Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Мавзӯи 21. Нашъамандӣ – ҳамчун як шахси хулқи девиантии бачагон


Download 0.93 Mb.
bet78/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   ...   74   75   76   77   78   79   80   81   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

Мавзӯи 21. Нашъамандӣ – ҳамчун як шахси хулқи девиантии бачагон
Нақша:
1.Мафҳуми «нашъамандӣ»
2.Оқибатҳои нашъамандӣ
3.Тарбияи зидди наркомания


Ибораҳои такягоҳ: мафҳуми «нашъамандӣ», қабули моддаҳои нашъамандӣ, ду хели истеъмоли моддаҳои нашъа­мандӣ, нашъамандии наврасон ва ҷавонон, роҳҳои гуногуни ғайриқонунӣ, намудҳои нашъамандӣ, девианти иҷтимоӣ, оқибатҳои нашъамандӣ.


1.Мафҳуми «нашъамандӣ».
Мафҳуми нашъамандӣ. “Нашъамандӣ” иштиёқ ба моддаҳое, ки ҳолати эйфория (мадҳушӣ)-ро ба вуҷуд меоварад, мефаҳмем. Ин чунин ҳолат аст, ки ба аҳволи аҳолӣ мувофиқ набуда, кайфиятро баланд мекунад. Қабули моддаҳои нашъамандӣ на танҳо ба шахс, балки ба ҷамъият ҳам зарари калон мерасонад.
Дар соҳаи тиббиёти иҷтимоӣ ду хели истеъмоли моддаҳои нашъа­мандӣ мавҷуд аст:
1) Истеъмоли моддаҳои нашъамандиро бо ихтиёри худ кардан;
2) барои ин кор имконият надоштани шахс. Пай дар пай қабул кардани моддаҳои нашъамандӣ ба девианти иҷтимоӣ оварда мерасонад.
Яке аз намудҳои нашъамандӣ таксикомания ҳисоб меёбад. Дар таксикомания ба ҷои моддаи нашъа бензин, карасин, ранг барин ашёҳои кимёвӣ бӯй карда мешавад.
Таксокоманҳо, одатан бачаҳои 13-14 сола буда, онҳо заҳролудшавии организмашон дуруст дарк намекунанд.
Нашъамандӣ дар вақти ҳозира бо сабабҳои зерин муаммои ҷиддӣ ҳисоб меёбад:
1) ба таври оммавӣ зиёд шудани нашъаманд дар байни наврасон;
2) васеъ паҳн шудани моддаҳои наркотикӣ нархаш қимат ва пурзӯр таъсиркунанда;
3) мавқеи бачагон ва наврасони нашъамандро омӯхтан.
Дар вақти ҳозира дар байни наврасони нашъаманд на танҳо фарзандони оилаҳои нохуш, балки бачаҳои оилаҳои бадавлат ҳам ҳастанд.
Агарчанде ки имрӯз нархи моддаҳои нашъамандӣ баланд бошад ҳам, кокоин, героин, “экстази” барин таблеткаҳоро истеъмол кардан хавфи калон ба вуҷуд оварда истодааст.
Одамон моддаҳои нашъамандиро дар чунин ҳолатҳо истеъмол мекунанд:
а) омилҳои биологӣ: беморӣ, дар натиҷаи ниҳоят мондашавӣ;
б) бо мақсади мадҳуш шудан, худро намоиш додан, вайрон шудани рӯҳият;
в) омилҳои иҷтимоӣ: гурӯҳи ҳамсолон, таъсири моддӣ;
г) таъсири иҷтимоӣ-маданӣ, баъзе ҷавонон моддаи нашъаро талаби ҳаёт гуфта фикр мекунанд.
Оид ба муаммоҳои нашъамандии наврасон ва ҷавонон бисёр олимон тадқиқотҳо бурда истодаанд. Олимон исбот кардаанд, ки сабабҳои пайдошавии нашъамандӣ гуногун аст, вале оқибати он якта, ба ҷамият зарар расонидан!

Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   74   75   76   77   78   79   80   81   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling