1. Ислоҳот дар системаи омӯзиш ва парвариш. Нақша
аз шунидан (ѐ хондан)-и иттилоот бояд онро ба хотир бисипорад, баъдан
Download 1.65 Mb. Pdf ko'rish
|
b3SoaSe2h3d4Bbvbk2WN7FGF5uxLmoDm9osz9vGV
аз шунидан (ѐ хондан)-и иттилоот бояд онро ба хотир бисипорад, баъдан
онро ба хотир биѐрад ва битавонад онро бозгӯӣ кунад. Фароянд ва натиҷаи ѐдгирӣ бо калима, истилоҳоте, ки муаллим бар забон меронад, ѐ китоби дарсӣ ва дигар матлабҳое, ки муаллим пешниҳод мекунад, маҳдуд мешавад. Хонандагон дониши худашонро ба таври гуногун бозпас медиҳанд: нақл, бозгӯӣ , нақли хаттӣ, иншо, корҳои санҷишӣ ва монанди он. Барномаҳои таълимӣ дар низоми мазкур матлабҳои таълимиро бо тартиби мушаххас, пайиҳам пешниҳод карда, барои ѐдгирии мавзӯъҳо замони муайянеро пешбинӣ мекунад. Дар асоси барномаҳои таълимӣ китоби дарсӣ таҳия карда мешавад. Омӯзгор дар асоси барнома ва китоби дарсӣ нақшаи тақвимӣ - мавзӯӣ таҳия карда, дар асоси он раванди таълими фанро ба роҳ мемонад. Дарс ҳам як сохтори ѐ чаҳорчӯби хос дорад. Фаолияти омӯзгор бо назардошти 45 дақиқаи дарс тақсим мешавад, ки бахшҳои пурсишу посух, арзѐбии дониши хонанда, баѐни мавзуъи нав ва ҳоказоро бояд дар ҳамин 45 дақиқа гунҷонад. 4 Ин як рӯйкарди сохторӣ аст . Мо асосан қоидҳоро ба донишомӯзон ѐд медиҳем ва мехоҳем аз забон ба дурустӣ истифода кунанд. Китобҳои дарси мо маъмулан ба ин сурат навишта мешаванд: қоида оварда шудааст ва сипас як чанд машқҳо. Муаллим мавзуъи наверо шурӯъ мекунад, қоидаҳоро тавзеҳ медиҳад, аз донишомӯз мехоҳад машқҳои китоби дарсиро анҷом диҳанд. Албатта мунсифона нест, ки бигӯем омӯзиши сохторӣ сирфан ба теория дар омӯзиш такя мекунад Муаллимон қоидаҳоро мегӯянд, онро бо мисол тақвият мекунанд ва тавзеҳ медиҳанд, ба донишомӯзон иҷоза медиҳанд аз рӯйи мисолҳои монанд машқ кунанд. Ин хуб аст, аммо масъала ин аст, ки ҳамаи фаъолияти донишомӯз бар асоси як қоидаи қолабӣ аст ва ҳамеша кӯшиш мекунад як “ҷавоби омода”-ро ба хотир биспорад. Ҳамин ҷо лозим аст як мисол аз зиндагии имрӯзи худамон биѐрем. Чандест коршиносон мехоҳанд ба як пурсиш посух ѐбанд: маъмулан афроде, ки дар мактаб баҳошон “ду ѐ се” будааст, нисбатан ба онҳое, ки бо баҳоҳои “хубу аъло” мактабро хатм кардаанд, аз назари вазъияти молӣ муваффақтар ҳастанд. Аксаран ин посух такрор мешавад, ки донишомӯзони, ба қавли маъруф, “пешқадам” бархилофи “бесаводон” ба “ҷавобҳои омода” одат кардаанд. Воқеан, дар зиндагии воқеӣ “ҷавобҳои омода” вуҷуд надорад ва маълум нест “имтиҳони баъди”-и зиндагиро кай месупоранд ва, аз ҳама муҳимтар, руйхати саволҳои имтиҳоноти зиндагӣ ҳам дар дасти касе нест. “Бесаводон” дил ба дарѐ мезананду натиҷаҳои дигареро ба даст мебиѐранд. Ба иборати дигар мактабҳои мо дар шакли ҳозирааш наметавонанд истеъдодҳоро кашф кунад. Чанд нафар ба унвони шогирдони пешқадам дар дарсҳо медурахшанд. Дигарон эҳсос мекунанд ѐ аз назар афтодаанд, ѐ таваҷҷуҳи дигаронро натавонистаанд ба худ ҷалб кунанд. Барои ҳамин руйкарди мо бояд ислоҳ шавад. Истеъдодҳоро ба 34 навъ тақсим кардаанд. Тадқиқотҳо нишон додааст, ки ҳар як инсон аз 34 навъ ҳадди ақал 5 тояшро дорад. Вазифаи мактаб ташхис додани истеъдодҳо ва кӯмак кардан ба шукуфоии бештари он аст. Дар яке аз дарсҳои худамон дар бораи равишҳои 5 истеъдодѐбии Дон Клефтон ва Ҷонсон О'Коннор бештар сӯҳбат мекунем. Вақте меъѐри баҳогузорӣ ѐ арзѐбии мо бозпас додани дониши додаи муаллим ба ѐрии қобилияти ҳофиза бошад, ин вазифаро на ҳамаи шогирдон метавонанд анҷом диҳанд. Алберт Эйнштейн ҳам гуфта буд: “ҳама нобиғаанд, аммо агар аз як моҳӣ таваққӯъ дошта бошед, ки аз як дарахт боло биравад, моҳии бечора тамоми умр фикр мекунад аҳмақ аст”. Солҳои охир дар бораи системаи таълимии Финландия зиѐд гуфта мешавад. Лозим ба зикр аст дар як видеоселектор, ки бо иштироки раисҷумҳур — Шавкат Мирзиѐев дар 30 октябри соли 2020 баргузор шуда буд, чанд вазифа таъин шуд: бояд мо таҷрибаҳои кишварҳои пешрафта дар омӯзиш, ба вижа хусусиятҳо ва дастовардҳои системаи омӯзишии Финляндияро омӯзем; роҳҳои беҳтар кардани сифати таълимро баррасӣ кунем; ҳаҷми кор ва теъдоди дарсҳоро бозбинӣ кунем. 6 Аз ҳама муҳимтар дар ин нишаст таъкид шуд, ки бояд барои эҷоди методологияе кор кунем, ки донишомӯзонро на танҳо ба ҳифз кардани Download 1.65 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling