1. Ислоҳот дар системаи омӯзиш ва парвариш. Нақша


иттилоот дар ҳофиза, балки ба тафаккур ташвиқ кунад


Download 1.65 Mb.
Pdf ko'rish
bet3/8
Sana23.12.2022
Hajmi1.65 Mb.
#1046375
1   2   3   4   5   6   7   8
Bog'liq
b3SoaSe2h3d4Bbvbk2WN7FGF5uxLmoDm9osz9vGV

иттилоот дар ҳофиза, балки ба тафаккур ташвиқ кунад.
Рози муваффақияти муаллимони финландиягӣ чист? Онҳо як шиори 
хубе доранд: “мо шогирдонро ѐ барои имтиҳонот омода мекунем, ѐ барои 
зиндагӣ. Аз ин рӯ мо дуввумиро интихоб кардаем”. Яке аз хубиҳои ин 
система дар он аст, ки муаллимон шогирдонро маҷбур намекунанд 
иттилооти фаровонеро ба хотир биспоранд. Бештар дунболи истеъдодѐбӣ 
ҳастанд. Бозиҳои таълимӣ кӯмак мекунад истеъдодҳоро кашф кунанд, ѐ 
бисозанд. Муҳаққиқон мегӯянд имкони сохтани истеъдодҳо ҳам ҳаст. Дар 
мактабҳои маъмулӣ сеяки донишомӯзон наметавонанд мавзӯъҳоро ѐд 
гиранд. Тибқи маъмул мо чӣ кор мекунем? Ҳатман аз рӯйи нақшаи тақвимӣ 
мо ба мавзӯъи нав мегузарем. Аз дарсҳои мо шояд 20-30 дарсади 
донишомӯзон чизе ѐд мегиранд. Аммо шогирдони дигар дар як ҷое гир 
мекунанд ва дармонда мешаванд. Ин ба он маъност, ки дигар онҳо умеде ба 
пешравӣ надоранд. Азбаски таълим маҷбурист, меоянду мераванд. Баъд аз 
муддате дар онҳо ѐ ҳолати сарафкандагӣ ѐ агрессивӣ дида мешавад. Дигар 
онҳо на танҳо ба муаллиму мактаб, ба ҳарчӣ марбут ба ѐдгирист бо диди 
танаффур нигоҳ мекунанд.
Дар мактабҳои Финландия корҳоеро анҷом додаанд, ки ҳамин раванди 
ѐдгирӣ дур аз стресс ташкил шудааст. Ба ҳеч донишомӯзе имтиѐзи изофӣ 
дода нашудааст. Баҳогузорӣ ҳам аҳамияти худро гум кардааст. Ба ҷуз кашфи 
истеъдодҳо бо донишомӯзони дармонда кори инфиродӣ ва дарсҳои иловагӣ 
ташкил карда мешавад. То ҳамон донишомӯзи дармонда мавзӯъи хос ѐ як 
боби хосро ѐд нагирад, ба мавзӯъи нав намегузаранд. Ҳамин тариқ дониши 



бунѐдӣ ѐ фундаменталӣ хуб дода мешавад ва бо кӯлабори пур аз дониш онҳо 
ба зинаҳои дигари омӯзиш мегузаранд.
Чанд вижагиҳои таълими финландӣ иборат аз инҳо ҳастанд
1
:
 ҳама бачаҳо баробаранд. муқоиса донишомӯзон бо якдигар (“хуб” 
ва “бад”) мамнуъ аст;
 ҳеҷ бозрасӣ (инспекция) таълимь дар кишвар вуҷуд надорад. Ба 
муаллимон бовар мекунанд. Коғазбозиро ба ҳадди ақал 
расонидаанд; 
 имтиҳоноти ниҳоӣ дар рӯзҳои хатми мактаб ихтиѐрӣ аст. Худи 
муаллим ташхис медиҳад, ки имтиҳонот контролӣ ѐ нимсола бояд 
гирифта шавад ѐ не;
 донишомӯз ҳангоми имтиҳон метавонад ҳар гуна манбаъҳо, 
китоб, ѐ интернет истифода кунед. Вай чӣ андоза матнҳоро ҳифз 
кардааст муҳим нест, балки ин муҳим аст, ки чигуна аз як манбаъ ѐ 
шабака барои ҳалли масъала метавонад истифода кунад. 
 нуктаи аслӣ, ба гуфта муаллимон , “эҷод ангеза (мотивация) аст, 
на маҷбур кардан барои ѐдгирӣ”. 
Тибқи тадқиқотҳои байналмилалӣ, ки ҳар 3 сол якбор тавассути созмон 
мӯътабар PISA анҷом мешавад, донишомӯзони Финляндия болотарин сатҳи 
донишро дар ҷаҳон нишон додаанд. Онҳо ҳамчунин китобхонтарин 
кӯдакони рӯйи кураи замин ҳастанд. Дар улуми табиӣ мақоми 2 ва дар риѐзӣ 
1
Баргирифта аз мақолаи Владимир Загвоздкин таҳти унвони “Финская система образования”. Манбаъ: 
https://www.ikt-school.com/
 



рутбаи 5-ро ба даст овардаанд. Аммо ҳатто ин натиҷаҳо ҳам барои 
педагогҳои ҷаҳон таҳсинбарангез набуд. Зеро бовар кардан мушкил буд, ки 
бо чунин натиҷаҳо боло, донишомӯзон камтарин замонро барои мутолиа 
сарф мекунанд. Ба иборати дигар камтар вақт сарф мекунанд ва болотарин 
натиҷаро ба даст меоранд. Дар рейтинги хушбахтӣ низ ин кишвар яке аз 
рутбаҳои аввалро дорад. 
Бузургтарин мактаби кишвар 960 донишомӯз дорад. Дар хурдтаринаш
11 нафар таълим мегиранд. Ҳама дорои таҷҳизот, имкониятҳо ва таъминоти 
молии яксон ҳастанд. Омӯзиши жарфи бархе аз фанҳо ба зарари бархе дигар 
ташвиқ намешавад. Дар инҷо таълими риѐзӣ муҳиммтар аз, масалан, ҳунар 
нест. Баракс, танҳо ба таври истисно барои шогирдони боистеъдод мумкин 
аст барои тарроҳӣ , мусиқӣ ва варзиш синфҳои ҷудогона ташкил шавад.
Мактаб фақат ончиро, ки мумкин аст дар зиндагӣ лозим бошад омӯзиш 
медиҳад. Барои мисол, системаи гармкунии хона муфид нест ва барои 
омӯзиши он вақт ҷудо намекунанд. Аммо бачаҳои маҳаллӣ аз кӯдакӣ 
медонанд, ки сабади коғазҳои баҳодор
2
, қарордод , корти банкӣ чист. Онҳо 
медонанд чигуна дарсади молиѐти даромади бадастомадаро ҳисоб кунанд, 
дар як вебсайти интернетӣ корти визит тайѐр кунанд, қимат колоҳоро пас аз 
чандин бор кам кардани қимати онҳо ҳисоб кунанд ва дигар маҳоратҳо, ки 
дар зиндагӣ корбурд доранд.
Ҳеҷ муаллиме, ки барои шогирдон “дӯстдоштанӣ”, ѐ "хашмгини 
манфур" бошад, вуҷуд надорад. Муаллимон низ, рӯҳи худро ба “синфи худ” 
намечаспонанд, ба яке меҳр додану бо дигаре бемеҳрӣ намекунанд. Ҳаргуна 
берун рафтан аз қоидаи ҷамъӣ ѐ аз ҳамоҳангӣ сабаби бекор шудани
қарордод бо чунин муаллим мешавад. Муаллимони Финляндия фақат бояд 
кор худро ба унвони мураббӣ анҷом диҳанд. Дарсҳои ҳамаи онҳо - 
физикдонон, муаллимони адабиѐту ҳунар, муаллимони технология ва ғайра
муҳим ҳастанд. Онҳо хеле хуб дарк мекунанд, ки на ҳама метавонад 
ихтироъкор, созандаи ҳавопаймо, пизишк, шоиру нависанда шавад. Барои як 
кишвар ронандаҳои автобус, посбонҳо, кишоварзон ҳам зарур ҳастанд. Дар 
зинадгии воқеӣ мо инро пазируфтаем. Дар видеоселекторе, ки бо иштироки
раисҷумҳур 

Шавкат Мирзиѐев дар 30 октябри соли 2020 баргузор шуда 
буд, ҳамин масъала ҳам мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.
Солҳои охир як фикри харобкоронае дапр ҷомеъа ҳукмрон шудааст. 
Иддае дар фикри он ҳастанд, ки барои пешрафти иқтисод бештар ба улуми 
табиӣ ва дақиқ мисли риѐзӣ, физика, химия, биология ва ғайра бештар 
таваҷҷуҳ кунем. Ҳатто даҳаҳои омӯзиши ин гуна фанҳоро ҳам эълом 
2
вексел, саҳм ва ғ.



кардаанд. Ин ҳам як навъ ифрот аст. Тарбияи “муҳандисони қалби инсонҳо”, 
ғазалсароѐн, тарбияи эстетикии шогирдон ҳам ба ҳамон андоза муҳим аст. 
Таҷрибаи хуби Финландия ба мо нишон медиҳад, ки муаллимони забон ва 
адабиѐт ҳам бояд вазифаи худро масъулона анҷом диҳанд.
Чунонки шарҳаш рафт, системаи маъмулии таълим дониши корбурдӣ
камтар медиҳад. Бар хилофи ин ѐдгирии амалкардӣ (функцоналӣ) ба 
таҷрибаи донишомӯз такя мекунад. Муаллим фаъолият донишомӯзонро бо 
истифода аз мисолҳои воқеӣ, ки донишомӯзон қаблан дар онҳо таҷриба 
кардаанд, шурӯъ мекунад. Ёдгирӣ бар асоси ҳалли масъала (проблемавӣ) низ 
дар таърихи назарияҳои омӯзишӣ ҷойгоҳи вижае дорад. Дар ѐдгирӣ аз 
тариқи ҳалли масъала, ки омӯзиши компетенциявӣ низ ба он муттакӣ аст, 
дарс бо як масъалаи марбут ба мавзӯъ шурӯъ мешавад. Таваҷҷӯҳ кунед: 
донишомӯзон бо як вазъият мушкилсоз рӯбарӯ мешаванд. Ин онҳоро маҷбур 
мекунад ба ѐдгирии мавзӯъ эътибори ҷиддӣ диҳанд. Хонанда ба думболи 
роҳҳои мухталиф барои ҳалли масъала аст. Ёдгирӣ бар асоси ҳалли масъала 
ба донишомӯз ин имконро медиҳад зарурати омӯзиши мавзӯи 
пешниҳодшударо дарк кунад ва барои мутолиа ҳадаф пайдо кунад.
Ба иборати дигар таълим бар асоси салоҳият омода кардани донишомӯз 
ба зиндагӣ аст, ѐд додани маҳорати зиндагӣ кардан аст.


10 
Дар вожаномаи бунѐди омӯзиши Аврупо, мафҳуми салоҳият ба шарҳи 
зер таъриф дода шудааст:
Дар стандарти мавзӯӣ омӯзиш ибтидоӣ, мафҳум "салоҳият" ба шарҳ зер 
таъриф шудааст:

Download 1.65 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling