Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Хусусиятҳои тарбия дар хонаи кӯдакон


Download 0.93 Mb.
bet63/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   ...   59   60   61   62   63   64   65   66   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

4.Хусусиятҳои тарбия дар хонаи кӯдакон
Кори тарбия дар хонаи кӯдакон вазифаи муҳим ҳисоб меёбад. Муассисаҳои тарбиявӣ-тандурустӣ барои бачагони бепадармонда бояд ҷои падару модарро гиранд, барои инкишофи онҳо шароитҳои заруриро фароҳам оваранд.
Дар вақти ҳозира базаи моддии хонаи кӯдакон хеле мустаҳкам шуда, корҳои тарбиявӣ беҳтар ба роҳ монда шуда истодааст. Яке аз шартҳои асосии тандурустӣ ва ривоҷдиҳии кӯдакон бо меҳру муҳаббат муносибат кардани тарбиячиён бо онҳо ҳисоб меёбад. Тарбиячии хонаи кӯдакон на танҳо соҳиби маълумоти тиббӣ ва педагогӣ бошад, балки инчунин хушахлоқ, маданиятнок, дӯстдори бачагон бошад.
Одатан ба хонаи кӯдакон он бачагонеро меоваранд, ки дар оилаҳои носиҳат камқувват шудаанд. Баъзеи онҳо мумкин аст, кас дер вақт дар шифохонаҳо табобат ёфтааст. Ба ин гуна кӯдакон алоҳида диққат додан лозим аст. Ӯарҷониба инкишоф додани кӯдакон дар шароити хонаи кӯдакон он қадар кори осон нест. вале ин вазифаи асосии ходимони ин даргоҳ аст.
Тарбиячӣ бояд таъсири манфии оилаҳои номақбулро то ҳадди имкон камтар намояд, ҳаёти тифлонро бо таассуротҳои мусбат бой гардонад.
Дар хонаи кӯдакон ба нигаҳдории тандурустии бачагон, хусусан нигаҳдории системаи асаб диққати калон дода мешавад. Бо ин мақсад нутқ, хотир, диққат, тафаккури кӯдаконро инкишоф додан лозим аст.
Ходимони хонаи кӯдакон бояд дар вақташ ба ҳаракатҳои эмоционалии кӯдакон ҷавоб диҳанд, чунки ин кор ба оқиб гузошта шавад, дар инкишофи бачагон муаммоҳо пайдо мешавад. Фаъолияти ҳаракат ва эмоционалии кӯдакон паст буда, ин одатҳои нохуш (ангуштро макидан, беҳуда сар ҷунбонидан)-ро ба вуҷуд меоварад.
Дар натиҷаи бо калонсолон кам муомила намудан дар ин гуна кӯдакон инкишофи нутқ қафо мемонад. Эътибор надодан ба ривоҷи системаи асаб дар солҳои аввали ҳаёт ба ташаккули системаи олии асаби кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад. Дар соли дуюми ҳаёт дар бачагон фаъолияти идрок суст мешавад. Кӯдак ҳаракатҳои бемақсад мекунад, аз одамҳои нав метарсад, ёки баръакс бо онҳо муносибат кардан мехоҳад. Ривоҷи нутқ ҳам қафо мемонад, одатҳои манфӣ ҳам нигоҳ дошта мешавад.
Дар соли сеюми ҳаёт дар кӯдакон нишонаҳои аввалини идроки мавҳум намоён мешавад. Кӯдак худро ҳамчун шахс аз дигарон ҷудо карда метавонад, нутқи вай ҳамчун воситаи алоқа хизмат мекунад. Дар ин кӯдакон ҳолатҳои асабишавӣ пурзӯр мешавад. Агар ягон чиз ба онҳо маъқул нашавад, ё хоҳишашонро рад кунад, гиря мекунанд, худро ба замин мепартоянд, нисбат ба дигарон муносибати агрессивӣ ҳам содир мекунанд. Инҳо натиҷаи муҳити онҳо мебошад.
Дар ин гуна ҳолатҳо педагоги иҷтимоӣ ва тарбиячӣ бояд ба ривоҷдиҳии фаъолияти олии асаби кӯдакон диққати алоҳида диҳад.



Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   59   60   61   62   63   64   65   66   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling