Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Корҳои тарбиявӣ бо бачагони дорои хулқу атвори девиантӣ


Download 0.93 Mb.
bet72/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   ...   68   69   70   71   72   73   74   75   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

3.Корҳои тарбиявӣ бо бачагони дорои хулқу атвори девиантӣ
Профилактикаи хулқу атвори девиантии наврасон. Кор бо бачагони дрои хулқи девиант талаб мекунад, ки педагог роҳ ва усулҳои нав ба нави тарбиявиро ҷустуҷӯ карда ёбад. Дар ин бобат ду навъ технология ҳаст: профилактикӣ ва реабилитатсионӣ.
Технологияи профилактикӣ чунин мақсад дорад, ки педагог сабабҳо ва омилҳои ба вуҷуд оварии хулқу атвори девиантиро ёфта, барои бартараф кардани он кӯшиш менамояд.
Дар ин бобат педагог ба чунин қоидаҳо такя мекунад:
1. Маълум аст, ки азхуд намудани нормаҳои иҷтимоӣ-маданӣ дар ҷараёни иҷтимоишавии шахс ба амал меояд. Қадриятҳо, ғояҳои ҷамъиятро азхуд накарда инсон аъзои ҳақиқии он ҷамъият шуда наметавонад.
2. Зиддиятҳои нормаи маданӣ натиҷаи беназорат мондани наврасон буда, он на танҳо аломати ғайримеъёрии ривоҷёбии бачагон, балки ҳамчун барҳам ёфтани сифатҳои иҷтимоӣ мебошад.
3. Профилактикаи беназоратии бачагон аз шароитҳои зисти онҳо омада баромаданаш лозим.
4. Бачагон ҳамчун субъект, субъекти иҷтимоӣ мебошанд.


4.Мафҳуми “профилактика” ва бартариҳои он
Мафҳуми “профилактика” маънои бартараф намудани оқибатҳои нохуши тарбияи бачагонро дорад.
Чораҳои профилактикӣ якчанд хелҳо дорад:
- нейтраликунонӣ;
- ҷояшро пуркунанда;
- огоҳонидани ба вуҷуд оварандаи ҳолатҳои ногувори ахлоқи бачагон;
- назорат кардани корҳои профилактикӣ.
Равишҳои фаъолияти педагоги иҷтимоӣ оиди корҳои профилактикӣ:
- равиши информатсионӣ (ахборотӣ) - бачагонро бо ҳуқуқҳо, қоидаҳои ахлоқу одоб хабардор намудан;
- равиши иҷтимоии профилактикӣ. Ба ин муайян кардани ҳодисаҳои бад, онҳоро бартараф намудан. Бо ин мақсад муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва педагоги иҷтимоӣ чораю тадбирҳои гуногунро ба амал мебарорад;
- равиши тиббӣ-биологӣ. Пешгирии ҳолатҳои руҳии наврасон ба воситаи чораҳои гуногуни тиббӣ-иҷтимоӣ;
- равиши иҷтимоӣ-педагогӣ барқарор


САВОЛҲО:
1.Маълумот дар бораи хелҳои девиатсия?
2. Оиди мафҳуми «афтида» маълумот диҳед.
3. Сабабҳои пайдоиши хулқу атвори девиантии наврасон.
4. Корҳои тарбиявӣ бо бачагони дорои хулқу атвори девиантӣ.
5. Маънои мафҳуми «профилактика».

Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   68   69   70   71   72   73   74   75   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling