Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода
Сабабҳои пайдоиши хулқу атвори девиантии наврасон
Download 0.93 Mb.
|
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ
2.Сабабҳои пайдоиши хулқу атвори девиантии наврасон
Хулқу атвори аз меъёр берун баромада характери мураккаб дорад. Омилҳои асосии ба вуҷуд овардани чунин хулқу атворҳо инҳоянд: 1. Омилҳои биологӣ, ки дар организми бачагон (хусусиятҳои физиологӣ ёанатомӣ) мавҷуд мебошад. Ба инҳо: - хусусиятҳои ирсӣ; - вайрон шудани инкишофи ақлӣ, зарар ёфтани органҳои биноӣ, шунавоӣ; - хусусиятҳои психофизиологӣ, ки бо зӯрдании организм. Ҳолатҳои ниҳоӣ таркиби кимёвии обу ҳавои атроф, бо манбаи қувват вобаста будагӣ ҳолатҳо. 2. Омилҳои психологӣ. Ба инҳо дар бачагон мавҷуд будани психопатология дохил мешавад. Ин гуна аз меъёр баромаданҳо дар бемории асаб, психопатия, невростения ва ғайраҳо намоён мешавад. Дар ҳар як даврон инкишофи бачагон хислатҳои рӯҳии шахс ташаккул меёбад. Дар наврасон ду давраи инкишофи рӯҳӣ мавҷуд аст: ё аз муҳити иҷтимоӣ безор мешавад, ёки ба он одат мекунад. Агар дар оила бача меҳру муҳаббати падару модарро ҳис накунад, воситаи ҳимоякунии ӯ бегонашавӣ ба ҷо меоварад. Ин бегонашавӣ дар реакцияҳои асабӣ, вайрон шудани муносибатҳо бо одамони гирду атроф, дилхунукии эмотсионалӣ намоён мешавад. Хусусиятҳои ба наврасон хосбуда-рад кардан, муқобил баромадан оқибати муносибатҳои оилавӣ мебошад. 3.Омилҳои иҷтимоӣ-педагогӣ дар нуқсонҳои тарбияи оилавӣ, мактаб ва иҷтимоӣ намоён мешавад. Асосан онро ҳосил шудани таҷрибаҳои манфӣ хусусиятҳои синну сол, ҷинсӣ ва индивидуалӣ ташкил мекунад. Ин гуна бачагон дар мактаб бад мехонанд, вазифаҳои хонагиро иҷро намекунанд. Яке аз сабабҳои аз меъёр берун баромадани иҷтимоии бачагон оилаҳои нохуш ҳисоб меёбад. Муносибатҳои бади аъзоёни оила хулқу атвори ғайрииҷтимоиро ба вуҷуд меоварад. Хелҳои ин гуна муносибатҳо: - аз як тараф ба хоҳишҳои бачагон озодӣ додан, аз тарафи дигар бачагонро ба вазиятҳои низодор ҳамроҳ кардан, дар оила хатту ҳаракатҳои ба ҷамъият хос набуда; - беқарории таъсири тарбияи падару модар бо сабабҳои ҷудо зистан аз ҳамдигар; - муносибатҳои бо истеъмоли арақ, нашъа вобастагӣ дар оила. Муомилаҳои бешариатона (ҳақорат, задан)-и бачагон аз тарафи сардорони оила ё касони наздик ҳаракатҳои Қайрирасмиро ба вуҷуд меоварад. 4. Омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ - нобаробарии иҷтимоӣ, тақсими одамон ба бою камбағал, камбағалшавии қисми бисёри аҳолӣ, бекорӣ, беқурбии пул иборат аст. 5. Омилҳои ахлоқӣ аз як тараф дар дараҷаи пасти ахлоқии одамон, барҳам ёфтани қадриятҳои одамӣ намоён шуда, аз тарафи дигарон дигар дар бефарқ нигоҳ кардани аҳли ҷамъият ба хулқу атвори девиантӣ намоён мешавад. Download 0.93 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling