Кори курсӣ вавазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси
Download 303.96 Kb.
|
Абдулҳамидов Анушервон
ДАРАҶАИ МУҚОИСАВӢ
Дараҷаи муқоисавии сифати аслӣ бартарии аломати як предметро нисбат ба предмети дигар нишон медиҳад: Агар ба ҷои озодатар хобиданро хоҳед, ҷомаи худро дар зери худатон паҳн мекуиед (Айнӣ). Гоҳо ҳангоми муқоиса аломати ду предмет муқоиса нашуда, тағи-ри аломати як предмет дар марҳилаҳои гуногуни тараққиёташ (пеши-па ё баъдина) бо ҳам муқоиса карда мешавад: Дар рӯи карнаӣ чахо гулпартоӣ кард, ки баъд аз он бозораш часпонтар шуд (Раҳим Ҷалил). Тарзи муқоисаро дар ифодаи бартарӣ ба се гурӯҳ тақсим намудан мумкин аст. Ба гурӯҳи якум ҷумлаҳое дохил мешаванд, ки дар онхо хам мукоисакунанда ва ҳам муқоисашаванда мавҷуданд: Аспони ҳам-роҳони ман назар ба аспи ман лоғартар буданд, аммо онхо бар рӯи ях паси ман хубтар ва чолоктар мегаштанд (Айнӣ). Ман аз ту зиёдтар душмани ин расму одатҳо ҳастам, — гуфт Нуралӣ (Улуғзода). Гурӯҳи дуюм ҷумлахоеро фаро мегирад, ки дар онҳо унсури му-коисашаванда мавҷуд нест. Вай ё дар ҷумлахои пеш зикр ёфтааст ва ё аз мазмуни матн бо осонӣ фаҳмида мешавад: Колхозчиёни боинсоф-тар хосили баланд рӯёндани ӯро аз ғаӣ ратмандӣ ва меҳнатдӯстии Зубайда медонистанд (Улугзода). Касе, ки ба кофтани хонаи мо омада буд,— гуфт модар,— дағалтар буд («Маориф ва маданият»). Дар ҷумлаҳои гурӯҳи сеюм аломати ҳамон як предмет дар вақтҳои гуногун мукоиса карда мешавад. Ин хусусият ба он сифатҳои дарачаи муқоисавӣ, ки хиссаи номии феъли таркибӣ шуда омадаанд, хос мебо-. шад: Ҳамчунон ки умеди арбоб бо ҳусули муддаои худ қавитар гардид, ҳамчунон тарсу бими Бибиоиша ҳам зиёдтар шуд (Айнӣ). Дар рӯи карнаӣ чахо гулпартоӣ кард, ки баъд аз он бозораш часпонтар шуд (Рахим Чалил). Дар забон ҳангоми муқоисаи аломати предмстҳои бо ҳам муқоиса-шаванда чунин ҳолатҳо дида мешаванд: аломати як предмет бо аломати предмети дигар муқоиса мешавад: Шумо аз ман ҷавонтар будаед? — пурсид оӣ мулло (Икромӣ); аломати як предмет бо аломати предметҳои ҳамҷинс муқоиса карда мешавад: Дуруст аст, ки шиками ин одам аз шикамҳои одамони дигар хеле калон буд (Айнӣ). Чӣ гӯям?—Ман оё я гон бор гуфта бу-дам, ки ту аз дугонаҳоят ё ҳамсоязанон камтарӣ («Садои Шарқ»). Ман гумон мекунам, ки нияти ӯ,—Аз ақиқ, аз бӯлур софтар аст (Турсун-зода); аломати якчанд предмет бо як предмет мукоиса карда мешавад: Сафар Ғулом ва Ака-Эргаш дар коммунистӣ аз ту кӯҳнатарапд (Айнӣ); аломати якчанд предмет бо аломати якчанд предмет мукоиса карда мешавад: Ҳамин қадараш ҳаст, ки мо калонтар, инхо донотар, яъне мо соддатар, инхо фиребгартаранд… Эшон аз мурдашуёп боиззат-тар ва хуштолеътаранд (Айнӣ ).5 Политрук, агар фаҳмед, барои онҳо аз мову шумо мушкилтар аст (Ниёзӣ); дар мавриди мукоиса баъзан аломатхои гуногуни як предмет бо ҳам мукоиса карда мешавад: Нон бошад-чӣ ? — гуфт гадозан,— барои мо барин кампирҳои бедандон тар кардагиаш аз хушкаш беҳтар аст (Айнӣ); дараҷан қиёсии сифат дар вақти ҷузъи номии феъл шуда омадан вобаста ба хусусияти феълҳои ёридиҳанда чунин маъноҳоро ифода мекунад: а) мукоиса бо аломати пешинаи предмет (мантикан) амалӣ мегардад: Вакте ки ӯ калонтар ва серпултар шуд, маӣ дафоидахӯрии сарикӯчагиро, ки баъзан пулаш месӯхт, ба як тараф гузошта ба дӯкондорони калон ва савдогарон муомила сар кард (Айнӣ); б) мукоисаи аломати предмет бо аломати баъдинаи он: Вакте ки қишлоқ боӣ тар мешавад, хочагии коллективӣ имконият медиҳад, ки дар паҳлуи он шумо як беморхона хам бино кунед (Рахим Чалил). То ки хушбахттар шавӣ , Помир, — Пора бинмоӣ синаи кӯҳсор (Миршакар). Дараҷаи бартарии сифат бо ду роҳ ифода меёбад: а) синтетики, б) аналитики (таркибӣ). 6 Роҳи синтетики. Роҳи синтетики роҳест, ки дар он дараҷаи бартарӣ ба воситаи афзудани суффикси -тар дар охири сифати аслӣ ба амал меояд: бузург — бузургтар, муҳим — мухимтар. Дар усули киёси синтетики муқоисашаванда дар ҷумла зикр намеёбад, вале вай аз мазмуни матн ба осонӣ фаҳмида мешавад. Бо ин роҳ аломати як предмет ба аломати худи он ва дар мавридҳои гуногун мукоиса карда мешавад. Суффикси -тар ба сифати аслӣ ҳамроҳ шуда, якҷоя бо он тобишҳои гуногуни маъноиро мефаҳмонад: а) нисбатан зиёд, пуркуввату баркарор шудани аломати предмети мукоисакунандаро: Не, сад бор не! Ҳамаи гап дар ҳамин, ки меҳнат бе кор наравад, кор осон шавад, зиндагӣ бехтар шавад (Икромӣ). …дар ин гуна муомилаҳо ӯ дар фикри худ инодкорона устувортар гардида, мукобилбаромадагонро ба нодопӣ ва аҳмақӣ ҳамл мекунад (Айнӣ); 7 б) ками ва норасоии аломати предметро: Бемор бошад рӯз то рӯз сусттар ва бемадортар мешуд (Айнӣ). Дар лабони хубрӯён ханда хусни дигар аст,— Чилваи ин боғ хам дар нозукӣ нозуктар аст (Турсунзода). Дар сифатҳои чида ҷои суффикси -тар гуногун аст: а) бо ҳар як аъзоҳои чида омада, маънои ҷузъи чидаро алохида таъкид мекунад: Боӣ шиками танобчиро хуб сер карда буд, ки зӯр шуда қадами худро калонтар ва кушодатар монда… (Айнӣ). Ба хама рӯзхои минбаъда хубтар, дуртар назар кардем (Турсунзода); б) бо яке аз сифатҳои чида меояд ва ба ҳамаи аъзохои он баробар тааллук дорад: Менамояд ба дида бағотат — Пурсафо, дилпишину хур-рамтар (Турсунзода). Сифат бо дараҷан муқоисавӣ дар ҷумла пас аз мавсуф меояд: Агар ба ҷои озодатар хобиданро хоҳед, ҷомаи худро дар зери худатон паҳн мекунед, хӯрҷинатонро болиы мекунед ва хобидан мегиред (Айнӣ ). Аммо барои им кор сарбанди мустаҳкамтар ва ҳавзаи калонтар сохтан лозим аст (Улуғзода). Сифатҳои дараҷаи муқоисавӣ барои таъкиди аломат гоҳо пеш аз мавсуф оварда мешаванд: Ҳозир шуморо дидаму ба дилам гуфтам, ки аз эшонҷони хурдӣ боътимодтар, донотар ва бохабартар касе мест, биё аз хампн кас пурсида гирам (Икромӣ). Баъзеҳо ҳазил, баъзеҳо танқид мекунанд, баъзеҳо аз рӯи манфиати кор ҷӯрагиро ба як сӯ монда, сахт-тар ҷазо хам медиҳанд (Ниёзӣ). Хусусияти дигари дараҷаи муқоисавии сифат дар забони адабӣ и ҳо-зираи точик он аст, ки шакли синтетикии вай дар ҷумла баъзе кали-маю таркибҳои таъкидӣ қабул мекунад. Дар ин хол аломати предмет пурқувваттар ифода мегардад. Ба ип вазифа калимаҳои таъкидии гу-ногун меоянд. Зарфн «боз», ки ба таври иловагӣ зиёд ё кам шудани аломати предметро мефахмонад: Ҳамон Қудрати самоворчии худамон, — Пулод ба оянда боз хубтар диққат карда… (Айнӣ). Рухсораи гулгуни у боз гулгунтар шуд (Ҳаким Карим). Калимаи «боз» бо сифатҳои мукоисавии чида низ омада метавонад. Дар ин маврид «боз» гоҳо пеш аз аъзом чидаи аввал ё ки пеш аз ҳар як аъзои чида вокеъ мешавад: Шабҳо боз фоҷеътар ва боз ҷонкоҳтар мегашт (Айнӣ). Аз оғӯши боду бӯрон мисли укоб сипа ба пеш дода, боз устувортар. далертар ба пеш поӣ менихад (Ниёзӣ). Зарфи «боз» ва ҳиссачаи «ҳам». Агар «боз» бо дараҷаи мукоиса вии сифат омада, афзудани миқдори аломати предметро фаҳмонад, бо илова гаштани «ҳам» маънои вай таъкид меёбад ва пуркувваттар ме гардад: Бинобар ин ба шумо узр гуфтанӣ ва аз дилатон бароварданӣ шуда ба пеши шумо нишастам, гуфт бо оҳанги боз ҳам мулоимтар, лекин ҷиддӣ (Айнӣ). Ин ҳол ба асаби вай боз хам сахттар таъсир кард (Икромӣ). Ин калимаҳо бо сифатҳои чида гоҳо пеш аз аъзои чидаи аввал, гохо бо хар як аъзои он меоянд:8 Рақси ӯ дар зери усули устодонаи Муллоҳомид боз ҳам моҳиронатар, боз ҳам нодиронатар баромад (Айнӣ). Дар танаш куртаи чити гулдор пӯшида, мӯяшро ба пешонааш оварда тугун намуда буд, ки ба вай хеле мезебид ва Дилбари шӯхро боз хам шӯхтар ва дилработар карда нишон мсдод (Икромӣ). Зарфи «торафт», ки ба дараҷаи мукоисавии сифат хамроҳ шуда, афзоиш ё камшавии паӣ дарҳами аломати предметро мефахмонад: Чашмони камс аз ин пеш ниҳоят ҷиддии Ашрафпартизан торафт шод-монтар мегардиданд (Раҳим Ҷалил). Катори одамоне, ки дар таги дари зарринкории Қаъба ба иавбат истодаанд, торафт зичтар ва ғафстар мегардид (Муҳаммадисв). Зарфхои «андак», «қадре». Ин калимаҳо ба сифат тобиши зиёд ё кам шудани микдорп аломати предметро илова менамоянд: Ана дар ин гуна тазъики об, ки баъзан трубаҳои ҷӯянӣ ва иементии андак тунук-тар тоб наоварда кафида мераванд, трубахои сафолнни шумо мумкин нест, ки тоб оваранд (Айнӣ). Дар рӯзҳои охир қадре беҳтар шуда, сар аз болишт бардошта буд… (Айнӣ). Калимаҳои «дучандон», «ҳазор бор», «ланд дараҷа», «чандин ма-ротнба» ва ғаӣ раҳо, ки дар худуди муайян зиёд шудани аломати предметро аз ҷиҳати миқдор ва дараҷа таъкид мекунанд: Дуюм ин, ки шароити зиндагониаш бо Одина чанд дараҷа душвор-тар буд, зеро Одина уро чунон ки маҳбуби аз ҷон ширинтар буд, инчу-нин ягона иарастораш хам у буд… (Айнӣ ). …аз ин гуна беаеое аз тарсида гурехтап, ки рӯзе чанд бор воқеъ мешавад, бо шамшери аскарони сурх кушта шудан ҳазор бор беҳтар аст (Айнӣ). Шабхо дар чога-хи танхоӣ фикру хаёл карда, он хикояро худаш боз ҳам чандин мароти-ба афзунтар карда медид (Икромӣ). Суффикси дарачаи муқоиеавии -тар дар забони адабии ҳозираи то-ҷик серистеъмол мебошад. Ин суффикс на танҳо бо сифатҳои гуногун-маънои аслӣ дарачаи мукоисавӣ месозад, балки бо сифатхоп нисбии ба сифати аслӣ гузашта, сифати феълӣ ва исмҳои ба зарф табдилёфта ва ё сифатхои иктибосӣ низ меояд: равғанинтар, ҷақондидатар, олудатар, арзандатар, абстракттар, конкреттар. Рохи аналитики. Бо рохи аналитики (ё таркиби) ифода гаштани муқоиса он аст, ки прсдмстҳои киёсшавапда дар ҷумла хузур дошта, сифати аслӣ бо ёрии пенюяндхо дарачаи муқоиса месозад: Ин хона аз он хона калон аст. Дар ташкили мукоиса пенюяндхо аҳамияти махсус дошта, махз бо ёрии онхо ва сифати аслӣ муқопса сурат мегирад. Дар муқоисаи ало-мати предмстхо пешояндҳои зерин иштирок мекупанд: Пешоянди аз. Яке аз роххои асосни бо роҳн аналитики ифода намудапи дарачаи бартарии сифат якчоя омадани пешоянди аз ва сифати аслӣ бо ҷузъҳои мукоиса мебошад. Дар ин вакт предмети муқоисашаванда дар шакли дарачаи одди ва ё бартарӣ меояд: Дар он ҷамъ гашта зи ҳар фаслу бобе, Памоянд сухан беҳ зи дурри хушобе. (Р а ҳ и м и). Нағз, — гуфт Шодӣ, — аммо тарбузҳои полези колхози мо аз ин ҳам калонтар ва хеле ширин мешавад (Икромӣ). Дар як вақт нстифода шудани усули муқоиса аҳамияти услубӣ дорад, бо ин восита маънӣ таъкид меёбад. Истеъмоли сифати дараҷаи муқоисавӣ бо суффикси -тар бештар дида мешавад, ки бесабаб нест. Агар роҳи таркибӣ дар ҷумла ҳатман мавҷуд булана ҷузъҳои муқоисаро талаб купад, роҳи синтетики бе муқоисашаванда ифода мегардад, ки барои тарзи ифодаи мӯъҷаз мусоид-тар мебошад. Ғаӣ р аз ин дар усули синтетики ба шакли чида омадани сифат назар ба рохи аналитики созгортар аст: Аъзоёни бригада садое наб’ароварда, сархам машғули васеътар ва чуқуртар кандани чашма шуданд («Садои Шарқ»). Пешоянди «аз» ва пасоянди «дида». Дар ҷумла мукоиса метаво иад дар як вақт бо ду воситаи грамматики — бо пешоянди «аз» ва калимаи «дида» ояд. «Дида» нисбат ба пешоянди «аз» вазифаи ёридихандаи иловагиро ичро мекунад. Пасоянди «дида» доимо пас аз пешо янди «аз» ва предмети муқоисакунанда (агар муқоисакунанда бо худ калимахои тобеъ дошта бошад, пас аз онхо) воқеъ мешавад. Дар ин маврид сифат метавоиад дар шакли дараҷаи муқоисавӣ ва ё дараҷаи оддӣ истифода гардад: Аз хонаи оӣ мулло дида ба вай ин ҷо нағз нест магар? (Икромӣ). Аз Май дида ту худат маро хуб медонӣ (Ниёзӣ). Аммо шумо, дугонахо, аз ман дида озодтаред (Икромӣ).9 Дар таркиби мукоиса омадани пасоянди дида асосан хоси забони гуфтутӯӣ буда, бештар дар нутқи персонажхои асари бадеӣ вомехӯрад. Пешояндхои нисбат ба, назар ба. Дар забони адабии ҳозираи то-чпк муқонса иичунин ба воситаи пешояндхои таркпбии нисбат ба ва назар ба ифода мешавад. Дар ин маврид сифати аслӣ дар шакли дарачаи оддӣ ё дарачаи муқоисавӣ омада метавоиад: Духтур бо панҷахои нисбат ба дасти кӯтоҳаш дароз… набзи Пулодро гирифт… (Раҳим Чалил). Вай … ба аскарбачаи нисбат ба дигарон сертараддуди камкор… муроҷиат кард (Ниёзӣ). Ботурчаи.хурдсол, навдарсхон ва сохти баданаш нисбат ба бародаронаш мӯтадилтар, дар кирдор ба бародарони худ мукобил буд (Лини). Аспони ҳамроҳони ман назар ба аспи ман лоғартар буданд (Айнӣ). Шакли муқоиса бо псшояндҳои таркибӣ дар ҷумла бо сифатҳое омада метавонад, ки калимаҳои қувватдиҳанда доранд. Онҳо бо мафҳуми муқоиса тобиши боз ҳам зиёдтар шудани аломати предметро плова менамоянд: Дар дари яке аз ин хуҷраҳо, ки нисбат ба дигарҳояш қадре калонтар аст, «золи заседани», «нишемангоҳи амир» гуфта на-виштааид (Айнӣ). Ҳангоми бо пешояндҳои мазкур ифода ёфтани мукоиса дар ҷумла мавҷуд будани ҷузъҳои мукоисакунандаю муқоисашаванда ҳатмист, чунки онҳо аломати предмет, ҳодиса ё воқеаро бо аломати ба он монанди предмет, ҳодиса ва воқеаи дигар ё ки бо аломати худи он (факат дар мавридхои гуногун) мукоиса мекунанд: Дар он сароӣ Боярчӣ ном як ҳинду буд, ки нисбат ба дигарон як дараҷа камбӯӣ тар ва озод-тар буд (Айнӣ). Хоҳараш нисбат ба ӯ баландкоматтар ва сафедрӯӣ тар буд («Садои Шарқ»). Дар ин мисолҳо аломати предметҳои гуногун мантикан бо ҳам мукоиса шудаанд. Дар мисолҳои зерин аломати ҳозираи предмет бо аломати пешина ё баъдинааш мукоиса карда мешавад: Ҳавлии Қарокӯли-бои машқур, ки дар гузари Чордараи Бухоро буд, он рӯз нисбат ба дигар рӯзҳо серрафтуоӣ тар шуда буд (Икромӣ). Ифодаи муқоиса бо зарфи нисбатан. Мукоиса ба воситаи зарфи нисбатан низ ба вуҷуд меояд. Бо зарфи нисбатан сифат метавонад дар шакли дараҷаи одди ё ки дараҷаи муқоисавӣ ояд: Дигар то ба худи гузари Кӯкалтош мо аз роҳи калон рафтем, ки ба ҳар ҳол нисбатан сер-рафтуоӣ буд (Икромӣ). Ҳама мехостанд, ки то тахт шудани ҳуҷҷатҳо ва иҷозатномаи сафари Мадинаи мунаввара ду-се рӯзи интизориро дар ин шаҳрчаи обу ҳавош нисбатан сабук гузаронанд (Муҳаммадиев). Ода-тан шамъ вакте ки сӯхта ба поён расид, як шӯълаи нисбатан боқувват-тар мебарорад ва дар паи он тамоман хомӯш мешавад (Айнӣ). Занаш, ки нисбатан ба назар ҷавонтар менамуд, дар сари оташдон хӯрок ме-пухт (Рахим Ҷалил). Дар ҳолати мукоиса бо калимаи нисбатан предмети мукоисашаванда дар ҷумла намеояд, аммо он аз мазмуни матн ба осонӣ фаҳми-да мешавад. Download 303.96 Kb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling