъмолкунии нӯшокии спиртдор: 1) дараҷаи ба 0 баробар - бисёр кам нӯшидан; 2) дараҷаи истеъмоли эпизодӣ, шиносоӣ бо хелҳои гуногуни нӯшокиҳои спиртӣ; 3) дараҷаи баланд - дар як моҳ аз ду бор зиёд нӯшидан; 4) ба вуҷуд омадани асирӣ ба нӯшидан; 5) дараҷаи тобеият ба майнӯшӣ нӯшокиҳои спиртдорро беназорат истеъмол намудан. Алкоголшавии шахс (ба арақхӯр табдил ёфтан). Равишҳои асосии фаъолияти педагоги иҷтимоӣ бо бачагоне, ки нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол мекунанд: а) адаптационӣ бо роҳи ривоҷ додани хусусиятҳои мусбати шахсии бачагон нисбат ба нӯшидан муносибати манфӣ парвариш кардан; б) профилактикӣ - ташаккули муносибати бад нисбат ба майнӯшӣ; в) воситачигӣ - ба тартиб даровардани муносибатҳои бачагон ва ҷамъият; г) реабилитационӣ - реабилитацияи иҷтимоии он бачагоне, ки ба ҳолати ба алкогол тобеъ мебошад. Педагоги иҷтимоӣ дар ҷараёни кор бо чунин тоифаи бачагон вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: Вазифаи якум аз он иборат аст, ки пеши роҳи руҷӯи бачагонро ба нӯшидан бигирад. Ин вазифаро барои баҷо овардан педагог дар бораи истеъмоли нӯшокиҳои спиртии бачагон ахборот ҷамъ мекунад, хусусиятҳои шахсии онҳоро меомӯзад. Вазифаи дуюм - пешакӣ дида тавонистани натиҷа. Мувофиқи ин вазифа дастури корро бо бачаҳо тартиб медиҳад, онро зина ба зина ба амал мебарорад. Вазифаи сеюм - таълиму тарбия буда, ба бачагон фаҳмонда додани зарар ва оқибатҳои мудҳиши майхӯрӣ, ҳосил кардани малакаҳои зидди алкоголизмро дар бар мегирад. Вазифаи чорум - ҳимояи ҳуқуқӣ. Моҳияти он дар асоси ҳуқуқ будани фаъолияти педагог аст. Вазифаи панҷум - фаъолияти ташкилӣ. Ин вазифа ба кори мубориза бо майнӯшӣ иштироки дигар мутахассисонро талаб мекунад. Вазифаи шашум - фаъолияти профилактикӣ буда, аз мустаҳкам кардани натиҷаҳои мусбат, бартараф намудани нишонаҳои алкоголизми дар ҳаёти бачагон иборат аст. Download 0.93 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling