1. Ислоҳот дар системаи омӯзиш ва парвариш. Нақша


Download 1.65 Mb.
Pdf ko'rish
bet7/8
Sana23.12.2022
Hajmi1.65 Mb.
#1046375
1   2   3   4   5   6   7   8
Bog'liq
b3SoaSe2h3d4Bbvbk2WN7FGF5uxLmoDm9osz9vGV

 
 
худсозӣ аз назари ҷисмонӣ, рӯҳи, зеҳни , фикрӣ, креативӣ; 
рушди шахсӣ; 
расидан ба булӯғи фикрӣ; 
ёдгирии мустақил дар тӯл зиндагӣ;
беҳбуди мудовими маҳоратҳои шинохтӣ ва таҷрибаи зиндагӣ; 
арзёбии дурустӣ ё нодурустии рафтори худ
маҳоратҳои тасмимгирӣ.
фарҳанги қонунмеҳварӣ дар робитаҳои корӣ, 
иҷтимоӣ ва маданӣ 
тавонои дарки дурусти рӯйдодҳо, ҳодисаҳо ва 
фарояндҳои иҷтимоӣ ва иштироки фаъол доштан; 
Салоҳияти фаъолияти иҷтимоӣ  


19 
 
 
 1.6 Салоҳияти саводи риѐзӣ, ошноӣ ва истифода аз навовариҳои 
илмӣ ва технологӣ 
 
шаклгирии 
ҳисси 
меҳанпарастӣ;
ҳамзистии 
мусолиматомез 
ҳамроҳ бо 
муруввату
мадоро бо 
дигарон;
эҳтиром ба 
арзишҳои ҷаҳонӣ 
ва миллӣ; 
дарки 
осори 
ҳунарӣ; 
пӯшидани 
либосҳои 
ороста; 
пайравӣ аз 
қоидаҳои
фарҳангӣ ва 
шеваи зиндагии 
солим
.
тавоноии сохти барномаҳои шахсӣ, 
хонаводагӣ, шуғлӣ ва иқтисодӣ бар асоси 
муҳосиботи дақиқ; 
- хондани намудорҳо(диаграммаҳо), 
нақшаҳо ва моделҳои мухталиф дар 
зиндагии рӯзмарра; 
истифода аз навовариҳои илмӣ ва технологӣ 
барои осон кардани кори инсон, афзоиши 
баҳраварӣ, фароҳам овардани шароити кору 
зиндагии муносиб.


20 
Ин салоҳиятҳо аз тариқи дарсҳо бояд дар донишомӯзон шакл гирад.
Илова бар ин салоҳияҳои илмӣ ҳам дорем, ки хосси забону адабиѐт 
ҳастанд. Пеш аз пардохтан ба салоҳиятҳои хосси забону адабиѐт мехостем 
чанд нуктаро ѐдовар шавем. Аслан чиро бояд забони модарӣ таълим дода 
шавад? Агар “забон танҳо василаи иртиботи байни инсонҳост”, ҳоло чӣ 
фарқе мекунад донишомӯз кадом забонро ѐд мегирад? Бубинед, забон 
фаротар аз як “василаи иртибот” аст. Ризо Мансурӣ – физикдон ва 
истилоҳшинос дар ин бора як гуфтаи нағз дорад: “ Маъмулан гуфта мешавад 
забон василаeст барои баѐни мафоҳумҳои илмӣ, барои тафаккур. Ба гумони 
ман ин ҳамон нуктаест, ки боиси бисѐрии инҳирофот
4
мешавад. Вақтеки мо 
забонро "васила" талаққӣ мекунем, ба унвони мисол, дар зеҳнамон худрав
5

ки василаи ҷобаҷоӣ аст ѐ қалам,ки василаест барои навиштан тадоъӣ
6
мешавад. Аммо забон танҳо васила нест. Забон нақше пӯѐ дар фарҳанги 
ҷомеъа дорад ва дар тафаккури фарду иҷтимоъ таъсир мегузорад”.
Ё яке аз устодони забон ва адабиѐт Муҳаммадсарвар Мавлоӣ гуфтааст: 
“Ин талаққӣ, ки забони форсӣ (тоҷикӣ) забони мост, ниѐз ба таҳсил надорад 
аз хона шурӯъ мешавад, ором-ором ба ҷомеъа ва сатҳи тасмимоти калони 
кишварӣ русух пайдо мекунад
7
. Ин хеле муҳим аст шумо фикр кунед, ки 
омӯзиши забон ва адабиѐт ба мафҳуми ин аст, ки дуруст ҳарф бизанед, 
дуруст бинависед; ин ҷузъи лозимӣ барои ҳар фарҳехтае дар ҳар ришта
8
аст. 
Ин ба маъност, ки на танҳо филологҳо, шоирон, нависандагон, 
рӯзноманигорони оянда, балки мутахассисони дигар соҳаҳо ҳам бояд дуруст 
4
Инҳирофот – каҷ рафтан, роҳгум задан.
 
5
Худрав – автоиобил,мошин
6
Тадоъӣ – ассоциация, маъние, ки маънии дигарро ба хотир оварад 
7
Ба маънии маҳкам ҷой гирифтан.
8
Шохаи илмӣ ѐ дарсӣ 


21 
навиштану дуруст ҳарф заданро бояд ѐд гиранд. Пажуҳишгари маъруф 
Муҳаммад Ботинӣ ҳам гуфтааст: “Вожагони забон оинаи фарҳанги 
мурдумест, ки бо он такаллум мекунад”. Забон, фарҳанг ва ҳувийят ҷузъҳои 
баҳампайваста ҳастанд. Фарҳанги моро аз тариқи забонамон мешиносанд. 
Ҳувийятбохтагӣ
9
аз забонбохтагӣ сар мешавад. Касе, ки забони модарияшро 
фаромӯш кард, гирифтори буҳрони ҳувийятӣ мешавад. Яъне ба қавле “аз 
инҷо ронда ва аз онҷо монда...”
Барои ҳамин бар дӯши муаллимони забон ва адабиѐт як масъулияти 
бузурге гузошта шудааст.
Салоҳиятҳои хоси забон инҳо ҳастанд: 

Download 1.65 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling