ХАТТИ АВАСТОӢ Хатти авастоӣ дар асоси хатти паҳлавӣ барои сабти «Авесто» – китоби динии зардуштиён – ихтироъ гардидааст.
Источник: https://tj.allinweb.ru/mavzui/7857 Внимание! Права на публикацию материалов сайта находятся под охраной © allinweb.ru/
ХАТТИ АРАБИАСОСИ ФОРСӢ Хатти арабӣ дар асоси хатти оромӣ мустақиман ба вуҷуд наомадааст, балки аз рӯйи қабилаи набатиҳо (набатиҳо мисли арабҳо мардуми сомӣ буда, дар асри V -и пеш аз мелод аз Арабистон кӯчида ба Фаластин рафта, дар асри II -и пеш аз мелод давлати калоне ташкил додаанд) , ки аз оромӣ ба вуҷуд омадааст. Аз асри IV -и мелодӣ сар карда, бо ин хат матнҳои арабӣ низ таълиф ёфтаанд. Ҳамин тариқ, ислом ё худ дини ислом ягона ва хатту забони арабӣ забони расмии қаламрави хилофати араб қарор гирифт. Алифбои арабӣ аз 28 ҳарф иборат аст ва бо илова гардидани 4 ҳарфи забони форсӣ ( г, п, ч, ж ) алифбои он ба 32 адад расид ва бо номи алифбои арабиасоси форсӣ ёд шуда, то соли 1929 дар истифода қарор дошт.
ХАТТИ КИРИЛЛИАСОСИ ТОҶИКӢ Ин хат аз тарафи бародарон Кирилл (826-869) ва Медофий (820- 885) ихтироъ шудааст.2 Хат дорои 33 аломат буда, бо иловаи шаш ҳарфи дигари тоҷикӣ (ӣ, ғ, қ, ӯ, ҳ, ҷ) шумораи онҳо ба 39 адад расид. Имлои забони тоҷикӣ соли 1998 таҳрир шуд. Ҳарфҳое, ки барои забони мо бегона буданд (ц, щ, ы, ь), аз алифбои забони тоҷикӣ хориҷ гаштанд ва шумораи ҳарфҳо ба 35 адад фуромад. Ин алифбо то имрӯз дар истифода аст ва мо аз рӯйи он кор бурда истодаем.
ИМЛОИ БАЪЗЕ САДОНОКҲО Пеш аз ҳама, қайд кардан зарур аст, ки мо дар забони тоҷикӣ ду адад ҳарфи «и» дорем, яъне «и» ва «ӣ» ва ҳар кадоми онҳо вазифаи худро доранд. Овози «и» дорои чунин вазифаҳост: калимаҳоро ба ҳамдигар алоқаманд менамояд: Рахши Рустам, амири Бухоро, вазири маориф, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ятими кулл, захми забон, тухми анқо, себи ширин; дар охири калимаҳо омада зада қабул карда кашида талаффуз мегардад ва «ӣ» навишта мешавад: садафӣ, омӯзгорӣ, муаррифӣ, саводнокӣ, ғуломӣ, бараҳнагӣ, кӯдакӣ, қишлоқӣ, субҳхезӣ, кашмакашӣ, саҳнаороӣ, ҷамъиятӣ, қонунӣ, аксбардарӣ, шеърхонӣ, хушгуфторӣ, Саъдӣ, Муҳаммадӣ, Биноӣ, Ҳилолӣ, Фирдавсӣ, Хоқонӣ, Ҷувайнӣ, Саноӣ, Ҷомӣ, Сомонӣ, Раббонӣ, Сипеҳрӣ ва ғ. агар чун бандаки феълӣ ва хабарӣ кор фармуда шавад, он гоҳ «ӣ» истифода мегардад: ту шунидӣ, ту озмудӣ; ту тақозо доштӣ; ту гуфтӣ, ту озмудӣ, ту рафтӣ, ту нишастӣ ва ғ. дар назму насри классикӣ чун пешванди ме- истифода гаштааст: рафтамӣ, гуфтамӣ, дидамӣ, шунидамӣ, омадамӣ ва ҳоказо: Рафтамӣ гаҳ-гаҳе ба дарёбор, Судҳо дидамӣ дар он бисёр. Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ, Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ. Мардӣ набувад фитодаро пой задан, Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Аммо бояд дар хотир дошта бошем, ки дар баъзе мавридҳо дар охири калимаҳо зада намегирад, вале ӣ навишта мешавад: Гар бар сари нафси худ амирӣ, мАрдӣ, Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мАрдӣ. Мардӣ набувад фитодаро пой задан, Гар дасти фитодае бигирӣ, мАрдӣ.
Do'stlaringiz bilan baham: |