Вазорати таълими олй ва миёнаи махсуси республикаи ўзбекистон
Таълими ҳиссаҳои мустақилмаънои нутқ дар синфҳои ибтидоӣ
Download 126.5 Kb.
|
А 4
- Bu sahifa navigatsiya:
- Исм, сифат шумора, чонишин, феъл, зарф
Таълими ҳиссаҳои мустақилмаънои нутқ дар синфҳои ибтидоӣ.
Калимаҳо бо маънои луғавии худ, бо категорияҳои грамматикӣ ва бо тарз ва типҳои калимасозии худ ба гурўҳҳо чудо мешаванд, ки ҳар кадоми ин гурўҳҳо ҳиссаҳои нутқ ном доранд. Ҳиссаҳои нутқ бо вазифаи дар ибора ва чумла доштанашон низ аз якдигар фарқ мекунанд. Ҳамин тарз шуда, ҳар як ҳиссаи нутқ дар забони адабии тоҷик маънои лексикии хос, категорияҳои муайяни морфологӣ ва типҳои алоҳидаи калимасозӣ дошта, вазифаи маълуми синтаксисиро адо мекунанд. Дар забони адабии точик даҳ ҳиссаи нутқ нишон дода мешаванд: исм, сифат, шумора чрнишин, феъл, зарф, пешоянду пасоянд, пайвандакҳо, ҳиссачаҳо, нидо. Ҳамаи ин ҳиссаҳои нутқ дар асоси маъно ва вазифаашон ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд: Ҳиссаҳои мустақили нутқ Ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқ Исм, сифат шумора, чонишин, феъл, зарф ҳиссаҳои мустақили нутқ буда, пешоянду пасоянд, пайвандакҳо ва ҳиссачаҳо ҳиссаҳои ёридихандаи нутқ мебошанд. Яке аз воҳидҳои асосии морфологӣ исм ва сохти он мебошад. Хонандагони синфи 4 аллакай дар бораи исм (дар синфҳои 2ва3 ) маълумоти аниқ доранд, вале дар синфи 4 хонандагон бояд дар бораи маънои грамматикӣ, аломатҳои морфологӣ ва вазифаи синтаксисии исм маълумоти пурра ҳосил намуданашон шарт ва зарур аст. Бинобар ин мавзўҳое, ки аз морфология дар охири соли хониш такрор карда мешавад, муаллим ба он муваффақ шуданаш лозим аст, ки хонандагонаш дар бораи ҳиссаҳои нутқ чӣ тавр тасаввурот доранд ва мавзўъҳои гузаштаро то чӣ андоза аз худ кардаанд. Барои санҷидани дониш ва малакаи хонандагон бо саволҳои гуногун хусусияти муаммовӣ доштани дониши хонандагон санҷида мешавад. Яке аз ҳамин гуна саволҳо: Аз калимаю таркибҳои зерин исмҳое созед, ки онҳо сифат, касб ва дигар хусусияти шахсро ифода кунанд. Дар болои исмҳои сохтаатон саволҳояшро нависед. Хонандагон аз рўи дониши гирифтаашон ба саволи болоӣ чунин калимаҳоро сохтаанд: душвор – душворфаҳм, бузург –бузургмеҳр, аъло –аълохон, меҳнат кашидан - меҳнаткаш, кор кардан – коргар, китоб хондан – китобхон, қади баланд – қадбаланд, сари кор –саркор. Ба саволҳои зерин ҷавоб нависед. Дар зери исмҳо хат кашед ва сохти онҳоро гўед. Download 126.5 Kb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling