Кори курсӣ вавазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси


Download 303.96 Kb.
bet4/12
Sana17.06.2023
Hajmi303.96 Kb.
#1519869
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   12
Bog'liq
Абдулҳамидов Анушервон

ХЕЛҲОИ СИФАТ СИФАТИ АСЛӢ
Аз ҷиҳати маъно ва аломатҳои морфологи сифат ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешавад: аслӣ ва нисбӣ. Сифати аслӣ аломат, хусусият ва чигунагии предмету ҳодисаҳоро бевосита ифода менамояд: одами озод, фикри олӣ , ҷомаи тар, ҳавои гарм, меваи ширин. Ҷиҳати махсуси сифати аслӣ ин аст, ки дар калимаҳом ифодакунандаи он аломати предмет метавонад тағир ёбад: ширин, ширинтар, ширинтарин, хеле ширин, бағоят ширин, каме ширин, ширинак. Сифатҳои аслӣ чунин аломатҳоро ифода карда метавонанд: ранг (сурх, сафед, кабуд, зард ва монанди инҳо); сатҳу масох,а (дур, наздик, рост, васеъ, паст, паҳн, кӯтоҳ, чап ва ғаӣ ра); хусусияти ашёҳое, ки бо узвҳои хис дарк мешаванд (ширин, талх, гарм, сард ва ғаӣ ра); алома­ти чисмонии шахе ва ҳаӣ вонот (зӯр, пир, сует, заиф, хароб, фарбех, кар, гунг, ланг ва ғаӣ ра); хусусиятҳои маънавии одамон (оқил, доно, ғам-хор, бахил, дағал, шуҷоъ) ва ғаӣ ра. Сифатҳои аслӣ як катор хусусияти лексикию грамматики доранд. Онҳо аломати предмет, ҳодиса ва воқеаро бевосита ифода мена-моянд: калон, хушбахт, муқаддастарин. Сифатхон аслӣ аломати предметро дар шакли содда хам ифода мекунанд, чунки бештарини онҳо аз рӯи баромад калимаҳои аслӣ — решагӣ буда, ба давраи қадимтарини забои мансубанд: нек, бад, гарм, хунук, сурх, тоза, калои, бузург, пир, на в. Дараҷа доранд: одди, муқоисави, оли, ками (хурдию навозиш), зиёдӣ: хубтар, хубтарин, суп-сурх, ниҳоят зебо, сафедча, сурхтоб. Ба тарзи антоним ва синоним воқеъ мешаванд: одати бад — нек, девори паст — баланд, умри дароз — кӯтоҳ, меваи талх — ширин, ҳавои гарм — хунук, дурӯғи маслиҳатомез — рости фитнаангез; калон, бузург, аъзам, кабир; хуб, нағз, беҳ, хуш. Такрор шуда, дараҷаи олии аломати предметро ифода менамояд: қадамҳои калон — калон, барфҳои паҳн — паҳн. Аз онко во суффикси -и исми маъин ва бо суффякси -она зарф сохта мешавад: пок-покӣ, сурх-сурхӣ, далер-далерӣ, ором-оромӣ, чолок-чолокона, ором-оромона, танбал-танбалона. Хусусиятҳои мазкур ҳарчанд хоси сифатҳои аслӣ бошанд ҳам, баъ-зеи онҳо ин аломатҳоро кабул намекунад. Ин ё он аломатро қабул кардани сифатҳои аслӣ ба маъно, вазифаи услубӣ ва мавқеи истифодаи онҳо вобаста аст.3 Масалаи, аз снфатҳон норасоии ҷисмонӣ (кал, кӯр, ланг) дарача’и муқоисавӣ ва олӣ сохтан мумкин нест, чунки ин гурӯҳ сифатҳо табиатан аломати мутлақ ва доимии предметеро ифода карда, миқдоран каму зиёд шуда наметавонанд. Сифатҳои ифодакунандаи хусусият, ҳолат, таъм, хислат ва монанди инҳо дараҷа қабул кунанд хам, дар шакли таъкидӣ памеоянд: ху­нук, гарм, фарбех, вазнин, тунд, пир, танг, васеъ, ҷоҳил…
СИФАТИ НИСБӢ
Сифатҳои нисбӣ аломат, хосият ва чигунагии предмету ҳодисахоро аз рӯи муносибати ба предмете, ё ходисае доштаи онҳо мефахмонанд. Ин муносибат ҳар хел мешавад: нисбат ба шахе (мехри модарӣ, ҳуқуқи падарӣ, саломи дӯстона, ёрии бародарона, муҳаббати бачагона); предметхои ғаӣ ришахс (боғи наздимактаби, университети давла-тӣ , аспи зоти); замоӣ (шамоли субхдамӣ , ғамхории доимӣ, пӯшо-ки тобистона, гандуми тирамоҳӣ ); макон (духтари дарвозӣ, пудинаи боғӣ , гӯсфаидп ҳисорӣ ); таъинот (боғчаи бачагона, омӯзишгоҳи духта-рона, институти педагоги, ёрии тиббӣ, флоти ҳавоӣ); воситаи иҷро (меҳнатӣ дастӣ, отащдони газӣ, осиёи электрики); сохта шудани предмет аз чизе (гулдони булӯрин, бинои сангин, девори тахтагӣ); нисбат ба мафҳуми маънӣ (реализми соииалистӣ , кори илмӣ , хаёти партиявӣ ). Хусусияти фарқкунандаи сифатҳои нисбӣ аз аслӣ ин аст, ки на да-раҷа доранд ва на шакли ифодакунандаи баҳои субъективӣ, аз онҳо исмҳои маънию зарф низ сохта намешавад. Сифатҳои нисбӣ ҷуфти антонимӣ ҳам надоранд. Онҳо танҳо дар шакли ибора синоним доранд: гулдони булӯрин — гулдони аз булӯр сохташуда. набототи кӯҳӣ — набототи дар кӯҳ рӯянда, либоси занона — либос барои занон.

Download 303.96 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   12




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling