Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Download 0.93 Mb.
bet74/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   ...   70   71   72   73   74   75   76   77   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

Ибораҳои такягоҳ: майхӯрии одамон, муаммоҳои иҷтимоӣ – педагогӣ, мафҳуми майнӯшӣ, мувофиқшавии бачагон ба нӯшидан, ташаккули хусу­сиятҳои бачагона, пурмазмун гузаронидани вақти холӣ, давраҳои мураккаби ҳаёти инсон, одатҳои неки инсонӣ.


1.Пайдоиши иллати истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ
Майхӯрии одамон ва дар байни наврасон паҳн шудани ин иллат яке аз муаммоҳои ҷиддии иҷтимоӣ-педагогӣ ҳисоб меёбад. Мафҳуми майнӯшӣ (майхӯрӣ) ду навъ талқин карда мешавад. Аз нуқтаи назари тиббӣ майхӯрӣ (алкоголизм) бемориест, ки бо эҳтиёҷи паёпай нӯши­дани арақ (вино, оби ҷав, мусаллас ва ғ.) вобас­­та мебошад. Аз нуқтаи назари иҷтимоӣ-педагогӣ майнӯшӣ руҷӯъ намудан ба нӯшидани нӯшокиҳои спиртдор буда, ба хулқу атвори девиантӣ дохил мешавад.
Ҷамъияти инсонӣ ҳамеша бо май ва майхӯрӣ мубориза мебарад. Дар дини ислом май ҳаром (ҳамр) эълон карда шудааст. Аммо дар адабиёти классикӣ баъзан бо шеъру ғазалҳое, ки майхӯриро тарғиб мекунанд, дучор мешавад.
Аммо фикру ақидаҳои шоирони бузурги мо устод Рӯдакӣ, Умари Хайём, Ҳофизу Алишер Навоӣ фикрҳои хоси риндӣ буда, мазмуни дӯст доштани ҳаёти реалӣ, дар зиндагӣ хурсанд буданро дорад.
Дар бораи оқибат ва зарари майхӯрӣ бисёр фикрҳои наҷиби шоирони мо мавҷуданд. Чанд мисол:
Шароб аз паи сурхрӯй хӯранд,
В-аз он оқибат зардрӯй баранд.
Саъдӣ.
Марди оқилсазад, ки май нахӯрад,
То ба охир фиреби вай нахӯрад.
Биноӣ.
Хору хасро мешинонад шӯъла дар хоки сиёҳ,
Оқибат аҳли ҳавасро мекунад расво шароб.
Бедил.
Шиша ба мастӣ мебарад,
Мастӣ ба пастӣ мебарад.
Халқӣ.
Намоён шудани омилҳои иҷтимоӣ-педагогии майхӯрӣ як хел нест. Дар он омилҳои микромуҳит ва шахсӣ вуҷуд доранд. Омилҳои шахсиро хусусиятҳои шахси алоҳида мебошад. Ба омилҳои макромуҳит одамони гирду атроф, муҳити оила ва ғайраҳо дохил мешаванд.
Омилҳои иҷтимоӣ-педагогиро шартан ба ду хел ҷудо кардан мумкин аст. Онҳо яклухт ва алоҳида мешаванд.
2.Хусусиятҳои ба худ хоси майнӯшии бачагон
Хусусиятҳои ба худ хоси майнӯшии бачагон аз инҳо иборат аст:
- зуд мувофиқшавӣ ба нӯшидан;
- зуд ривоҷёбии майхӯрӣ;
- самаранокии давоёбӣ;
- зуд вайроншавии организм.
Мувофиқшавии бачагон ба нӯшидан дар 3 давр рух медиҳад - даври нахустин, томактабӣ, мактабӣ ва даври наврасӣ.
Давраи нахустин. Ин давра ба таъсири беихтиёрии алкогол­шавии бачагона соҳиб аст. Ин ҳолат бо якчанд сабабҳо рӯй медиҳад: дар давраи ҳомила ва макконидани кӯдак нӯшидани модар. Дар ҳолати мастӣ ҳомиладор шудан. Заҳролудшавии ҳомила дар ҷараёни босуръат ривоҷёбии организм инкишоф наёфтани аъзоҳо, нуқсонҳои ҷинсӣ ва хурдии ҷисми кӯдак барин ҳодисаҳои ногуворро ба вуҷуд меоварад.
Ҳомила дар назди алкогол оҷиз буда, он ба ворид шудани алкогол ба майиб зиддият нишон дода наметавонад ва дар натиҷа аҳли кӯдак норасо мешавад.
Сабаб ва оқибатҳои майхӯрии бачагон

Синну сол

Сабабҳо

Оқибатҳо

Давраи аввали бачагӣ
(0-3 сола)

Майнӯшии даври ҳо­ми­ла, дар 3-моҳагии кӯ­дак нӯшидани модар, нӯшидан дар вақти макконидан

Нашунидан, заифақлӣ, аномалияи ривоҷии ақлӣ, ҷисмонӣ

Синни томактабӣ ва
мактабӣ (3-9 солагӣ)

Бесаводии иҷтимоӣ-педагогии падару мо­дарон, анъанаи май­нӯшии оилавӣ

Заҳролудшавии алкоголии органҳо, паст ривоҷёбии ақлӣ ва ҷисмонӣ

Наврасӣ ва аввали
ҷавонӣ (9-18 сола)

Ҳолати ногувори оила, худнамоишдиҳӣ, бесаводии маданӣ-иҷтимоӣ.

Ташаккули майл ба нӯшидан, ҳуқуқвайронкунӣ, мастӣ, безоригӣ ва д.

Даври дуюм - синни хурди мактабӣ. Ин ҳолат дар натиҷаи бесаводии иҷтимоӣ-педагогии падару модарон ва мавҷуд будани анъанаҳои майнӯшӣ дар оила рух медиҳад.



Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   70   71   72   73   74   75   76   77   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling