Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода
Download 0.93 Mb.
|
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ
- Bu sahifa navigatsiya:
- 4.Мақсад ва вазифаҳои ассоциацияи SOS
3.Вазифаҳои иҷтимоӣ-тиббӣ
Вазифаҳои иҷтимоӣ-тиббӣ аз инҳо иборат аст: 1. Тадбирҳои тиббӣ-иҷтимоӣ фаъолияти ташкилотҳо, муассаса ва идораҳоро муттаҳид менамояд. 2. Тадбирҳои тиббӣ-иҷтимоӣ сиёсати самарабахши иҷтимоиро, ки ба анъанаҳои қадимаи сокинони Ӯзбекистон, комёбиҳои соҳаи фан ва маданият асос ёфтаанд, ба ҳар як оила мерасонад. 3. Тадбирҳои тиббӣ-иҷтимоӣ ҳолати мавҷудаи тиббӣ-иҷтимоии ҳар як оиларо ба ҳисоб мегирад. 4. Мақсади тадбирҳои тиббӣ-иҷтимоӣ аз инҳо иборат аст: - ҳолати санитарӣ-гигиенӣ, муҳити психологии оила, аҳволи саломатии аъзоёни оиларо муайян мекунад; - занҳо ва бачагони ба ёрии тиббӣ-иҷтимоӣ ва психологӣ мӯҳтоҷро дар вақташ аниқ мекунад; - дар оилаҳо тарзи солими зиндагиро ташаккул медиҳад. 5. Вазифаҳои тадбирҳои тиббӣ-иҷтимоӣ: - ёрии тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ расондан ба оилаҳо; - ба занон ва бачагон оиди тандурустӣ ёрӣ расонидан, доир ба ривоҷёбии оилаҳо корҳои васеи фаҳмондадиҳӣ бурдан. 4.Мақсад ва вазифаҳои ассоциацияи SOS 1-апрели соли 1998 Фармони Девони Вазирон “Дар бораи дастури скиринги модар ва кӯдак” эълон карда шуд. Дар он чораҳои аниқ кардани бемории модарон, ки кӯдакони ногирон таваллуд мекунанд, нишон дода шудааст. 31-декабри соли 1997 Фармони Девони Вазирон “Дар бораи таъсис намудани SOS - ассоциацияи бачагони Ӯзбекистон баромад. Чуноне ки маълум аст, SOS аз тарафи ҷамъияти байналхалқии Киндерфорд (Австрия) таъсис шудааст. Мақсад ва вазифаҳои ассоциация аз инҳо иборат аст: - ба тартиб даровардани кӯшишоти идораҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ оиди ривоҷёбии ҷамоатӣ ва ахлоқии бачагони ятим; - ёрии молиявӣ расонидан ба тартиб додани лоиҳаю дастурҳои кӯмакрасонӣ ба бачагони ятим; - ёрӣ расонидан ба ҳамаи бачагоне, ки ба фалокат дучор шудаанд; - дар Республикаи Ӯзбекистон SOS - ташкилоти бачагони ӯзбекистониро ҷиҳозонидан ва фаъолияташро пурзӯр намудан; - бо SOS Киндерфорд интернет ҳамкорӣ намудан; - ба фаъолияти ассоциация ташкилотҳои давлатӣ, ҷамоатӣ ва хусусиро ҷалб кардан; - нашр намудани дастурҳо барои ёрии инсонпарварӣ расондан ба бачагони ятиммонда, ташкили аёният, стендҳо. Соли 1995 дар Ӯзбекистон концепцияси иҷтимоӣ-педагогии қабул карда шуда Қоидаҳои асосии концепция: - устувории тарбияи маданӣ-ахлоқӣ аз таълим; - тарбия намудани фаъолии иҷтимоӣ, малакаҳои худидоракунӣ, маданияти муомила ва ахлоқ дар инсон; - ташаккули шахси фаъоли иҷтимоӣ дар сифати шакли асосии истеҳсолот; - ба амал баровардани қоидаҳои демократикунонӣ, инсонпарварӣ ҳамчун воситаҳои иҷтимоикунии шахс. Дар рӯҳи инсонпарварӣ тарбия намудани насли наврас ба воситаи арзишҳои миллӣ ва маънавӣ-маданӣ парвариш намудани малакаҳои қадриятҳои маънавии умумиинсониро дар назар дорад. Ин концепция баробари бой будан бо анъанаҳои таърихӣ, маданӣ, маънавӣ, педагоги иҷтимоӣ ҳамчун заминаи фаъолияти амалии фанни педагогикаи иҷтимоӣ хизмат хоҳад кард. Download 0.93 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling