Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Download 0.93 Mb.
bet68/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   ...   64   65   66   67   68   69   70   71   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

3. Мафҳуми “нуқсон” ва намудҳои он
Ба нуқсонҳои ҷисмонӣ он камбудиҳое, ки ба фаъолияти органи инсон доимӣ ё муваққатӣ халал мерасонанд, дохил мешаванд.
Ба нуқсонҳои рӯҳӣ камбудиҳои доимӣ ва ё муваққатӣ, ки ба ривоҷи рӯҳӣ халал мерасонанд, дохил мешавад.
Нуқсони мураккаб камбудиҳои ҷисмонӣ ва рӯҳиро дар худ таҷассум менамояд.
Нуқсони вазнин он камбудиҳое, ки ба таълимгирӣ имконият намедиҳанд.
Ба лағжишҳои ривоҷи ҷисмонии бачагон вайроншавии қобилият­ҳои дидан, шунидан медарояд. Лағжишҳои рӯҳӣ бошанд, бо нуқсонҳои ривоҷёбии ақлӣ вобастаанд. Ба нуқсонҳои рӯҳӣ вайроншавии нутқи бачагон ҳам дохил мешаванд. Боз як лағжиши рӯҳӣ вайроншавии фаъолияти соҳаи эмотсионалӣ-иродавӣ аст. Намуди вазнинтарини ин лағжиш аутизм (нокот: аут - худам) мебошад, ин гуна кас ба мулоқот эҳтиёҷ ҳис намекунад ва худкушӣ мекунад.
Иқтидорнокии бачагон як хели алоҳидаи лағжиш ҳисоб меёбад. Дар ин лағжиш қобилият муваффақиятнок иҷро намудани ягон фаъо­лиятро таъмин мекунад.
Мафҳуми лағжишҳои педагогӣ дар педагогикаи иҷтимоӣ васеъ истифода бурда мешавад. Дар педагогика инчунин дар вақти фаъолияти педагогӣ сухан рондан барои фароҳам овардани шароитҳои ривоҷёбии шахс меъёрҳои гуногун истифода бурда мешавад.
Дар ҳаёт чунин бачагоне ҳам ҳастанд, ки умуман намехонанд, ба мактаб нарафтаанд. Ин ҳодиса бо сабабҳои гуногун рӯй додааст. Инро лағжиши педагогӣ гуфта ном мебарем.
Дар педагогикаи иҷтимоӣ лағжишҳои иҷтимоӣ ҳам кор фармуда мешаванд. Ин мафҳум бо “меъёри иҷтимоӣ” вобаста мебошад. меъёри иҷтимоӣ модели хулқу атвор, муносибатҳои иҷтимоӣ ва фаъолияти инсон мебошад.
4.Хусусияти ба худ хоси меъёри иҷтимоии бачагон
Хусусияти ба худ хоси меъёри иҷтимоии бачагон тарбия ёфтан ҳисоб ёфта, дар ҷараёни тарбия бачагон меъёри иҷтимоиро азхуд карда, ба муҳити иҷтимоӣ ворид мешаванд.
Дар адабиётҳои соҳаи педагогика, психология ва сотсиология масъ­ала­ҳои кор бо наврасоне, ки хулқу атвори девиантӣ доранд, васеъ акс ёфтааст. Дар Ӯзбекистон барои ин гуна бачагон хизматрасонӣ таш­кил карда шудааст. Бачагоне, ки чнин рафторҳо содир намудаанд ва син­нашон ба 11 сола расидаанд, бо хулосаи комиссияи тиббӣ - психо­ло­гии суд ба мактаб ё омӯзишгоҳҳои касбии махсус фиристода мешаванд.
Намудҳои аз меъёр баромадани бачагон, ки аз тарафи М.А.Глаузова нишон дода шудааст:


Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   64   65   66   67   68   69   70   71   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling