Кори курсӣ вавазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси


Download 303.96 Kb.
bet7/12
Sana17.06.2023
Hajmi303.96 Kb.
#1519869
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   12
Bog'liq
Абдулҳамидов Анушервон

ДАРАҶАИ ОЛӢ
Дараҷаи олии сифат ҳадди охирини аломат ва ё ба дараҷаи олии аломат соҳиб будани яке аз предметҳои ҳамҷинсро дар мукоиса бо предмети алоҳида ё гурӯҳи предметҳо мефаҳмонад: аз ҳама калон­тар, аз хама хубтар, бехтарини роҳхо, зеботарини иморатхо, машҳурта-рин олим, зеботарин шаҳр, наздиктарин дуст. Дараҷаи олии сифат бо ду роҳ ифода мешавад: а) бо роҳи синте­тики, б) бо роҳи аналитики. Рохи синтетики. Ин шакли дараҷаи олӣ дар натиҷаи ба сифати аслӣ ҳамроҳ шудани суффикси мураккаби -тарин ба вучуд меояд: Хосият хурсанд буд, ки шавҳараш имрӯз бо дугонаи наздиктарини вай дӯстона муомила мекунад (Улуғзода). Артисткаи пешқадамтарин, занн озод, намунаи духтари мадании советӣ буд (Икромӣ). Роҳи аналитики. Шакли мазкур бо роҳи ба хам омадани тар-кибҳои аз ҳама, аз тамоми ва сифати аслӣ сурат меёбад: аз ҳама доно, аз хама пешқадам, аз тамоми касбу хунархо авлотар. Дар ин мавридхо сифати аслӣ дар шаклҳои зерин меояд: а) дар шакли дараҷаи оддӣ: — Рост, оӣ муллои ту аз ҳама як сару гардан баланд буд (Икромӣ); б) дар шакли дараҷаи муқоисавӣ : Дар болои буз факат як еӣ нафар саворони аз ҳама ғаюртар монданд (Улуғзода). Таркибӣ «аз хама» бо сифатҳои аслии оддӣ, муқоисавӣ ва олӣ шакли дараҷаи олии сифатро ташкил дода, хусусияти махсуси услубӣ зо-х.ир мекунад. Масалан, дар иборахои «кори аз хама дущвор» ва «кори аз хама душвортар» сифати дуюм назар ба якум бештар таъкид меёбад.
ДАРАҶАҲОИ ҒАЙРИҚИЁСИИ СИФАТ
Дараҷаҳои ғаӣ риқиёсӣ , чунон ки дар боло хам пшора шуд, аломатро бе муқоисаи предметҳои хамҷинс ифода менамоянд. Агар дар дараҷахои қиёсӣ мақсади асосӣ дар муқоиса муайян намудани барта-рии аломати предметҳои ҳамчинс бошад, дар категорияи дараҷахои ғаӣ риқиёсӣ чизи асосӣ нишон додани кам ё зиёдии аломат аз меъёри мӯътадил мебошад: барги заб-зард, ранги заҳирча. Дараҷаҳои ғаӣ риқиёсӣ ду хел мешаванд: дараҷаи зиёдӣ ва дара-ҷаи камии аломат.
Дараҷаи зиёдӣ маънои зиёд будани аломати предмет, ҳодиса ва воқеаро мефаҳмонад, маъноеро мефахмонад, ки аломат дар предме­те аз меъёри мӯътадил беш аст. Дараҷаи зиёдии аломат бо чунин рох-хо ифода меёбад:
1) бо роҳи бевосита такрор шудани сифати аслП: либосхои лах-лах, олуҳои калон-калон, мижгонҳои дароз-дароз;
2) бо роҳи бо сифат-хои аслӣ омадани зарфҳои микщору андоза: хеле озода, басо хуб, бис­ер зебо, нихоят хатарнок, бағоят реза, бехад борик, беандоза ширин, бенихоят шод, аз хад зиёд: То як поси шаб бо тамопюи ин манзараи табиат хобаш набурд. Оянда ба назараш бисёр дурахшон метофт (Айнӣ). Аз Май хавотир нашавед, ҷаноб, аҳволам басо хуб аст (Муҳаммадиев).. Чашмони каме аз ин пеш нихоят ҷиддии Ашраф-партизан то-рафт шодмонтар мегардиданд (Толис). Аз рӯи одам хурсандии аз хад зиёд ногахонӣ ва инчунин тарси сахти нохост рӯӣ дода, сустдилонро са-баби ҳалок мешавад (Айнӣ); 10
3) бо роҳи такрори нопурраи сифатҳои таъкидӣ, ки мазмунан дара-ҷаи олии аломати предметро бе мукоиса ифода менамоянд. Дар ин шакл чунин конуниятро мебинем: ҳиҷои аввали калима такрор шуда, овози охирини он мувофики конуни фонетики вобаста ба мавкеаш пеш аз беҷаранг ояд, ба «б», ҷарангдор ояд, ба «б» ё «д» бадал мешавад: каб-кабуд, буд-бутун, заб-зард: Бо шунидани ин сухан рангу рӯи Гулнор аз хиҷолат суп-сурх шуд (Айнӣ). Мактаби хушҳавои даҳсола, сап-сафед аст дар миёни деҳ… (Турсунзода). Дар калимаҳои каппа-калон, топпа-тоза, дуппа-дуруст ва мисли инҳо баробари нигоҳ доштани хиҷои аввал овози охирини ҳиҷо ба «п» табдил гашта, барои ҳифзи бутуни калима ва ё ташкили ҳамвазнӣ бо он ҳиҷои дигар дар шакли «па» хамрох мешавад: Муким, ба кавли Ака-Истад дуппа-дуруст, бо падараш чоӣ хӯрда менишаст (Икромӣ). Агар пул бошад, халосӣ оппа-осон, хама гап дар сари пул, — гуфт (Айнӣ). Шакли мазкури дараҷаи гаӣ рикиёсӣ асосан хоси услуби гуфтугӯист. Сифатҳои таъкидӣ бештар ба исмҳои ифодакунандаи рангҳо, баъ-зан шахе ва предметхои дигар вобаста шуда меоянд: Дар вакте ки Гулсум ин сухани охирини худро мегуфт, рӯяш аз хиҷолат суп-сурх шуда дурахшид (Айнӣ). Бо рохи кап-кабуди бепоён, меравад рох хо-хари хуршед (Миршакар). Ҳозир ҳам ба Май баъзан лозим меояд, ки ба одамони каппа-калон — ба шавҳарон ва падарҳо панду насиҳат ку­нам. («Шарқи сурх»). Ин хоначаи нав сафедшудаи асбобу ускунааш оддиву кам, вале напна-нави озодаро дида, ман хоначаи муҷаррадонаи худро… ба хотир овардам («Шарқи сурх»). 280. Дараҷаи камии сифат аз меъёри мӯътадил паст будани ало­мати предметро мефахмонад. Вай бештар аломатҳои ифодакунандаи рангро дар бар мегирад ва ба дараҷаи оддӣ нарасидани ягон хели онро нишон медиҳад. Дараҷаи камии аломат бо чунин воситахо ифода меёбад: а) ба воситаи ҳамрох шудани суффиксн -ча ба сифати аслӣ, ки танҳо бо сифатхои матэнои ранг ом ада аз ранги мӯътаднл кам, яъне ба он нарасидани аломатро мефаҳмонад: Ранги захирчаи рӯи вай (Раҷаб) холо аз таъсири Май андак сурх шуда буд ва бсором меваю нон мехоид (Рахим Чалил). Дар ин вақт дарро нопурсиш кушода як ода­ ми коматбаланд, ки ба сараш саллаи хокистарранг, дар танаш чакмани нимдошти зардча ва дар пояш мӯзаи пошнаборик дошт, даромада омад (Раҳим Ҷалил). б) ба воситаи суффикси -тоб, ки бо сифатҳои ифодакунандаи ранг с хусусиятҳои гуногуни одамон меояд: Қариб дар миёнҷои хона, дар болои қолини калони абрешимӣ наздик ба тиреза столп бузурги сиёҳтобе гузошта шудааст (Ҳаким Карим). Аз ин воқеа ман ҳаминро паӣ бурдам, ки барои дар Бухоро шӯхрат ёфтан ва шогирд ҷамъ кардан он қадар муллоӣ хуб будан шарт набудааст, балки як дараҷа ҳунарманд ва фиребгартоб будан шарт будааст (Айнӣ); в) якбора бо ду суффикс ифода шудани маънии ба ранги мӯъта-дил нарасидани аломати предмет мумкип аст: Пӯсташ монанди ишкам-баи қадре холишуда ӯрт-ӯрт хеста меистод, рангаш хам монанди ран­ ги ишкамба сафедчатоби моил ба хокистарӣ менамуд (Айнӣ).

Download 303.96 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   12




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling