Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон донишкадаи давлатии омӯзгорони чирчиқи вилояти тошканд кори мустақилона


Имлои садонокҳо[вироиш | вироиши манбаъ]


Download 220.87 Kb.
bet6/9
Sana22.03.2023
Hajmi220.87 Kb.
#1287070
1   2   3   4   5   6   7   8   9
Bog'liq
Усули таълими морфология Таълими таркиби калима. Ёд додани овозхои нутқ

Имлои садонокҳо[вироиш | вироиши манбаъ]


2) Ҳарфҳои а, о, ӯ дар оғоз, байн ва анҷоми калима навишта мешаванд: абр, баҳор, замон, хона, дара; об, овоз, бол, бод, доро, тавоно; умед, усто, бузург, суруд, бозу, гесу, неру, абру ва ғайра.
Эзоҳ. Дар анҷоми калимаҳои решагии зерин бо риояи меъёри таърихӣ ӯ навишта мешавад: бону, зону, неку, паҳлу, олу, орзу, дору, оҳу, аду ва ғайра. 3) Ҳарфи и дар оғоз ва байни калима навишта мешавад: истгоҳ, иншо, дил, нигоҳ ва ғайра.
4) Ҳарфи и дар анҷоми калима дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

  • а) ҳамчун изофат: кишвари сарсабз, шаҳрванди Тоҷикистон, сари кӯҳи баланд ва ғайра;

  • б) дар пешояндҳои барои, баъди, дар бораи, бо мақсади ва ғайра;

  • в) дар пайвандакҳои ки, чи, чунки, агарчи, ё ин ки, ба сабаби он ки ва ғайра;

  • г) дар исмҳои хоси иқтибосӣ: Леонардо да Винчи, Ганди, Паганини, Ибарури, Сочи, Тбилиси, Миссисипи ва ғ,.;

  • ғ) дар исмҳои ҷинси иқтибосии такси, туфли ва ғайра.

5) Ҳарфи ӯ (у-и дароз) дар байн ва анҷоми калима навишта мешавад: рӯз, гӯш, зӯр, дӯст, бӯ(й), рӯ(й), мӯ(й) ва ғайра. Ҳарфи ӯ маъмулан пеш аз ҳарфи й навишта мешавад.
Эзоҳ. Ҳарфи ӯ дар оғози калима дар иқтибосҳои туркӣ навишта мешавад: ӯгай, ӯрда, ӯғур, ӯмоч ва ғайра.
6) Ҳарфи ӣ дар анҷоми калима навишта мешавад:

  • а) дар калимаҳои решагии навъи моҳӣ, ҳавлӣ, шолӣ, биҳӣ, холӣ ва ғайра;

  • б) ҳамчун пасванди калимасоз: дӯстӣ, бародарӣ, далерӣ ва ғайра;

  • в) дар бандакҳои феълӣ ва хабарӣ: омадӣ, гуфтӣ, дилороӣ, ҳунармандӣ, ту ҳунарманд ҳастӣ ва ғайра;

  1. '

  • г) дар ҷонишинҳои саволии кӣ? ва чӣ?: кӣ омад?, чӣ шуд? ва ғайра.

7) Ҳарфи э тибқи қоидаи маъмул дар оғози як теъдод калимаҳои иқтибосӣ навишта мешавад: эҷод, эзоҳ, эҳсон, эҳтиром, эҳтимол, элак, эрка, эстрада, экватор, экспертиза, экскватор ва ғайра.

  • а) дар оғози чанд калимаи тоҷикӣ дар асоси имлои таърихӣ ҳарфи э навишта мешавад: Эрон, Эраҷ, эдун, эзид, эдар, эшон ва ғайра;

  • б) агар калима бо ҳарфи э оғоз шавад, ин навишт ҳангоми калимасозӣ низ риоя мешавад: тозаэҷод, соҳибэҳсон, боэҳтиром ва ғайра;

  • в) дар байн ва анҷоми калима ба ҷойи ҳарфи э ҳарфи е навишта мешавад: меҳр, себ, шанбе, се ва ғайра.[1]

Download 220.87 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling