Донишкадаи илмиву тадқИҚотии омӯзиши муаммоҳо ва муайян кардани истиқболи таълими халқ ба номи а. Авлонӣ


Алоқамандӣ бо фанни забони модарӣ ва хониш


Download 63.1 Kb.
Pdf ko'rish
bet2/5
Sana19.06.2023
Hajmi63.1 Kb.
#1603174
1   2   3   4   5
Bog'liq
3G3iRW5qj5fyiONZp4HMCdulZgjaxcAGN0k5ZYCv

Алоқамандӣ бо фанни забони модарӣ ва хониш дар ташаккули
фикрронии эҷодии хонандагон, баён карда тавонистани фикрҳо ба таври 
хаттӣ ва даҳонӣ, дуруст истифода бурдани терминҳои илмӣ ва барои озодона 
мулоқот кардани онҳо дар ҷараёни баҳсу мунозираҳо мавқеи муҳим дорад.
Интегратсия бо фанни математика дар ҷараёни омӯзиши фанҳои 
табиӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба ченак ва ҳисобу китобҳои 
математикӣ, интихоби роҳи осон ҳангоми гузаронидани таҷрибаҳои 
лабораторӣ ва қабул кардани қарори дуруст басо аҳамиятнок аст.
Барои баланд бардоштани самарадории ҷараёни омӯзонидани фанҳои 
табиӣ бо кӯмаки фанни информатика ва технологияҳои ахборӣ 
истифодабарӣ 
аз 
намудҳои 
гуногуни 
технологияҳои 
ахбору 
коммуникатсионӣ ва техникаҳои компютери имкониятҳои бузург фароҳам 
меоварад.  
Бо воситаи фанни технология компетенсияҳои бадастомада дар 
ҷараёни омӯзиши фанҳои табиӣ дар равона кардани хонандагон ба касбу 
ҳунар, ташаккули қобилияти эҷодкории техникии онҳо ва пайдо шудани 
малакаи лойиҳатайёркунӣ дар онҳо басо аҳамияти бузурги касбиро соҳибанд. 
Фанҳои табиӣ дар хонандагон объекти табиӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ, ҷараён 


ва ҳодисаҳо, шароити табиӣ ва сарватҳои Ватанамон, аҳолӣ ва хоҷагии он, 
асосҳои ҷуғрофии муносибатҳои байни табиат ва инсон, оиди муаммоҳои 
глобаливу ҳудудии оқилона истифода бурдан аз табиат ва муҳофизати он 
мафҳумҳои илмиву амалиро ташаккул медиҳад, мустақилона фикру мулоҳиза 
рондан ва дар амал татбиқ кардани донишҳои географиро меомӯзонад. Дар 
омӯзонидани фан ба усулҳои истифодабарӣ аз харита, ташаккули донишҳои 
экологии хонандагон эътибори алоҳида дода мешавад. Ҳамзамон, мафҳумҳо 
ва компетенсияҳое, ки дар натиҷаи омӯзонидани фанҳои табиӣ дар синфҳои 
ибтидоӣ ташаккул меёбанд, барои пайдо шудани тасаввуротҳо дар бораи 
объект, ҳодиса ва ҷараёнҳое, ки дар дигар фанҳои табиӣ омӯхта мешаванд
хизмат мекунад.
Предмети таълимии фанни биология дар хонандагон ҳис кардани 
табиати зинда ва сохти он, алоқаҳои байни табиати беҷон ва зиндаро 
ташаккул медиҳад. Хонандагон соҳиби маҳорати ҳал кардани муаммоҳои 
муҳити зинда мегарданд. Ҳамзамон, дар хонандагон ҳисси муносибати мусбӣ 
нисбат ба табиати зиндаи моро иҳотакарда, нигоҳдории гуногунрангии табиӣ 
пайдо мегардад ва дар онҳо тавассути ҳисси ҷавобгарӣ фаъолияти 
мустаҳками ҳаётӣ ташаккул меёбад.

Download 63.1 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling