Ба структураи машғулотҳои амалӣ номҳои асбобҳо зарурие, ки
барои тартиби иҷро ва гузаронидани машғулотҳо лозиманд, зикр мегарданд.
Хонанда дар асоси супориши додашуда ҳодисаҳои табиатро мушоҳида
мекунад, аниқ мекунад ва таҳлил мекунад. Барои дарси машғулоти амалӣ
саоати алоҳида ҷудо карда шудааст.
Пеш аз ташкили амалиёти лойиҳавӣ омӯзгор пеш аз ҳама
супоришҳоро доир ба кори лойиҳавӣ тартиб медиҳад. Хонандагони синф дар
алоҳидагӣ ва ё дар таркиби гурӯҳҳо доир ба мавзӯъ аз манбаъҳои
гуногун
(китоби дарсӣ, интернет) мустақилона маълумот ҷамъ мекунанд, структураи
лойиҳаро месозанд ва амалиёти илмӣ-тадқиқотӣ мегузаронанд. Дар амалиёти
лойиҳавӣ таълимгирандагон доир ба нақша, иҷро ва натиҷаи амалиёт
тақдимот мегузаронанд. Амалиёти лойиҳавӣ дар хонандагон қобилияти
коркарди таклифҳо ва эҷодкориро ташаккул медиҳад.
Таркиби супориши
амалӣ аз рӯйихати ҷиҳозҳо доир ба мавзӯи машғулот, матни он, расм,
графика ёки ҷадвал иборат аст. Хонандагон супоришоти додашударо аз рӯи
ҷиҳозҳо, матн, харита, расм, графика ва ҷадвали тавсиягардида иҷро намуда,
хулосаҳои худро баён мекунанд. Супоришоти амалӣ аз рӯи мавзӯҳои
гузашташуда ёки супоришоте, ки алоқамандии байни фанҳоро
дарбар
мегирад, тартиб дода мешавад.
Савол ва супоришҳо доир ба мавзӯъ:
1. Китоби дарсии “Фанҳои табиӣ” ва китоби дарсии “Олами
атрофи
мо”-и синфҳои 1-2 бо кадом хусусиятҳои худ фарқ мкунад?
2. Оиди мазмуни компетенсияи такягоҳӣ ва компетенсияҳои фанҳои
табиӣ маълумот диҳед.
3. Мазмун ва афзалиятҳои интеграсияи фанҳои табииро баён кунед.
4. Ба аҳамияти машғулоти амалӣ ва амалиёти лойиҳавӣ дар
омӯзонидани фанҳои табиӣ чӣ тавр баҳо медиҳед?