Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Download 0.93 Mb.
bet79/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   ...   75   76   77   78   79   80   81   82   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

2.Оқибатҳои нашъамандӣ
Оқибатҳои нашъамандӣ се хел мешавад: биологӣ, иҷтимоӣ-педагогӣ ва ҷиноӣ.
Ба оқибати биологӣ: паст шудани ҳолати фаъоли кам шудани захираи қувваи инсон, кам шудани эҳтиёҷи биологӣ (хӯрок, хоб), кам гардидани зиддиятнишондиҳӣ (иммунитет), барбод шудани организми инсон дохил мешавад.
Ба оқибати иҷтимоӣ-педагогӣ деградацияи ахлоқии бачагон медарояд. Пас аз қабули нашъа шавқу завқи дигари бачагон барҳам мехӯрад. Бача дар оянда аз паи ба даст овардани он мешавад. Алоқаи фоиданоки иҷтимоӣ бо ҷамъият канда мешавад, наркоман аз дӯстонаш ҷудо мешавад, хондан, меҳнат карданро намехоҳад.
Оқибатҳои ҷиноии нашъамандӣ бо оқибатҳои биологӣ ва иҷтимоӣ-педагогӣ вобаста мебошад. Нашъаманд барио қонеъ намудани эҳтиёҷи худ хондан ва меҳнат карданро мепартояд. Чунки вақти вай фақат ба кофтану ёфтани нашъа сарф мешавад. Азбаски чунин моддаҳо қимат мебошанд, зарур мешавад, ки наркоман бо роҳҳои гуногуни ғайриқонунӣ маблағ ёбад (дуздӣ). Дар ҳолати наёфтан ипул наркоман ба қотилӣ ҳам тайёр мешавад.
Аниқ намудани ҷавононе, ки моддаи нашъамандӣ қабул мекунанд, мушкилиҳо дорад. Бо ин масъала бештар ходимони хизмати тиббӣ - наркотикӣ машғул мешаванд. Вазифаи педагоги иҷтимоӣ бошад, асосан корҳои профилактикӣ ҳисоб меёбанд.
3.Тарбияи зидди наркомания
Дар бобати тарбияи зидди наркомания дар хориҷа усулҳо ва методҳои нав истифода бурда мешавад. Педагоги иҷтимоӣ бояд оиди ин масъала дар мактаб дастури тарбиявиро тартиб диҳад. Дар дастуру сӯҳбату маърӯзаҳои омӯзгорони забон, адабиёт, таърих асосҳои давлат ва ҳуқуқ, кимё, биология дар ҷараёни дарс доир ба зарар ва оқибатҳои бади наркомания сӯҳбатҳо мегузаронанд, диктант ва иншо менависанд, дар лаборатория таҷрибаҳо мегузаронанд.
Дар ҷараёни дарсҳои гуногун дар бораи зарари нашъамандӣ навиштани кори мустақилона, рефератҳо аҳамияти калон дорад.


САВОЛҲО:
1. Мафҳуми “нашъамандӣ”-ро фаҳмонед.
2. Сабаб ва оқибатҳои нашъамандӣ дар байни наврасу ҷавононро шарҳ диҳед.
3. Вазифаи педагоги иҷтимоӣ доир ба барҳам додани нашъамандӣ аз чӣ иборат?
АДАБИЁТ:
1.Қарори Президенти Республикаи Ӯзбекистон: “Дар бораи чораҳои
иловагӣ бобати баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълими олӣ ва таъмин кардани иштироки фаъолонаи онҳо дар ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар мамлакат тадбиқ мешаванд”. Ш.Мирзиёев. Тошканд. 5 уми июни соли 2018.
2.Мирзиёев Ш.М. Муроҷиатнома. Тошкент. 27 декабр, соли 2017. № 96, 97.саҳ.2
3.Ӯзбекистон Республикасининг “Таълим тўғрисида”ги қонуни. //Баркамол авлод – Ўзбекистон тараққиётининг пойдевори. –Тошкент; “Шарқ”, 1997, 20-29 бетлар.
4. Антологияи педагогии Ӯзбекистон. Тартибдиҳандагон К.Ҳоши­мов, С.Очил. - Т. Ӯқитувчи, 1995.
5. Бочарова В.Г. Социальная педагогика, М, 1994.
6. Лихачев Б.Т. Введение в теорию и историю воспитательных ценностей. ______________ 1997.
7. Куронов М. Миллий тавсия. Т. Маънавият, 2002.
8. Мудрин А. Социальная педагогика. - М. 2003.
9.Очилов М., Очилова Н. Ўқитувчи одоби. //Сайланма. – Т.: Ўқитувчи, 1997. – 118 б.
10. Султонова Г.А. Педагогик маҳорат. – Т.:Низомий номли ТДПУ, 2005.- 149 б.
11. Социальная педагогика (под пер. М.А.Галагузовий. - М, 2003.
12.Тарбиявий иш методикаси. //Педагогика институтлари учун ўқув қўлланма (Л. И. Рувинский таҳрири остида). – Т.: “Ўқитувчи”, 1991. – 376 б.
13.Толипов Ў., Усмонбоева М. Педагогик технология: назария ва
амалиёт.- Т.: Фан, 2005.- 206 б.
14. Ҳасанбоева О. ва дигарон. Таърихи педагогика. Т. Ӯқитувчи, 2001.
15. Ҳошимов К. ва дигарон. Педагогика. Ӯқитувчи, 1996.
16. Ҳошимов К. Назария ва методикаи таълиму тарбия дар гурӯҳҳои рӯзи корашон бардавом. - Т., Шарқ, 2007.
17. К.Ҳасанова, Б.Ҷумъаев. Анталогияи педагогӣ. Т., 2009.
18. К.Ҳасанова. Таърихи педагогика. Т., 2006.



Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   75   76   77   78   79   80   81   82   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling