Донишкадаи илмиву тадқИҚотии омӯзиши муаммоҳо ва муайян кардани истиқболи таълими халқ ба номи а. Авлонӣ


Download 63.1 Kb.
Pdf ko'rish
bet1/5
Sana19.06.2023
Hajmi63.1 Kb.
#1603174
  1   2   3   4   5
Bog'liq
3G3iRW5qj5fyiONZp4HMCdulZgjaxcAGN0k5ZYCv



ДОНИШКАДАИ ИЛМИВУ ТАДҚИҚОТИИ ОМӮЗИШИ 
МУАММОҲО ВА МУАЙЯН КАРДАНИ ИСТИҚБОЛИ 
ТАЪЛИМИ ХАЛҚ БА НОМИ А.АВЛОНӢ 
 
ЛОИҲАИ “РИВОҶДИҲИИ КАСБИИ 
БЕФОСИЛА – 2022” 
Оид ба модули
Навгониҳои фан, масъалаҳои асосии таълими фан 
 
Матни маърӯзаи курси таълимии
“Таълими фанҳои табиӣ ва амалӣ дар синфҳои ибтидоӣ” оид ба мавзӯи
 
“Методикаи ташкили дарсҳо аз фанҳои табиӣ дар синфҳои 1-2-3” 
 
 
 
 
 
 
 
 
Тошканд-2022 
Мавзӯъ: Методикаи ташкили дарсҳо аз фанҳои табиӣ дар синфҳои 1-2-3  


Нақша: 
1. Мазмуни дарсҳо аз фанҳои табииӣ дар синфҳои 1-2-3
2. Интегратсияи фанҳои табиӣ 
3. Ташаккули элементҳои такягоҳӣ ва компетентсияҳо доир ба фанҳои 
табиӣ дар хонандагон
4. Ташкили машғулотҳои амалӣ ва таҷрибаҳо аз фанҳои табиӣ. 
“Фанҳои табиӣ” фанҳои биология, география, физика, кимёро дарбар 
мегирад ва алоқамандии бевоситаи онҳоро таъмин месозад. Предметҳое, ки 
ба таркиби фанҳои табиӣ дохил мешаванд, дар хонандагон донишҳои табиӣ-
илмӣ, техникӣ ва экологиро ташаккул дода, дар ривоҷи фикрронии танқидии 
онҳо мусоидат мекунад. Моҳият, сабаб ва алоқамандии бевоситаи ҳодиса ва 
ҷараёнҳои табиӣ, қисматҳои ривоҷёбии табиат, аз ҷумла, эволютсияи 
организмҳои зинда, асосҳои илмӣ-табиии техника ва технологияҳои 
замонавӣ, алоқамандӣ ва таъсири байни табиат ва ҷамъият, асосҳои илмии 
сарфакорона истифода кардан аз захираҳои табиӣ, тамоилҳои самарноки 
коркард ва идоракунии ҷараёнҳои хоҷагӣ, тартиб додани донишҳои назарӣ ва 
амалӣ доир ба моҳият ва аҳамияти тарзи зисти солим вазифаҳои асосии 
фанҳои табииро муайян месозад. Мотиватсияи дохилии хонанда завқи ӯро 
нисбат ба омӯзиши фанҳои табиӣ, ба ин восита дарки ҳолати муҳити 
иҷтимоӣ, донистани муаммоҳои муҳити атроф ва инсонро ташаккул дода, дар 
қарор қабул карда тавонистани ӯ баҳри ҳалли ин муаммоҳо нақши муҳим 
мебозад. Интегратсияи байни фанҳо табиат ҳамчун ҳастии ягона буданашро 
дар хонандагон ташаккул медиҳад, дар майнаи онҳо манзараи табиӣ-илмии 
оламро ба вуҷуд меорад. Бо баробари ин, интегратсияи байни фанҳо дар 
хонандагон имкониятҳо ва муаммоҳои тарақиёти илмиву техникии замонавӣ, 
моҳияти муаммоҳои экологӣ, роҳҳои смаранок истифода бурдан аз табиат
тамоилҳои амал кардан ба тарзи зисти солим ва дар ҳаёт истифода кардан аз 
онҳоро ташаккул медиҳад. 
Барномаи таълимии STEAM бар он равона шудааст, ки хонандагон 
тавассути ин барнома барои нишон додани вобастагии донишҳо, маҳорат ва 
малакаи азхудкардаашон бо ҳаёти воқеӣ дар ҷараёни дарс ва машғулотҳои 
беруназсинфӣ тадқиқотҳо ва таҷрибаҳо гузаронанд, дар ташаккули завқи 
лойиҳасозӣ ва навгонӣ офаридани худ кӯшиш ба харҷ диҳанд.


Вазифаҳои асосии омӯзгор аз он иборат, ки ӯ бояд дар хонандагон
барои пайдо кардани усулҳои фикрронии мантиқӣ ва амалӣ дар асоси 
барномаҳои баҳогузории байналхалқӣ (PISA, TIMSS) машғулотҳо доир 
созад, дар иҷрои корҳои лабораторӣ ба мустақилияти онҳо шарои фароҳам 
оварад ва дар майнаи бачагон тавассути супоришҳои амалӣ эҷодкорӣ ва 
фикрронии креативиро дар онҳо пайдо кунонад.
Дар омӯзонидани фанҳои табиӣ нафақат вобастагии дохилии онҳо, 
балки интегратсяи берунӣ, яъне интегратсияи онҳо бо фанҳои ҳаммонанд низ 
ба аҳамияти калон дорад. Аз ҷумла, алоқамандии мустаҳкам бо фанҳои зерин
басо муҳим ҳисобида мешаванд:

Download 63.1 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
  1   2   3   4   5




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling