Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Аз қарорҳои давлати доири муассисаҳои томактабӣ


Download 0.93 Mb.
bet49/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   ...   45   46   47   48   49   50   51   52   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

Аз қарорҳои давлати доири муассисаҳои томактабӣ


2.Мавқеи муассисаҳои томактабӣ дар ташаккули бачагон
Муассисаи томактабӣ барои бача муҳити нав, шароити нав мебошад. Шиносо шудан бо чунин шароиту муҳит дигар талабҳои навро мегузорад ва ин масъала барои ӯ мушкилиҳоро пеш меоварад. Дараҷаи мураккабӣ ва мушкилӣ ба хусусиятҳои фардии бача вобаста мебошад. Дар чунин вазъият роҳҳои барҳам додани ин мушкилиҳоро ҷустан ва ёфтан лозим аст, зеро айнан дар ҳамин вақт васеъшавии алоқаҳои иҷтимоии бача содир мешавад.
Хусусиятҳои мувофиқшавии бачагони синни томактабӣ бо шароитҳои муассисаҳои томактабӣ. Қабули бачагон дар соли сеюми ҳаёт ба муассисаҳои томактабӣ қоидаҳои то ҳамин вақт ҳосилшудаи кирдору рафтори онҳоро дигаргун мекунад. Барои он, ки дар бобати саломатӣ ва ривоҷёбии ҳартарафаи бачагон ягон ҳодисаи нохуш рӯй надиҳад, педагогҳо ҳаёти бачагонро мувофиқи талабҳои педагогӣ-психологӣ бояд ташхис намоянд.


3. Хусусиятҳои бачагони синну соли томактабӣ
Хусусиятҳои бачагони ин синну сол аз инҳо иборат аст:
- тамоми системаи функционалии органҳо ҳанӯз пурра ташаккул наёфтааст ва онҳо бо суръати тез ривоҷ меёбанд;
- ривоҷёбии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ якҷоя сурат мегирад;
- мавқеи калонсолон дар солҳои аввали ҳаёти кӯдак.
Кӯдак ба шаклҳои модарзод шишту хез соҳиб нест ва ӯ дар муҳити иҷтимоӣ инкишоф ёфта се компонент: ҳудудӣ (предметҳо, воситаҳои истифода аз онҳо), вақт (тартиби рӯзона) ва ташаккули муомиларо меомӯзад. Хулоса, кӯдак аз модар таваллуд шуда, фаъолии ӯ дар муносибати “бача-калонсол” ба тартиб дароварда мешавад.
Ҷиҳати характернокии рафтору ҳаракати бачагони хурдсол ҳиссиёти баланд доштани онҳо мебошад. Ҳолати эмоционалии бачагон кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат мешавад.
Агар фаъолияти иҷтимоӣ-педагогӣ дар оила аз рӯи як система ба амал бароварда шавад, он самаранок мешавад. Ин гуна фаъолият донистани маълумотҳои педагогика, психология, сотсиология, таърих, фалсафа ва ғайраҳоро дар назар дорад.
Ба ҳамин тариқ дар шароити ҳозира донишҳои соҳаҳои гуногун: педагогикаи иҷтимоӣ, кори иҷтимоӣ, тандурустӣ ба объекти марказ табдил ёфтааст. Зеро ояндаи ҳар як ҷамъият ба чӣ тавр ҳал намудани муаммоҳои оилавӣ вобаста мебошад.


Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   45   46   47   48   49   50   51   52   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling