Кори курсӣ вавазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси


ТАБДИЛИ СИФАТИ АСЛӢ БА СИФАТИ НИСБӢ


Download 303.96 Kb.
bet5/12
Sana17.06.2023
Hajmi303.96 Kb.
#1519869
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   12
Bog'liq
Абдулҳамидов Анушервон

ТАБДИЛИ СИФАТИ АСЛӢ БА СИФАТИ НИСБӢ
Ба аслӣ ва нисбӣ ҷудо кардани сифатҳо то апдозае шартист, чунки ҳудуди бАйнӣ онҳо чандон тағирнопазир нест. Баробари инкишофи маънои нав ҳудуди сифатҳои аслию нисбӣ низ тагир меёбад. Маънои муносибати предмети бо маънои аслӣ хеле наздик аст. Аз ин рӯ дар шароити мусоиди нутқ сифати нисбӣ хусусиятн аслӣ мегирад. Махсусан маънои маҷозӣ паӣ до карда, ба сифати аслӣ гузаштани он бештар мушоҳида мешавад: симин, булӯрин, сангин, оташин. Табдили сифатҳои аслӣ ба сифатҳои нисбӣ ду хел мешавад: а) як гурӯҳ сифатҳои нисбӣ дар шароити муаӣ яни синтаксиеӣ ба вазифаи си­фати аслӣ меоянд. Чунончи, агар дар ибораҳои кафаси симин^ дари оханин, суфаи сангин, канддони булӯрин сифатҳои симин, оханин, сан­гин, булӯрин аз қадом материал сохта шудани предметро фаҳмонида, ҳамчун сифати ннсбӣ вокеъ шуда бошанд, пас дар ибораҳои соӣ ди си-мин, дили сангин, иродаи оханин, саломи оташин, бозӯи булӯрин онҳо ба аломатҳои мазкур доро будани предметҳоро маҷозан ифода намуда, ҳамчун сифати аслӣ зухур кардаанд. Асдӣ ё нисбӣ будани ин гурӯҳ сифатҳо танҳо дар матн муайян мегардад; б) гурӯҳи дигари сифатҳои нисбӣ аслан чун сифати нисбӣ сохта шуда бошанд ҳам, бо мурури замон тадриҷан ба сифати аслӣ гузаштаанд. Сифатхое, ки бо суффиксҳои -нок, -манд (фоиданок, хатарнок, хирадманд, давлатманд), бо префиксҳои бо-, ба-, бе-, но- (боақл, бенамак, ботадбир, нокас) сохта шудаанд, ба ҳамин гурӯҳ мансубанд. Ин гуна сифатҳо аломатҳои грамматикии сифати аслиро қабул мекунанд: ота-шинтар, хеле оташин, мардонатар. 4
1.2.Дараҷаҳои сифат ва суффиксҳои сифатсоз
ДАРАҶАҲОИ СИФАТ
Дараҷаи аломат дар сифатҳои аслӣ микдоран каму зиёд шу­да метавонад. Вобаста ба ин дараҷаҳои сифатро аз рӯи ифодаи муқои-са ба ду гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст: а) дараҷаҳои қиёсӣ; б) дара-ҷаҳои ғаӣ риқиёсӣ. Дараҷаҳои қиёсии сифат кам ё зиёд шудани аломати предметро дар асоси муқоисаи аломати предметҳои ҳамҷинс ифода менамоянд. Дараҷаҳои қиесӣ ба муқоисавӣ (бузургтар, латифтар) ва олӣ (калон-тарин, хушбахттарин) ҷудо мешаванд. Дараҷаҳои ғаӣ риқиёсӣ каму зиедии миқдори аломати предметро бе муқоисаи аломати предметҳои ҳамҷинс мефахмонанд: зебояк, сурхча, кабудтоб, зардина, суп-сурх, калон-калон, хунуки хунук. Албатта, дараҷаҳои каму зиёдӣ низ аслан ба муқоиса асос ёфта-аст. Масалан, сурхча аслан дар асоси бо сурх мукоиса кардан ба ву-ҷуд омадааст. Дараҷаи зиёдии суп-сурх ҳам ҳамии тавр аст: суп-сурх нисбат ба ранги аслӣ (сурх) дороӣ аломати бештарест.

Download 303.96 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   12




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling