1. Ислоҳот дар системаи омӯзиш ва парвариш. Нақша


Дар ибтидои асри ХХ “босавод” ба касе гуфта мешуд, ки ба забони


Download 1.65 Mb.
Pdf ko'rish
bet5/8
Sana23.12.2022
Hajmi1.65 Mb.
#1046375
1   2   3   4   5   6   7   8
Bog'liq
b3SoaSe2h3d4Bbvbk2WN7FGF5uxLmoDm9osz9vGV

Дар ибтидои асри ХХ “босавод” ба касе гуфта мешуд, ки ба забони 
модарии худаш хондан ва навиштанро ѐд гирифта бошад. Яъне тибқи 
таърифи аввалия, шахси босавод касе буд, ки хонда ва навишта метавонад. 
3
Жак Делор. Образование: сокрытое сокровище (Learning: The Treasure Within). 
https://ifap.ru/library/book201.pdf 


12 
Аммо дар охири асри ХХ, ин таърифро ЮНЕСКО тағйир дод. Тибқи 
таърифи нав, тавоноии истифода аз компютер ва омӯхтани як забони 
хориҷӣ ба тавоноии хондан ва навиштан ба забони модарӣ изофа шуд.
Бино бар ин таъриф, босавод ба афроде гуфта мешуд, ки тавоноии хондан ва 
навиштан, истифода аз компютер ва суҳбат ба як забони хориҷиро
доштанд. 
Дар даҳсолаи дуюми асри 21, ЮНЕСКО мафҳуми "саводро" ҳам барўз 
кард. Акнун таъриф “савод” ҳам дигаргун шуд. Созмони Милали 
Муттаҳид барои як шахси босавод меъѐрҳои нав муқаррар кардааст
Шохисҳои дувоздаҳгонаи нави СММ барои савод иборат аз инҳоянд: 
1. Саводи отифӣ: тавоноии эҷоди иртиботи отифӣ ( бо меҳру муҳаббат) 
бо хонавода ва дӯстон. 
2. Саводи иртиботӣ(коммуникативӣ): тавоноии эҷоди иртиботи муносиб 
бо дигарон ва донистани одоби иҷтимоӣ. 
3. Саводи молӣ (молиявӣ): тавоноии мудирияти молӣ (молиявӣ)-и 
хонавода, донистани равишҳои пасандоз ва мувозинати даромади молӣ ва 
харҷи он. 


13 
4. Саводи расонаӣ: тавоноии ташхиси муътабар ѐ номуътабар будани як 
расона. 
5. Саводи тарбиятӣ: тавоноии тарбияти дурусти фарзандон. 
6. Саводи компютерӣ: доштани тавоноии корбурди компютер. 


14 
7. Саводи саломатӣ: доштани иттилооти муҳим дар бораи ғизои солим ва 
пешгирӣ аз бемориҳо. 
8. Саводи нажодӣ ва қавмӣ: шинохти нажодҳо ва қавмиятҳо мутобиқи
эҳтироми мутақобил ва бидуни табъиз (дискриминация). 
9. Саводи экологӣ: донистани роҳҳои ҳифзи муҳити зист. 


15 
10. Саводи таҳлилӣ: тавоноии шинохт, арзѐбӣ ва таҳлили назарияҳои 
гуногун ва эҷоди далелҳои мантиқӣ бидуни таассуб ва пешфарз (тахмин).
11. Саводи энергетикӣ: тавоноии мудирияти масрафи энергия. 
12. Саводи илмӣ: илова бар саводи донишгоҳӣ, тавоноии баҳс ѐ ҳаллу 
фасли масъалаҳо бо роҳкорҳои илмӣ ва ақлонии муносиб. 


16 
Ҳоло бояд баррасӣ кунем, ки донишомӯзон бо чӣ салоҳиятҳое, ѐ 
маҳоратҳое бояд ба ҳаѐти мустақил қадам монанд. Салоҳиятҳоро мо ба 
салоҳиятҳои калидӣ (асосӣ ) ва илмӣ ҷудо мекунем.

Download 1.65 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling