Кори курсӣ вавазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси


Download 303.96 Kb.
bet8/12
Sana17.06.2023
Hajmi303.96 Kb.
#1519869
1   ...   4   5   6   7   8   9   10   11   12
Bog'liq
Абдулҳамидов Анушервон

КАЛИМАСОЗИИ СИФАТ
Дар сохтани сифат ҳамаи роҳҳои калимасозӣ истифода мешавад, вале сермаҳсултарини онҳо усули морфологи мебошад.
СУФФИКСҲОИ СИФАТСОЗ
Дар забони адабии тоҷик бо ёрии суффикс сохтани сифат яке аз роҳҳои сермахсули калимасозии ин ҳиссаи нутк ба шумор мера-вад. Суффиксхои сифатсоз аз ҷихати мавкеи калимасозӣ ва истеъмол ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: сермаҳсул, каммаҳсул ва бемахсул:
1) суффиксхое, ки аз ҳиссаҳои гуногуни нутк, аз ҷумла калимаҳои нав, сифат месозанд, суффиксхои сермахсул ном доранд: -и, -нок, -манд,
2) суффиксхое, ки калимаҳои зиёд сохта, вале доираи истифода-ашон дар сохтани сифатхои нав маҳдуд аст, суффиксхои каммахсул ба шумор мераванд: -гун, -ак, -ин, -они;
3) суффиксхое, ки фақат дар сох­тани танҳо чанд калима иштирок мекунанд, суффиксхои бемаҳсуланд: -осо, -ваш, -ур.
Суффиксн -ӣ (-гӣ, -вӣ ). Дар истеъмоли суффикси -и ва вари-антҳои он чунин конуният дида мешавад:
а) агар калима бо ҳамсадо тамом шавад, суффикс дар шакли ӣ меояд: ёри абадӣ , музам солдатӣ , пнститути тадқиқотӣ, чашмони бодомӣ, оинаи деворӣ , осмони лоҷувар-дӣ, олоти деҳқонӣ , ҷавонбухориёни инқилобӣ;
б) пас аз садоноки -о -ӣ ӣ талаффуз шавад хам, -и навишта мешавад: баромади ичтимоӣ , илми шӯроӣ , саломи видоӣ , сӯҳбати фардоӣ , либосхои аврупоӣ ;
в) пас аз са-донокҳои а, е, ӯ ва ӣ отбарсари ё дар шакли -гӣ навишта мешавад: соати кисагӣ, либоси хонагӣ, ғурури бачагӣ, гапҳои кӯчагӣ, ошноҳои соктарегӣ, харбузаҳои лӯбиёгн; 11
г) пас аз садоноки а ва ӣ отбарсари я низ -вӣ меояд: илми дунявӣ , фаъолони бепартиявӣ, кахрамонҳои афсо-навӣ, бригадаи таҷрибавӣ, маҷлиси тантанавӣ , ҳаёти оилавӣ, колхози намунавӣ, иморатҳои оммавӣ . Суффикси -ӣ сермаҳсул буда, аз қ-иссаҳои гуногуни нутк сифатҳое (алалхусус сифатхои нисбӣ) месозад, ки аз ҷиҳати маъно рангоранг мебошанд:
1) аз исмҳои маънию конкрет сифати нисбӣ месозад, ки ба предмет ва шахсу ходиса хос ва мансуб будани аломатро далолат мекунад: за-минҳои колхозӣ , хоҳпши шахсӣ , муҳаббати модарӣ , тадбирҳои агроно мӣ , саргузаштҳои сафари, латофати духтари, либоси ҳарбӣ, токчаҳои меҳробӣ, мехри модарӣ;
2) аз исм ва зарфҳои замон сифат месозад: кишти тирамоҳӣ, сӯҳбати фардоӣ , рафиқаи умрӣ, айёми ҷавонӣ , хӯроки пагоҳӣ , шарики доими, поезди пагоҳӣ;
3) аз исмҳои макон ва таркиби ҳар ҷо сифати нисбии ифодакунандаи макон месозад: шоири дарвозӣ , хубони хуҷандӣ, мусофирони ӯротеппагӣ, аробаи қӯқандӣ, рафиқони бухороӣ , бон қунғуротӣ, фақирони ҳарҷоӣ;
4) аз исмҳои ифодакунан­даи предметҳои гуногун сифат месозад, ки аз қадом материал сохта шудани предметро мефахмонад: пули коғазӣ, суфачаи сангӣ, сандончаи оҳанӣ, миёнбанди карбосӣ, сарбанди абрешимӣ , дарвозаи тахтагӣ;
5) аз исмҳои конкрету маънӣ сифати нисбӣ месозад, ки дороӣ хусусия-ти таъинотанд: бози шикорӣ , кулоҳи аскарӣ , шалвори ҳарбӣ, омӯзишго-ҳи тиббӣ, институти педагоги, ҷоӣ ҳои истиқоматӣ , олоти деҳқонӣ;
6) аз исмҳои конкрет сифати писбӣ месозад, ки монандии зоҳирии предметро ифода мекунад: шоҳии гулобӣ , рангҳоп лимӯӣ , заӣ тунӣ, лоҷувардӣ , хо-кистарӣ , чашмони гӯсфандӣ , чашмони бодомӣ;
7) аз исмҳои конкрет си­фати нисбӣ месозад, ки маънои воситаи иҷро доранд: осиёи обӣ , бодӣ , электрики, ҳунари дастӣ , итоати забонӣ ;
8) аз зарф ва калимаи тақли-дӣ сифат месозад: дарёфти ногаҳонӣ, азонхонии ногаҳонӣ, овози хиррӣ , гуфтугӯи чирросӣ , хандаи қахқосӣ.
Суффиксп -она, -ёна, -вона, -гона. Дар истеъмоли ин суф­фикс ва вариантҳои он чуннн конуният дида мешавад: а) калима бо ҳамсадо тамом шавад, -она меояд: плани оқилона; б) калима бо овоз-ҳои о, а, и ва нотбарсари е тамом шавад, -е’на истифода мешавад: кирдорҳои беҳаёёна, зиидагии сарсариёна, хонаи бенавоёна; в) калима бо овози а, о, х анҷом ёбад, -гона меояд: рақамҳои нӯҳгона, куттиҳои ҷудогона, гиреҳҳои дувоздаҳгона. Суффикси -она дар калимасозии сифат сермаҳсул буда, аз ҳисса-ҳои гуногуни нутқ сифат месозад: аз исмҳои ифодакунандаи ҷинсияти табиӣ ва синну сол сифате месозад, ки таъинотро мефаҳмонад: мактаби духтарона, соддагии кӯ-дакона; аз исмҳои замон сифат месозад, ки нисбати замонӣ доранд: ҷашни солона, мактаби шабона; аз исмҳои чондори гаӣ ришахс сифатҳое месозад, ки монандии хислату характерро мефаҳмонанд: хези гурбагона, ҷангу ҷидоли сагона, ҳирси ҳаӣ вонона, чанголи шерона, табассуми гургона, хислатҳои морона. Суффикси -гона, ки варианти -она аст, бо шумораҳо омада, сифат месозад: рақамҳои нӯхгона, гиреҳҳоп дувоздақгона, писари ягона; Паҳ-паҳкунон бардошта калон кардам, писари яккаю ягонаи писарам гуфта («Садои Шарқ»). Дар ин коғаз дар бАйнӣ гиреҳҳои дувоздаҳгона си-тораҳова бодомчаҳо накш ёфтаанд (Айнӣ). Май ба асоси он қоида харфҳои арабиро такрор ба такрор ҳисоб мекардам ва бо ракамҳои нӯҳго-наи ҳиндӣ ва иифр навишта ҷамъ менамудам ва аз ин кор завк, мегирифтам (Айнӣ).
Суффикси -нок. Ин суффикс сермаҳсул аст, бештар аз исмҳои маънӣ сифати аслӣ месозад, ки ба маънои решаӣ калима доро будани предметро мефаҳмонад: роҳи вохиманок, оҳи аламнок, каси шубҳанок, гунбади ҳаӣ батнок, пигоҳҳои ҳасратнок, чонварони зарарнок, муборизаи шиддатнок, ҷои таҳлуканок.12
Суффикси -нок гоҳо аз исмҳои конкрет сифате месозад, ки аломати предметро мефаҳмонад, маънои дороӣ низ бокӣ мемонад: пашшаҳо!: хартумнок, марғзорхои камишнок, оши ҷурғотнок, зани фаранҷинок ҳавлии рӯидаричанок, ҳиндуи салланок, хати лифофанок.
Суффикси -манд. Ин суффикс сермаҳсул буда, аксар аз исм-хои маънӣ сифатхои аслие месозад, ки ба аломат, хислат ва хосият до ро будани предметро фаҳмонанд: кампири дардманд, марди аёлманд ошноҳои давлатманд, одами обруманд, хаттотони Хунарманд, чавони Хӣ радманд, касони донишманд, каси иззатманд.
Суффикси -ин (пас азюадонок ва ҳамсадоҳои «ҳ» ва «м» -гин). Ин суффикс аз исмҳои маънӣ ва баъзан конкрет сифатҳои аслие месозад, ки ба маънои решаӣ калима монанд ва доро будани предмет-ро мефахмонанд: ранги зумураддин, бачаи ғамгин, одами хашмгин, ҷавони шармгин, нигоҳи захрин, зулфи анбарин. Суффикси -ин (-гин) аз исмҳои конкрет сифатҳое месозад, ки аз чӣ сохта шудани предметро мефаҳмонанд: дастпонаҳои нуқрагин, кӯпру-кн сангин, шишаҳои булӯрин, сарбанди абрешимин, чароғпояи чӯбин. Суффикси -ин аз зарфҳо сифат месозад, ки нисбати замониро ифо­да мекунад: мулоқоти аввалин, дӯсти дерин, мактуби охирин.
Суффикси -ина. Ин суффикс дар сифатсозӣ сермаҳсул аст: а) аз исм сифат месозад, ки аз қадом материал сохта шудани предмет ва ё ба қадом ҷинс тааллук доштани онро ифода мекунад: дастшӯи мисина, ресмони пашмина, меҳмони мардина: Ӯ ба миёнбанд корди да-роз, ба гилофи он шавнӣ — ресмони пашмина ва ҷуволдӯзе овехта буд (Раҳим Ҷалил). Ғаӣ р аз ин, дар ду тарафи камин дутоӣ равоқ буд, ки дар онҳо косаву пиёла, дар поӣ гаҳ офтоба ва дастшӯи мисина меис-тоданд (Раҳим Ҷалил). …ҷавонон он табакҳоро бурда ба пеши меҳмо-нони мардина мегузоштанд (Айнӣ); б) бо сифатҳо омада, онҳоро ба ранг ё аломате нисбат медиҳад: ранги сабзина, пирамарди қоқина; в) аз сифату зарф сифате месозад, ки нисбати замонӣ дорад: асрҳои баъдина, ҷӯраи дерина, кори фардоина, хӯроки пешина: ; /Дар зарфи ин солҳо якаш ду нашуд, як пул ҳам оқибандоз карда натавонист ва ба орзӯи деринааш — ба хонадор шудан муваффақ на­шуд (Ҳаким Карим). Хаӣ р, исто ки ту боварӣ дорӣ -мӣ , ки маҷлиси па-гохина «Ҳаёти нав»-ро ташкил мекунад (Икромӣ).
Суффикси -а(-я). Ин суффикс нисбатап каммаҳсул буда, аз ҳиссаҳои гуногуни нутк, сифатҳои аслию нисбӣ месозад, ки замоӣ , ҷоӣ ва ё аломати предметро ифода мекунад: а) аз сифат: боғчаи озода, тиллои нақда, шаҳри қадима, чораҳои лозима, кулбаи вай рона; б) аз исм: куртаҳои ранга; в) аз зарф: таассуроти имрӯза, сармоядорони бе-руна; г) аз феъл: сумкаи овеза, марди гуреза.
Суффикси -ак. Ин суффикс дар сифатсозӣ каммаҳсул буда, аз ҳиссаҳои зерини нутк сифатҳои аслие месозад, ки ба ягоӣ аломат, амалу ҳолат доро будани предметро мефаҳмонад: а) аз сифат: пули пуччак, духтари хаппак, кӯпруки лиққонак, лои лағжонак. Суффикси -ак (-як), -акак (-якак) ба сифати аслӣ ҳамроҳ шуда, ба аломати предмет маънои хурдиро бо тобиши нармӣ ва зиёдии аломат-ро бо тобиши навозиш ифода мекунад: …дар пеши дарвоза саҳпи тангаке ҳам дошт (Айнӣ). Аз машина духтарчан сиёҳчашмаки хурдсол сар бароварда ба Нурали нигоҳ кард (Улугзода). Суффикси -ак: а) ба еифатҳои аслӣ ҳамроҳ шуда, тобиши истеҳзо ва таҳқиқ илова мекунад: Дар тарафи шимоли рӯи ҳавлӣ як хоначан пастаки офтобрӯя буд, ки дар вай хизматгорон зиндагӣ мекарданд… (Айнӣ). Модари вай кам-пираки қадпастак ва миҷморуқақ, ки дар кишлок ҳама ӯро «бакавул» мегуфтанд, духтарашро пешвоз гирифт (Икромӣ); б) маънои хурдӣ ва навозишро ифода мекунад: Бегоҳӣ боронаки нағзакак шуду ҳама ҷоро тозаю тар кард (Икромӣ). …Зоя дасти кафаш дағар-бугури Сафарро ба рӯи дастони мулои-ми гармакаки худ гирифта набзи ӯро санҷидапӣ шуд… (Ниёзӣ). Хола, ки ӯро дар ғуломгардиши ҳавлӣ пешвоз гирифт, мехост, ки ба ин бедо-мударакшавӣ ба марди калон худ танбеҳн сахтакак диҳад (Раҳим Ча­лил); в) аз феъл: хамири часпак« г) аз исм:« табли қаторак.
Суффикси -акӣ . Ин суффикс аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ сифат месозад, ки ба хосияте доро будани предмет ва ё ӣ оситаи иҷроп амалро мефахмонад: а) аз сифат: свзӣ ши хомакӣ , хандан дурӯйакӣ ; б) аз исм: фармони даҳанакӣ , қандфурӯшии дастакӣ , сураткашин ҳава-сакӣ , фармони рӯякӣ. Бо фармони даҳанакии оҳистаи командир отряд аз асп фуромад (Айнӣ). …дар бАйнӣ ӯ ва ҷаноби Қорӣ дар бораи ба ӯ қарз дода за-минҳояшро ба гарав гирифтан созиши хомакӣ шудааст… (Айнӣ). …дар кодоки пешгаҳи ом Хӯҷаназарбоӣ , дар холате ки ба болояш ҷомаи сер-пахтаӣ маӣ далагандаи кфкдумакиро кашида мехобид… (Айнӣ). Хол-мирзо якбора хандаи дурӯғакии баланд кард… (Икромӣ).13
Суффикси -чак аз сифат ;ва сифати феълӣ сифате месозад, ки аломат, ё ба амал ва ё ҳолате моил ё доро будани предметро мефаҳмо-над:шафтолуи луччак, одами тарсончак, духтари хандончак, гунҷишки паррончак. Наҳрчаи кӯҳии кишлокамон луччак буд (Ҳаким Карим). Як қисми занҳо ва кампирҳои тарсончак ва инчунин мардҳои буздил зуд ҳаракат карда роҳи ҳавлиро пеш гирифтанд (Икромӣ). Ман дигар кӯдаки гмр-ёнчак, ғуломи зархариди боӣ нестам (Ҳаким Карим). Моҳрӯ намехост, кн ба гапҳои ин марди хандончак гӯш кунад (Раҳим Ҷалил). 14
Суффикси -они каммаҳсул буда, аз исм ва сифат сифатҳои аслию нисбӣ месозад, ки ба аломат ва хосияти решаӣ калима молик будани предметро мефаҳмонад: пирн нуронӣ , кори ҷисмонӣ , ҳаваси нафсонӣ , сухани ҳаққонӣ . Навоӣ дар бораи ин, ки агар роҳбари ҳукумат ва ҷамоат шодии мардум ва ободии мамлакатро хоҳад, бояд аз орзуву ҳаваси нафсонии худ ва осоишу таносоии худ гузарад… (Айнӣ). Марҳамат кунед, хуш омадед, — гуфт ба Оӣ мулло як занаки пири нуронӣ … (Икромӣ).
Суффикси -вар каммахсул буда, аз исмҳо сифате месозад, ки ба аломате ё хислате сохиб будани предметро мефаҳмонад: ҷавони суханвар, марди хунарвар, духтарони номвар ,дили донишвар, дасти ҳунарвар.
Суффикси -вор каммаҳсул буда, аз исм спфатҳои нисбӣ ме­созад, ки ба аломат ва хосияти дар реша номбаршуда аз ягон ҷихат муносибат дорад: ҳадяи сазовор, ошики умедвор. Вай инчунин аз исм сифатҳое месозад, ки монандиро ифода менамоянд: овози раъдвор, тобиши абрешимвор.
Суффикси -гун. Ин суффикс каммаҳсул буда, аз исм ва си­фат сифатҳое месозад, ки аз ягон ҷиҳат ба маънои дар реша баёншуда монанд будани ранги предметро ифода мекунад: рухсори лолагун, бар-ги алмосгун, шуои заргун, рӯи сафедгун. Суффикси -гар исмсоз бошад ҳам, дар баъзе ибораҳо бо исм омада, ба аломату хусусияте сохиб будани предметро мефаҳмонад: одами иғвогар, кампири хилагар, марди хасратгар, котиби ҷавобгар, шамоли шӯришгар, дасти хиёнатгар, зани афсунгар.
Суффикси -ам, -ук, -ик. Ин суффиксҳо бемаҳсул буда, аз исм, сифат ва феъл сифатҳои аслие месозанд, ки ба аломату хусусияте доро будани предметро мефаҳмонанд: боди форам, куртаи шинам, замини корам, дастони нозук, шаби торик. Ба болои ин худаш як одами лофакии паррами беандеша аст (Айнӣ). Садои форами наи чӯпонӣ хаёли касро ба саҳроҳои саб­зу хуррами бесару нӯг гирифта мебурд («Тоҷикистони советӣ »). Зеро кн, — гуфт Муҳаббат, — дасти ӯ монанди дасти шумо нозук нест… .д\\ӣ ни). Дар шаби торик, дар кӯчаи хилвати ором ин ду ҷавон дасти ҳамдигарро гирифта, хомӯшона мерафтанд (Айнӣ).
Суффиксҳоӣ -огин, -осо (-со), -ваш, -фом, -сор бемаҳсуланд. Онҳо аз исмҳо сифат месозанд, ки ба маънои асоси калима монанд бу­дани аломатро мефаҳмонанд: мӯи атрогин, боғи ирамолн, одами дар-вешваш, духтари париваш, нигоҳн барқосо, мӯи анбаросо, рухи гулфом, сахрои зумрадфом, марди хоксор, зулфи сумансо. У, дар ҳолате ки Оо, румолчаи атрогини худ чашм, гуш ва румшро пок мекард, ба Ҳамдам-Фӯрма наздик шуд… (Айнӣ). Муаллифоп дар китобҳо бегапе ҳам «гесӯи анбарбӯӣ , анбаросою аибарбез, мӯи муш-кин» — гуфта таъриф намекардаанд (Раҳим Ҷалил). …закону духтаро-ни онҳо дар боғчаҳои ирамоин, бо либосҳои рангини атрогин, бо сад нозу карашма хироманду занони мо мисли мо дар меҳнати сисҳ гириф-тор бошанд (Айнӣ). Бобур Мирзо як одами дарвешваш, фонисифат, каримахлоқ буд (Айнӣ). Ба сахроҳом зумрадфом паҳнои кӯҳистон бин, — Маҳистони гулободанд аз дидори духтарҳо (Раҳимӣ). Суффиксхои -о, -он. Ин суффиксҳо аз асоси замоли хозираи феъл сифатҳои аслие месозанд, ки ба хислате доро будани предметро мефаҳ-монанд. Калимаҳое, ки бо ин суффиксҳо меоянд, таърихан сифати феъ-лӣ буда, ба сифат гузаштаанд: судхӯри гузаро, суханҳои бурро, бозӯи тавоно, деги ҷӯшон, қӯраи тафсон, дарёи хурӯшон. Фотима, ман барои ту, барон ин чашму абрӯи сиёҳи ту, барои ин рун чу моҳи ту, барои ин дасту бозӯи тавонои ту, барои он суханҳои •қатъии буррои ту таӣ ёр ҳастам, ки худамро дар як деги чӯшон, дар оташи сӯзон, дар кӯраи тафсон, дар дарёи хурӯшон андозам (Айнӣ).


Download 303.96 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   4   5   6   7   8   9   10   11   12




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling