Мавзӯи 18. Мафҳумҳои лағжидан ва девиатсия – ҳамчун муаммои иҷтимоӣ – педагогӣ
Нақша:
1.Мафҳумҳои “меъёр” ва “аз меъёр лағжидан” дар педагогикаи иҷтимоӣ
2.Хелҳои лағжиш
3. Мафҳуми “нуқсон” ва намудҳои он
4.Хусусияти ба худ хоси меъёри иҷтимоии бачагон
Ибораҳои такягоҳ: одамони ба эътибор мӯҳтоҷ, дорои лағжишҳои гуногун, мафҳумҳои “меъёр” ва “аз меъёр баромадан”, тавсифи хулқу атвор ва ривоҷёбии бачагон, лағжиши ҷисмонӣ, бесифатии оби нӯшокӣ, иқтидорнокии бачагон, мафҳуми лағжишҳои педагогӣ, мафҳуми “меъёри иҷтимоӣ”.
1.Мафҳумҳои “меъёр” ва “аз меъёр лағжидан” дар педагогикаи иҷтимоӣ
Мафҳумҳои “меъёр” ва “аз меъёр лағжидан” дар педагогикаи иҷтимоӣ. Дар ҳар як ҷамъият, қатъӣ назар аз он, ки дар кадом дараҷаи тараққиёт аст, одамони ба эътибор мӯҳтоҷ ҳастанд. Инҳо аз ҷиҳати ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва иҷтимоӣ аз ривоҷёбӣ берун мондаанд. Ба ин гурӯҳ одамон ҷамъият ва давлат муносибати алоҳида зоҳир мекунанд.
Дар вақти ҳозира дар давлатҳои ИМА ва Аврупо концептсияи интеграционии одамони дорои лағжишҳои гуногун ба амал бароварда мешавад. Мувофиқи ин консепсия чунин одамон аъзоёни баробарҳуқуқи ҷамъият дониста мешаванд, аммо баъди имкониятҳои маҳдуд дошта ҳисоб карда мешаванд.
Аз боиси афзун гардидани шумораи одамони имконияташон маҳдуд дар тамоми дунё, аз ҷумла дар Ӯзбекистон ин муаммо ранги ҷиддӣ гирифтааст. Бинобарин ба муаммои мазкур, махсусан ба муносибат бо бачагони дорои имконияташон маҳдуд диққати калон додан лозим аст.
Дар тиб психология, сотсиология нишондиҳанда ва дараҷаҳои хоссаи “меъёр” мавҷуд аст.
Ҷиҳатҳои ба меъёр рост наояндаро “лағжиш”, “аз меъёр баромадан” меноманд.
Дар педагогикаи иҷтимоӣ мафҳумҳои “меъёр” ва “аз меъёр баромадан” (лағжиш) басо аҳамиятнок аст. Онҳо барои тавсифи хулқу атвор ва ривоҷёбии бачагон истифода бурда мешаванд.
Лағжиш ҳам мусбӣ ва ҳам манфӣ шуданаш мумкин аст. Масалан, дар ривоҷёбии бача қафомонии ақлӣ ҳам, ниҳоят қобилиятнокӣ ҳам аз меъёр баромадан (лағжидан) ҳисоб карда мешавад. Хусусиятҳои дар хулқу атвор мавҷудаи ароқхӯрӣ, ҷинояткорӣ, нашъамандӣ ба ривоҷи шахс ва пешрафти ҷамъият таъсири манфӣ мерасонанд.
2.Хелҳои лағжиш
Хелҳои лағжиш. Аз меъёр баромаданро шартан ба чор гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: ҷисмонӣ, рӯҳӣ, педагогӣ, иҷтимоӣ.
Лағжиши ҷисмонӣ бо саломатии инсон вобаста аст. Аз меъёр баромадани ҷисмонӣ дар асоси омилҳои ирсӣ, ё ягон ҳолатҳои берунӣ вазъияти экологӣ, бесифатии оби нӯшокӣ, пастии дараҷаи зиндагӣ ва ғайраҳо рӯй медиҳад. Ташкилоти умумиҷаҳони нигаҳдории тандурустӣ соли 1980 се хели имконияташон маҳдуди варианти британиро қабул карда буд:
1) беморӣ, хастагӣ - гум шудан ё аномалияи функсияҳои рӯҳӣ ёки физиологӣ;
2) имконияти маҳдуд - гум кардан ёки маҳдуд будани ягон қобилияти инсон;
3) ногиронӣ, аз омилҳои ҷинсӣ ёки иҷтимоӣ омада баромада ба иҷрои ягон фаъолияти инсон садди роҳ мешавад.
Дар давлатҳои Ғарб мафҳуми “шахси имконияташ маҳдуд” мавҷуд аст. Ба ин гурӯҳ бачагоне дохил мешаванд, ки саргузаштҳои нохуши ҷисмонӣ ё рӯҳӣ доранд. Инчунин мафҳуми “нуқсон” ҳам мавҷуд буда, ба навъҳои рӯҳӣ, ҷисмонӣ, мураккаб ва вазнин ҷудо мешаванд.
Do'stlaringiz bilan baham: |