Донишкадаи илмиву тадқИҚотии омӯзиши муаммоҳо ва муайян кардани истиқболи таълими халқ ба номи а. Авлонӣ


ТАВСИЯҲО ДОИР БА ТАШАККУЛИ КОМПЕТЕНТСИЯҲОИ


Download 63.1 Kb.
Pdf ko'rish
bet4/5
Sana19.06.2023
Hajmi63.1 Kb.
#1603174
1   2   3   4   5
Bog'liq
3G3iRW5qj5fyiONZp4HMCdulZgjaxcAGN0k5ZYCv

ТАВСИЯҲО ДОИР БА ТАШАККУЛИ КОМПЕТЕНТСИЯҲОИ 
ТАКЯГОҲӢ ДАР ХОНАНДАГОН ТАВАССУТИ ФАНҲОИ ТАБИӢ 


Дар сохтори таълими миёнаи умумӣ дар хонандагон бо баробари 
компетенсияҳои фаннӣ ташаккули компетенсияҳои такягоҳӣ низ нишон дода 
шудааст.
Тавассути блоки фанҳои табиӣ ташаккули компетентсияҳои такягоҳӣ 
дар хонандагон ба он вобаста аст, ки онҳо усулҳо ва малакаҳои азхудкардаи 
худро дар вазъиятҳои гуногун истифода бурда тавонанд.
Барои ташаккули компетенсияҳои коммуникатсонӣ ба хонандагон 
мустақилона ва эҷодкорона фикр рондан дар омӯзиши забони давлатӣ ва
забонҳои хориҷӣ, таассути ташаккули малакаҳои равон баён намудани фикр 
ба таври хаттӣ ва даҳонӣ дуруст талаффуз карданва эзоҳии мафҳумҳо доир ба 
фанни табиӣ, озодона мулоқот карданро омӯзонидан лозим аст.
Дар омӯзонидани фанҳои табиӣ аз воситаҳои замонавии ахбору 
телекоммуникатсионӣ, ки ба васеъ намудани имкониятҳои ривоҷёбии 
компетентсияи кор бо ахбор мусоидат мекунад, мунтазам истифода бурдан 
лозим аст. Дар ин ба хонандагон дар кофтуков ва таҳлили хабарҳо доир ба 
фан аз мабнаҳои гуногун, аз воситаҳои мобилӣ (телефон, планшет ва дигар 
гаджетҳо) истифода бурдан тавсия дода мешавад.
Дар шаклёбии компетенсияи худиникшофдиҳӣ ба талаба 
омӯзонидани  соҳиби фазилатҳои умумиинсонӣ будан, Ватанро дӯст доштан, 
ба навгониҳо ҳаракат кардан, қабул кардани қарорҳои мустақил дар асоси 
донишҳои назарии азхудкарда, хабардор шудан аз дигаргуниҳои прогрессивӣ 
ва инноватсионии ҷамъият ва дар ҳаёт аз онҳо истифода бурда тавонистан 
мақеи муҳим дорад.
Шаклёбии компетентсияи эҳсосоти шаҳрвандӣ аз он иборат аст, ки 
шахс вазифаи шаҳрвандии худро донад, аз ривоҷёбии иҷтимоӣ-сиёсӣ ва 
вазъиятҳои фавқулодда хабардор бошад, муаммоҳои экологиро донад, 
асарҳои бадеӣ ва санъатро дарк карда дар ҳифзи онҳо хислатҳои 
ташкилотчигиро соҳиб бошад. 


Дар шароити имрӯзаи ривоҷёбии илму техника муносибатҳои байни 
инсон ва табиат мураккаб гардида, доираи муаммоҳои экологӣ васеъ 
мегарданд. Бинобарин, дар мактабҳо низ омӯзонидани фанни табиатшиносии 
мазмуннан нав талаби замон аст. Дар миқёси байналахалқӣ дар таълиму 
тарбияи хонандагон аз рӯи фанҳои таълимоти умумӣ ба пурзӯр кардани 
вобастагии байни фанҳо эътибори хосса дода мешавад. Даври аввали фанни 
география дар асоси барномаи “Фанҳои табиӣ (Sceince)” дар синфҳои 1-6 
омӯзонида мешавад.
Даври дуввуми омӯзонидани фан дар синфҳои 7-11-уми мактабҳои 
таълимоти миёнаи умумӣ омӯзонида мешавад. Хонандагон аз ин фан 
Табиати материкҳо ва уқёнусҳо; 
Географияи Осиёи Марказӣ ва Ӯзбекистон, географияи иқтисодиву 
иҷтимоии Ӯзбекистон; 
Географияи иқтимоиву иқтисодии ҷаҳонро меомӯзанд. 
Тавассути курсҳои гографияи умумӣ ба хонандагон ба тарзи 
спиралшакл дониш дода мешавад, дар хонандагон компетенсияи дар амалиёт 
истифода бурдани маҳорат ва малакаи донишҳои азхудкардаи худ ташаккул 
меёбад.
Омӯзгор дар ташкили дарс аз шаклҳои гуногуни таълим (баёни даҳонӣ, 
супориши амалӣ, кор бо атлас ва харитаи илмӣ ва ҳоказо) истифода мекунад. 
Дар ташкили дарс аз усулҳои ноанъанавии талим (баҳсу мунозира, 
кейс-стади, бозиҳои чархи майна), ҳамчунин, аз технологияҳои фаъолнокии 
хонандагонро зиёдкунанда, таълими муаммодор, лойиҳасозӣ, интерфаъол, 
дар ҳамкорӣ кор бурдан ва технологияҳое, ки ба ташкили босамари ҷараёни 
дарс мусоидат мекунад, тавсия карда мешавад.
Нуктаҳои дар боло зикршударо ба инобат гирифта, ба хонандагон 
супоришот доир ба иҷрои машғулотҳо, супоришоти амалие, ки 


хоанандагонро ба мустақилона фикр кардан водор месозад, додан лозим аст. 
Ин ҳама супоришот ва вазифаҳои додашуда бояд дар ташаккули фикрронии 
мантиқии хонанда мусоидат намояд ва ба талаботи барномаи баҳогузории 
PISA, TIMSS мувофиқ бошад. 
Фанҳои табиӣ дар синфи якум ҳафтае 1 соатӣ, ҷамъ 33 соат, дар синфи 
дуюм бошад, ҳафтае 2 саотӣ, ҷамъ 68 соат омӯзонида мешавад. 
Дар барномаи таълимии миллӣ, ки имрӯз аз таҷриба мегузарад 
➢ Соати ҳафтаинаи “Фанҳои табиӣ” зиёд карда шуд. Акнун дар 
синфҳои 2-3-4 ин фан 2 соатӣ омӯзонида мешавад. (Дар амал 1 соат буд); 
➢ Саҳми машғулотҳои амалӣ ба 50 фоиз расонида шуд; 
➢ Барои лойиҳаҳое, ки ба хонандагон дар ҳаёт татбиқ кардани 
донишҳои назарӣ ва кор бо супоришоте, ки ба андозаҳои баҳогузории 
байналхалқӣ мусоидат мекунад, соатҳои алоҳида ҷудо карда шуд; 
➢ Талаботҳои малакавии хонандагон ба ҳар як синф муайян карда 
шуд; 
➢ Узвияти байни фанҳо таъмин гардид, мавзӯҳои мураккаб ба 
барномаи таълимии синфҳои болоӣ гузаронида шуд; 
➢ Таълими спиралшакл (аз оддӣ ба мураккаб) ба роҳ монда шуд. 

Download 63.1 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling