Кори курсӣ вавазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси
БОБИ II. КАЛИМАСОЗИИ СИФАТ БО РОҲИ ВАСЛШАВИ КАЛИМАҲО ДАР РОМАНИ “ФИРДАВСӢ”-И СОТИМ УЛУҒЗОДА
Download 303.96 Kb.
|
Абдулҳамидов Анушервон
БОБИ II. КАЛИМАСОЗИИ СИФАТ БО РОҲИ ВАСЛШАВИ КАЛИМАҲО ДАР РОМАНИ “ФИРДАВСӢ”-И СОТИМ УЛУҒЗОДА
2.1. Корбасти калимасози сифат ва зарурати истифодашавии он дар романи “Фирдавсӣ”- и С.Улуғзода Бо роҳи васлшавии калимаҳои чудогона сохтани сифат яке аз типҳои сермаҳсул мебошад. Калимаваслшави воситаи асосии ташкилёбии сифатҳои мураккаб ба шумор меравад. Алоқаи байни ҷузъҳои сифатҳои мураккаб ду хел мешавад: Алоқаи пайваст ва тобеъ мешавад. Дар типи пайвасти алоқа ҷузъҳо ба ҳамдигар тобеъ набуда, баробархукук мебошанд ва яке аз он ҷузъҳо маънои ҷузъи дигарро такмил медиҳад, пурра мекунад. Дар типи тобеи алоқа яке аз ҷузъҳо ба дигаре тобеъ буда, онро эзоҳ медиҳад. Сифатҳои мураккаби пайваст. Бо роҳи алоқаи пайваст сохташавии сифатҳои мураккаб дар забони тоҷикӣ типи каммаҳсул аст. Сифатҳои мураккаби типи пайваст бо чунин роҳҳо сохта мешаванд: Бо такрори исм: мӯи тор-тор, қалби реш-реш, мӯи мавҷ- мавҷ, нолаҳои зор-зор. Тоби ситораҳо ва фуруғи доси борики моҳ аз байни анбўҳи шохаҳои дарахтони коҳилона гузар карда, гулбуттаву шукуфаҳои ду бари пайраҳаро хира-хира ба чашм намуддор месозад (сах. 12).15 Хушанг ба ӯ чашм боло накарда, суханро канда-канда ба ҷои ҷавоби суолхо чизи дигаре гуфт: Факат як... Факат ду дафъа... ҳарифона кардем... Саид шароб овард... Ба дарс ҳозир шуда натавонистем... Бо ҳамроҳ кардани ду калима мустақил ё такрори як калима ба воситаи садонокҳои пайвасткунандаи о, у: Дӯстони чоноҷон, гулҳои рангоранг, кӯҳҳои дуродур, рохи пурхамупеч, дараҳои пурпечутоб, рохи печутобдор. Дар боғ танҳо хонаи пешайвондоре, ҳуҷракоргоҳи шоир воқеъ ва пеши хучра гулзор буд, дар гулзор садбаргҳои рангоранг, гули точи хурус, райхон, савсан, бунафша ва гайра мерустанд (саҳ. 7).16 Дар ҷумлаи мазкур сифат ба воситаи такрори ду калимаҳое, ки исм астанд, яъне ранг ва ранг бо гирифтани миёнванди о ба сифат табдил ёфтаанд. Сифатҳои мураккаби тобеъ. Ин типи сохташавии сифатҳои Мураккаб хеле сермаҳсул мебошад. Сифатҳои мураккаби типи тобеъ бо роҳи бевосита васлшавии калимаҳои гуногун сохта мешаванд. Чунончи: Аз ду исм: одами раҳмдил, мурғи пӯлодбол, шоири оташзабон, духтари мохпайкар, мардуми оҳанирода,аспи бодпо,арӯси лаълрух ва мин. Ин гурӯҳи сифатҳо бо аломату хусусияте соҳиб буда, аломати зоҳирӣ ва ботинии ашёро мефаҳмонанд: Иттифоко дар пойи қалъа ба марди шамшодқомати озодалибосе бархўрдам, саломаш додам, пурсид "кисти?", гуфтам фалонии шоирам,аз Нишопур омадам, қассидае ба номи ҳоким дорам, мехоҳам ба вай гузаронам(сах. 17).17 Дар ҷумлаи мазкур шамшодкомат калимаи мураккаби тобеъ буда, решаи аввали он, яъне шамшод ва решаи дуюми он комат, ки ҳар ду исманд, сифатро ташкил намудаандва яке тобеи дигаре мебошад. Маро гуфт он моҳи хуршедчехр, Ки аз ҷони ту шод бодо сипеҳ (саҳ.49).18 Дар мисраҳои мазкур хуршедчехр сифати мурракаби тобеъ мебошад, ки он ҳам аз ду калимаҳои исмбуда ташкил ёфтааст: хуршед ва чехр(чехра). Ин ду калима ба ҳам тобеанд, яъне яке тобеъшаванда ва дигре тобеъкунанда. Боргох иборат аз хонаи калони дарозрўяи гачкорӣ буда, токчаҳои мунаккаши мехробшакл дошт, дар сакфи баландаш чилчароги булўрин овезон, фаршаш бо қолинҳои тиллоранги гулдор пўшида буд (саҳ.76).19 Аз ду сифат: чизҳои хушгуворо, дасти пурзӯр, наъраи пуршўр, бозуи пурзӯр Насими руди пуробу пурхуруш ва дами кўҳсорони барфпўш нек асаре бар иклими вилоят доранд: дар обу ҳавои мусоид аз баҳорон то поёни тирамоҳ киштзорҳо пурфайз, боғистонҳо шукуфон, меваҳои ширадор фаровон, чаманзорҳо ба нашъу намоянд(сах.6).20 Дар ҷумлаи зикргардида калимаи пурхурӯш сифати мураккаби тобеъ мебошад. Ин калимаи мураккаб аз ду калимаҳои содаи сифати иборат аст,ки решаи аввал пур ва решаи дигари он хурӯш мебошад. Аз исму сифат ва ё сифату исм: Ҷомаҳои гулкалон, одами қадбаланд, қадпаст, пахтаи нахдароз, одами табънозук, чукурии серсанг, гули хушбуй, саҳроҳои пурбарф, аспи хушсурату хушрафтор, халки некуном, ҳофизи ширинсухан, пири хушбахт, одами бадхайбат, боғи хушҳаво ва монанди ин. Аз шавҳараш ҳафт сол хурдтар буда, дар муқобили марди панчохсолаи тануманди каллакалони паҳнриш ҳамчун духтари нозукандом менамуд(саҳ.14). Дар ин ҷумла калимаи паҳнриш сифати мураккаба тобеъ мебошад, ки он аз калимаҳои сифатӣ ва исмӣ гирифта шудааст. Ҷузъи якуми он сифат буда, ҷузъи дигараш исм мебошад. - Фирдавсӣ як лаҳза ба вай назар дўхта дар он марди қадпасти локарандом, бо чомаю дастори на он қадар покиза, рухсораи чўкидаеву риши паҳни жўлида, ошнои мадрасагии бисту як сол пеши худро ба зур шинохт: -Найсонӣ? (сах. 16).21 Калимаи қадпаст дар ҷумлаи мазкур сифати мураккаби тобеъ мебошад, ки кисми аввали он аз исм ва кисми дигари он аз сифат ташкил ёфтааст. Атрофиёни качсаликаи мамдўҳ ё ки бахилони бадсиришт шеъри шоирони гарбиро назди мамдўҳ хоки кўча мекунанд,- шуква кард Найсони(саҳ.17). Дар ҷумлаи мазкур низ сифати мураккаби тобеъ дида мешавад, ки кисми аввали он сифатро ва кисми дигари он исмро ташкил додааст. Ин занаки ҳавобаланд ба ҳар чиз хўрдагирӣ мекунад, ба ҳама панд мехонад, гуфтораш ҳама аз набию васию имоми шаҳид аст, мисли ин ки онҳо амоҳояш мебошанду вай ҳадисҳои онҳоро аз забони Худашон шунидааст (сах. 20). Дар ҷумлаи мазкур бошад, баръакси ҳоли калимаи дар ҷумлаи болотар дидаамон мушоҳида карда мешавад. Яъне дар ин калима аввал исм ва сипас сифат омадааст, ки ҳарду сифати мураккаби тобеъ сохтаанд. Дар кучахо бачагони хурдсолро навозиш карда, шириниҳо дода мепурсидааст, ки оё модару хоҳаронашон намоз мехонанд ва агар маълум шавад, ки намехонанд ё боре нахондаанд ё ки маросиме аз маросимҳои динниро бачо наёвардаанд, шавҳарон ва падарони онҳоро ба кўча садо карда, дар байни мардумон таҳқир менамудааст(саҳ. 20). -Маро маъзур доред, ман аслан шўрида шўридатабъам, ҳазрат, овозам дурушт, суханонам аз гайри ихтиёри худам тунд бар меоянд...(саҳ.23).22 Баъди як дам хизматгораш як марди паҳнриши хирарӯйро сар карда ба хучра даровард(саҳ.34).23 Дар ҷумлаи мазкур низ сифати мураккаби тобеъ дида мешавад. Ин калима аз ду ҷузъ ташкил ётааст, ки ҷузъи аввли он сифат буда, ҷузъи дигари он бошад исм аст. Ҷавони миёнқади хушсурат, мешчашм, хати ришу мўйлаби маҳин чехраи сабзинаашро пушонда буд, бо ҳаёву одоб бо шоир ворхўрди кард(саҳ.51). Устоди туси, албатта, онро аз он шоири миёнаистеьдод ба маротиб беҳтару ҷозибтар назм хоҳад кард(сах 86).24 Дар ин гурӯҳи сифатҳои мураккаб калимаҳои хуш, пур, сер, бад, ранг, сар, дил ҷузъҳои хеле серистеъмол мебошанд: хушфикр, хушсурат, хушбахт, хушҳаво, хушгап, хушмуомила, сиёхдил, дилшод, дилсард, бадх бадрафтор, бадкор, бадгап, сарбаланд, сарбарахна, сарсафед, сарлуч, серсоҳа, гулобиранг, сиёхранг, пурнур, пурзӯр, пурдард, пурҷасорат, пурмаҳорат, пуркувват, пурҳунар ва ҳоказо. Эрачи софдил, накўкор, хайрандеш он қадар ба дили шоир нишаста ва он қадар барояш азиз гаштааст, ки вай аз кушта шудани ў ба даҳшат меояд, мисли ин ки хуни фарзанди худашро мерехта бошанд(сах. 12)25 Фотима ба чашми шавҳараш беш аз пеш зебою дилрабо намуд(саҳ.13). Дар намози пешин ба масчид рафта, ҷамоати пургавгоеро дид: хамон рўз ба хонаҳои ҳамдеҳагиёни ў ҳам мисли балои ногаҳониву казои осмонӣ омили хироҷ даромада будааст (сах. 34). Шоир дилтанг шуд(саҳ.48). Ҳар ду хуриш ниҳоят бомаза ва хушгувор буд, шоир бо ҳамроҳонаш ҳар бор, ки ба сайру гашт мебаромаданд, дар ягон ошхонаи соҳоли рўд дам гирифта, ҳатман аз ин ду хуриши лазиз тановул мекарданду сипаас кахва нўшида боз сайру гашташонро давом медоданд(сах. 80).26 Маншурии қаддарози қоқина аз умри шастсолааш камсолтар ва бардам менамуд.(саҳ.122). Шоирон ва дигар як даста шахсони бо виқору ҳашамат, КИ зохиран сохибмансабон, уламон ва машоих будан, баъд аз намоз аз масчид баромада ба тарафи калъа равон шуданд.(саҳ.123). Download 303.96 Kb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling