Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Мавзӯи 10. Педагогикаи иҷтимоӣ – ҳамчун соҳаи фаолияти амалӣ


Download 0.93 Mb.
bet36/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   ...   32   33   34   35   36   37   38   39   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

Мавзӯи 10. Педагогикаи иҷтимоӣ – ҳамчун соҳаи фаолияти амалӣ
Нақша:

  1. Педагогикаи иҷтимоӣ ва меҳнати иҷтимоӣ.

2. Фарқи педагоги иҷтимоӣ аз ходими иҷтимоӣ
3. Мафҳуми “ходими иҷтимоӣ”


Ибораҳои такягоҳ: меҳнати иҷтимоӣ, фаъолияти амалӣ, касбҳои педагог, ходимони иҷтимоӣ, анъанаҳои таърихӣ−маданӣ, меҳнати ходими иҷтимоӣ, объекти меҳнати иҷтимоӣ, силсилаи таълими миллӣ, фаъолияти иҷтимоӣ, технологияҳои иҷтимоӣ.


1.Педагогикаи иҷтимоӣ ва меҳнати иҷтимоӣ
Педагогикаи иҷтимоӣ ва меҳнати иҷтимоӣ. Ҷараёнҳои иҷтимоӣ-мадание, ки дар асри ХIХ дар Европа ва Америкаи Шимолӣ рух дод, на танҳо боиси пайдоиши педагогикаи иҷтимоӣ, балки соҳаи фаъолияти иҷтимоӣ - “меҳнати иҷтимоӣ”-ро ба вуҷуд овард.
Дар давлатҳои Европа, махсусан, дар Германия дар асри ХХ меҳнати иҷтимоӣ ҳамчун фаъолияти амалӣ ривоҷ ёфт.
Пайдоиши касбҳои педагог ва ходимони иҷтимоӣ бо зарурияти таъмини эҳтиёҷоти ёрӣ додан ба қисми камтаъминшудаи аҳолӣ вобаста аст.
Педагогикаи иҷтимоиро бо меҳнати иҷтимоӣ анъанаҳои таърихӣ-мадании муносибат ба инсонҳо муттаҳид намуд. Беҳуда нест, ки ҳам дар педагогикаи иҷтимоӣ, ҳам дар меҳнати иҷтимоӣ мафҳумҳои “меҳрубонӣ”, “хайрия”, “ёрӣ додан” истифода бурда мешавад.
Ба ҳам наздик будани педагогикаи иҷтимоӣ ва меҳнати педагогӣ фаъолияти ҳамдигарро пурра мекунад.
2.Фарқи педагоги иҷтимоӣ аз ходими иҷтимоӣ
Фарқи педагоги иҷтимоӣ аз ходими иҷтимоӣ аз инҳо иборат аст:
Аз рӯи соҳаи дониш: педагогикаи иҷтимоӣ - ба педагогика, меҳнати иҷтимоӣ ба социология тааллуқ доранд.
Аз рӯи фаъолияти амалӣ педагогҳои иҷтимоӣ дар фаъолияти худ ба ҷиҳати назарӣ ва услубии фаъолият такя мекунанд, ходимони иҷтимоӣ аз назария ва технологияҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд.
Ин ду соҳа бо объекти худ ҳам фарқ мекунанд. Объекти меҳнати иҷтимоӣ шахсоне мебошанд, ки дорои муаммоҳои фаъолияти барқарори инсон халал мерасонад. Муаммоҳо дар ҳаёти инсон доимо пайдо шуда, бо омилҳои психологӣ, тиббӣ, ҳуқуқӣ, моддӣ, беморӣ ва ғайраҳо вобаста аст. Дар ин ҳолат объекти меҳнати иҷтимоӣ инсоне мебошад, ки ба бартараф намудани муаммоҳо қодир нест ва мӯҳтоҷи ёрӣ мебошад.
Ба ҳамин тариқ, объекти меҳнати иҷтимоӣ инсонест, ки ба ёрии иҷтимоӣ мӯҳтоҷ аст.
Объекти педагогикаи иҷтимоӣ кӯмаке мебошад, ки барои ба субъекти иҷтимоӣ табдил ёфтани бачагон расонда мешавад.
“Меҳнат (кор)-и иҷтимоӣ” иборае мебошад, ки дар муносибатҳои ҳамдигарии одамон намоён мешавад.
Фаъолияти иҷтимоӣ силсилаи чораю тадбирҳое мебошанд, ки ба мувофиқшавии инсон ба ҷамъият нигаронида шудааст.
Ёрии ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба одамони эҳтиёҷманд самарабахш мебошад. Ин гуна ёрӣ аз маданияти баланди маданӣ ва тараққиёти ҷамъият далолат медиҳад.
Меҳнати ходими иҷтимоиро ҳам вазифаи ахлоқӣ, ҳам касб шумурдан мумкин аст. Хӯш, ходими иҷтимоӣ бо чӣ машғул мешавад?
Соли 1917 китоби Мэри Ригмон “Сӯҳбати иҷтимоӣ” чоп шуд. Дар асар чунин ҷумлаҳо ҳаст: “Ходими хуби иҷтимоӣ бо халос кардани одамон аз камбағалӣ машғул намешавад. Вай дар бораи умуман бартараф намудани камбағалӣ чӣ кор кардан лозим аст, фикр мекунад”.
Дар яке аз асарҳои калони И.Карф фанҳои ба ривоҷи меҳнати иҷтимоӣ такякунанда - биология, иқтисод, тиббиёт, психитр, социология, статистика, антронология, педагогика. психологияи иҷтимоиро нишон додааст.


Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   32   33   34   35   36   37   38   39   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling