Вазорати таълими олй ва миёнаи махсуси республикаи ўзбекистон


Download 126.5 Kb.
bet4/7
Sana17.12.2022
Hajmi126.5 Kb.
#1025486
1   2   3   4   5   6   7
Bog'liq
А 4

Хар, гов, гўфанд, буз - ҳайвоноти хонагианд;
Некӣ, хубӣ, дўстӣ, рафиқӣ - аломатҳои инсонӣ;
Хирс, шағол, бабр, паланг - ҳайвоноти ваҳшианд;
Муаллимӣ, котибӣ, раисӣ, мудирӣ - муносибати касбӣ соҳавӣ;
Тарзи навишти исмҳои мазкурро ёд гиред. Ин исмҳоро дар грамматика чӣ мегўянд? Шариф-амак, Фирўза-апа, Ҳайдар-тағо, Собира - хола, Ҳалим- бобо, Шарофат-кампир, Икром-ако.
Ба ин савол хонанда Мирсолеев Акобир чунин ҷавоб медиҳад.
исмҳо аз ҷиҳати сохт: содда,сохта,мураккаб ва таркибӣ мешавад.
Ба фикри ман мисолҳои дар боло оварда шуда ба гурўҳи исмҳои таркибӣ дохил мешавад, чунки ин исмҳо аз ду ва зиёда ҷузъҳои алоҳида, ки аз ҳам ҷудо нависта шудааст, иборат мебошад.


Сохти ин исимҳоро фаҳмонед. Тарзи навишти онҳоро фаромўш накунед: “Дохунда”, “Шўроб”, ”Духтари оташ”, “Ҳасани аробакаш”,”Аҳмади девбанд”, ”Субҳи ҷавонии мо”, ”Қишлоқи тиллоӣ”, ”Ту ятим нестӣ”, ”Ман гунаҳкорам”


Ҷавоби хонанда:
Мувофиқи имлои исм калимаҳое, ки номи махсусро ифода мекунанд, барои аз дигар хели исмҳо фарқ кунонидан онҳоро бо нохунак ҷудо мекунанд.
Дар мисолҳои овардаи мо номи китобҳои машҳури нависанда ва шоирон аст, ки бо калима номи он асарҳо дар нохунак гирифта шуд:
Масалан, романи “Дохунда”, ёки романи “Духтари оташ”, ва ҳоказо.
Суффиксҳои –ҳо –он, -ён, -гон -ро ба калимаҳои зерин илова карда фаҳмонед, ки онҳо аз исмҳои аввал чӣ фарқ доранд.
Исмҳои содда, сохта ва мураккабро таъриф кунед.
Талаба, синф, муаллим, колхозчӣ, рафиқ, дўст,бача,аълочӣ
Я ке аз хонандагон суффиксҳои(пасвандҳои) ҷамъбандӣ будани онҳоро фаҳмонда ба калимаҳои болоӣ он пасвандҳоро мегузорад:
И н калимаҳои сохташуда аз шакли танҳо ба шакли ҷамъ мубаддал гашт, чунки исмҳо категорияи шумора доранд, ки танҳо ва ҷамъ аст. Бо гирифтани пасвандҳои -ҳо, -он, -ён, -гон аз исми танҳо исми ҷамъ сохтем, ки ин категория танҳо ба исм хос аст.




Ин пасванду пешвандҳо ба исм ҳамроҳ шуда, аз исм исми нав сохт, бинобар ин сохта аст.

Ин ҷумлаҳоро муқоиса карда фаҳмонед, ки пасванди –е кадом вазифаро иҷро кардааст. Ин пасванд дар грамматика чӣ ном дорад?



1.Ман мактуби туро гирифтам.
2.Ту ба муаллим савол додӣ.
3.Ў хондаи баландро маъқул
мешуморад.
4. Ман ба газетаҳо обуна шудам

  1. Ман мактубе гирифтам

2.Ту ба муаллиме савол додӣ.
3.Ў хонданро маъқул мешуморад
4.Ман ба газетае обуна шудам.

Ба ҷои пасванди –е шумораи як–ро гузашта, ҷумлаҳоро ба дафтаратон кўчонед.


1   2   3   4   5   6   7




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling