Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Фаъолияти иҷтимоӣ – педагогӣ ва таълими иҷтимоӣ


Download 0.93 Mb.
bet34/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   ...   30   31   32   33   34   35   36   37   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

2. Фаъолияти иҷтимоӣ – педагогӣ ва таълими иҷтимоӣ
Дар ҷараёни иҷтимоишавӣ бачагон донишҳоро дар бораи муносибатҳои иҷтимоӣ, меъёри хулқу атвор, малака ва маҳорати зисту зиндагонӣ азбар менамоянд. Ин ҷараён хусусан, дар кӯдакӣ ниҳоят бо суръатҳои тез ба амал мебарояд. Кӯдак то синни панҷсолагӣ бисёр донишҳоро мегирад, ки дар ҳаёти ояндааш хеле зарур мебошанд.
Хусусияти иҷтимоишавии бачагон аз он иборат, ки онҳо ба меъёрҳои гуногуни зисту зиндагӣ баҳо медиҳанд. Бачагон ин донишҳоро аз худ кунанд ҳам, дар иҷтимоишавии онҳо роли падару модарон, хешовандон, пдагогҳо таъсири калон мерасонанд. Онҳо барои пухта ва барвақт азбар кардану ба ҳаёт тадбиқ намудани ин донишҳо роли калон мебозанд. Алоқаи ин ҳолат бо педагогикаи иҷтимоӣ дар он зоҳир мегардад, ки бачагон дар мактаб ё дигар муассисаҳои таълими донишҳои назарӣ мегиранд.
Ба бачагон расондани донишҳои иҷтимоӣ, ки ба иҷтимоишавии онҳо ёрӣ мерасонанд, инчунин ташаккул додани малакаю маҳорати иҷтимоиро таълими иҷтимоӣ меноманд.

3. Тарбия ва тарбияи иҷтимоӣ
Тарбия ҳамчун объекти асосии педагогика ҳамеша дар маркази диққати олимон буд. Баробари ин мазмуну мафҳуми “тарбия” аҳамияти амалӣ дорад. Зеро ин мафҳум аз мақсад ва вазифаҳои фаъолияти педагогӣ омада мебарояд.
Аз тарафи дигар тарбия категорияи доимӣ ва умумии ҳаёти иҷтимоӣ мебошад. Доираи иҷтимоии тарбия аз маънои луғавии он хеле васеъ аст. Аз ин рӯ тарбияи иҷтимоӣ ҳамчун муносибати инсон ба ҷамъият, қобилият, дониш, арзишҳои ӯ ба инкишофи минбаъдаи инсон ёрӣ мерасонад. Тарбия аз тарафи шахс ва ташкилотҳои тарбиявӣ ба амал бароварда мешавад.
Агар дигар хелтар гӯем, тарбияи иҷтимоӣ ҷараёнест, ки шароитро барои ривоҷёбии мусбии инсон ба вуҷуд меоварад.
Тарбияи иҷтимоӣ бо роҳи ташкил намудани фаъолияти маишӣ ва ҳаёти ҷамоа, рағбатноккунии фаъолияти худидоракунӣ ба амал бароварда мешавад.
Тарбияи иҷтимоӣ дар маънои васеъ азбар намудани дониш ва усулҳои фикркунӣ, малака ва маҳорат, меъёри зисту зиндагонӣ, арзишҳо, таҷрибаи муносибат бо одамон, ба худ боварӣ намудан, худшиносӣ, ҳаёти иҷтимоии худро муайян кардан фаҳмида мешавад.
Таълим дар худ ин ҳолатҳоро инъикос менамояд: таълими муттасил, тарғиби маданият, худташаккулдиҳӣ ва мустақил дониш гирифтан.



Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   30   31   32   33   34   35   36   37   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling