Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї
Деонтология дар тибби ќадим
Download 0.75 Mb. Pdf ko'rish
|
Шаропова Н.М. Психологияи умуми
Деонтология дар тибби ќадим. Риояи принсипњои деонтологияи тиббї
дар кори духтурї касалињои кўдакон ањамияти муњимро дорост. Духтур њангоми иљрои вазифаи касбии худ бояд на танњо ба тифл ёрии тиббї расонад, балкї кўшиш намояд, ки ба холати руњонию љисмонии тифл зарар нарасонад. Кўдакон мувофиќи табиати худ зудранљ мешаванд, аз ин рў њангоми гузаронидани чорабинии табобатї, ташхисї ва пешгирикунанда хеле эњтиёткор будан шарт аст. Аз сабаби он, ки ташаккулёбии шахсияти кўдак њоло ба итмом нарасидааст, муносибати ў ба касалї ва табобат мисли калонсолон буда наметавонад. Ана њамин чиз муносибати духтурро бо бемор муайян мекунад. Духтур бояд боварии кўдакро нисбат ба худ ба даст оварад, чунки кўдакон бепарвои, беэњтиётї ва бедиќќатиро нисбат ба худашон тез њис мекунанд. Бояд дар хотира дошт, ки кўдак ваќте ки ба бемористон меояд, бояд ба давраи тамоман нави муњит ва одамон одат кунад. Баъзе кўдак тез ва ќисми дига- рашон дертар ба мухити нав одат мекунанд. Махсусан кўдаконе, ки дертар ба муњити »:авал одат мекунанд, њангоми амалиётњои табобатию ташхисї метарсанд. Ин њолатро њангоми дуруст дарк намудани руњияи кўдак бартараф кардан мумкин аст. Њангоми муносибат бо кўдаки бемор чунин маслихатњои психиолгиро ба инобат гирифтан зарур аст: -бояд бо кўдак пеш аз њама алоќа барќарор намуд, чунки тарсидани кўдак аз духтур боиси пайдо шудани нобоварии волидон ба кўдак мегардад; -рафтор, одоб, сифатњои инсони асоси бовари ба духтур шуда метавонанд. Духтури кўдакон бояд ором, бодиќќат, зиндадил ва мењрубон бошад. -яке аз вазифањои деонтологии духтури кўдакон бартараф кардани тарсу њароси кўдак ва волидони ў мебошад. 216 -иљрои вазифањои деонтологї кори духтурро осон намуда, кўдаки беморро ба ў наздик месозад. -бояд ба кўдак ва наздикони ў фањмонда шавад, ки пеш аз њама худи онњо дар иљрои супоришњои духтур шавќманд бошанд. Ба ихтисоси духтури кўдакон на танњо аз рўи сифати кораш, балкї аз рўи хатоњояш, аз љумла хатоњои деонтологияш бањо медињанд. Аз ин рў яке аз вазифањои аввалиндараљаи кўдакон худомўзии доимї буда, ў бояд нисбат бо хатоњояш сахтгир бошад ва барои ислоњи онњо кушиш намояд. Дар тибби кўдакон масъалаи муносибати байнињамдигарии кўдак, духтур бо волидони бемор љои аввалиндараљаро ишѓол мекунад. Одатан касалии кўдак боиси изтироби волидон, махсусан модар мешавад. Бемории сахти кўдак модарро руњан хароб мекунад, аз ин рў ў аз духтур талаб менамояд, ки ба тифлаш диќќати махсус дињад. Бояд дар хотира дошт, ки агар модар фарзаиди ягона дошта бошад ё ин ки ягон фарзанди дигараш пеш фавтида бошад, касалии кўдак ба ў бештар таъсир мекунад. Яке аз масъалањои муњими деонтологияи тиббї дардњои табибзод /ятрогения/ мебошад, ки он имрўзњо пробелемаи актуалии амалияи тибби кўдакон ба њисоб меравад. Бисёр ваќт дар фаъолияти кўдакон чунин њодисањое руњ медињанд, ки бо айби духтур дар кўдакони калонсол аксуламалњо (бењолшавї)-и асаб ба амал меояд. Ягон сухани бељои духтури кўдакон бо воситаи хешонаш ба гуши ў расида таъсири манфї мерасонад. Баъзан модарон аз духтур ягон маслињати хаторо мешунаванд ва тифли худро бо ин касалї тарсонида, амалиётњои ўро мањдуд мекунанд ва тифлро бовар мекунонанд, ки ў љисман носолим аст. Риоя намудани сирри духтурї бо њамаи беморон, аз љумла кўдакон низ дахл дорад. Кўдак набояд дар бораи ташхиси дардаш ва окибатњои он огоњ карда шавад. Бояд он чизро низ дар хотира дошт, ки кушодани сирри баъзе касалињои кўдакон (њангоми хоб пешоб кардан, онанизм- кафакї ва ѓ.) боварии ўро ба духтур кам мекунад ва ба он оварда мерасонад, ки кўдак нисбат ба духтур нафрат ва бадбинї пайдо мекунад. |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling