Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї
Download 0.75 Mb. Pdf ko'rish
|
Шаропова Н.М. Психологияи умуми
Деонтология дар љарроњї. Шахси бемор њамеша ба ѓамхорї ва лутфу
мењрубонї мўњтољ аст. Беморе, ки бояд љарроњї карда шавад, дар њолати таре ва руњафтодагї дар шахси љарроњ ќувваи ягонаи наљотдињандаи худро мебинад. Њар ќадаре, ки имкониятњои илми љарроњї баланд гарданд, талабот ба кори љарроњон низ меафзояд. Муносибати байнињамдигарї бо бемор 213 чизи мураккаб аст ва аз он чизњои муњим ва назаррасро људо кардан мушкил аст. Яке аз принсипњои деонтологии кори духтури љарроњ мубориза ба муќобили тарси бемор аз љарроњї мебошад, ки он бисёр ваќт сабаби ба љарроњї рози нашудани беморон мебошад. Њангоми касалињои шуш ва саратон сабаби ба љарроњї рози нашудани беморон, набудани алоќаи дуруст байни љарроњ ва бемор низ буда метавонад. Дар бораи мубориза бурдан бо тарсу њарос аз љарроњї аќидањои гуногун мављуданд. Гурўње аз духтурон бар ин аќидаанд, ки ба тарсу њароси бемор диќќат додан шарт нест, чунки доруњои хозира таъсири пурзур доранд. Гурўњи дигар бар он аќидаанд, ки кам шудани тарсу њароси бемор љароњиро осонтар менамояд. Давраи авали љарроњї ин барќарор кардани алоќаи байни бемор бо љарроњ ва омузиши шахсияти бемор мебошад. Таъсири руњию љисмонї ба бемор пеш аз љаррохї ањамияти калон дорад. Њангоми сўњбат бо бемор љарроњ бояд зарурати амалиёти љарроњиро фањмонда, беморро ба он умедвор кунад, ки оќибати љарроњї ба хуби анљом меёбад. Аз нуќтаи назари деонтологї масъалаи аз тарафи бемор интихоб шудани љарроњ хеле муњим аст. Аммо ин чиз на њама ваќт ба амал меояд, чунки мумкин аст, бемор љарроњеро интихоб кунад, ки таљрибаи дурусти чарроњї надорад. Дар ин њолат бояд ба бемор барои интихоби љарроњи пуртаљриба ёрї дода шавад. Њалли ин масъала нозук буда, бояд њам ба бемор зарари руњї нарасонад, њам ба иззати нафси љарроњ нарасад. Download 0.75 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling