Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї


Download 0.75 Mb.
Pdf ko'rish
bet40/48
Sana11.11.2023
Hajmi0.75 Mb.
#1765687
1   ...   36   37   38   39   40   41   42   43   ...   48
Bog'liq
Шаропова Н.М. Психологияи умуми

Сирри духтурї. Кормандони тиб бояд дар кори амалии њаррўзаи 
худ сирри касбиро сахт риоя кунад. Сирри духтурї чандин садсолањо ба 
вуљуд омадааст. Дар Њинди кадим чунин маќол буд: «Аз бародар, модар, 
рафиќи худ тарсидан мумкин- аз духтур не». 
Дар ќасами машњури Њипократ ба нигоњ доштани сирри духтурї 
диќќат дода шудааст: «Хоњ дар ваќти табобат бошад, хоњ не, он чизе, ки 
аз њаёти инсон дидаам ва ё шунидаам ва он чизро фош кардан мамнуъ 
аст, ман њамеша онро њамчун сир нигоњ медорам». 


208 
Дар Россияи тоинќилобї донишљуёни факултањои тиббї баъди 
хатми омўзиш ваъда медоданд, ки «ба муњтољон ёрй дода, асрори ба 
онњо боваркардаи оилавиро муќќадас нигоњ медоранд ва хељ гоњ чизи ба 
онњо боваркардаро бо маќсади нопок истифода намебаранд». 
Дар хотира бояд дошт, ки риояи ќатъии талаботњои деонтология 
як навъи муолиља мебошад, ки дарди беморро сабук мегардонад. Риоя 
накардани ин талаботњо бошад, метавонад дар дили бемор ноумедї љой 
карда азоби ўро зиёдтар кунад. Донишманди бузурги тиб Абўалї ибни 
Сино гуфта буд, ки умеди шифо ёфтан бењтарин табиб мебошад. 
Нигоњдории сирри духтурї ба хамаи кормандони тиб, ки ба онњо 
шахси бемор мурољиат мекунад (духтурон, мушовирон, кормандони 
марказњои ташхиси беморї ва ѓайра) дахл дорад. 
Маълум аст, ки конунгузорй дар бораи тандурустй маълумот дар 
бораи касалї, њаёти оилавї ё мањрамонаеро, ки аз рўи таќозои вазифа 
ба кормандони тиб маълум шудааст, њамчун сирри духтурї меноманд. 
Фош кардани сирри духтурї ќасдан ё дидаву дониста низ мешавад. 
Аксар ваќт ин чиз дар натиљаи беэњтиётї ё худписандии кормандони тиб 
рўй медињад. Дар баъзе њолатњо асрори духтуриро њатто аз худи бемор 
њам пинњон доштан лозим меояд, њарчанд, ки бемор мехоњад дар бораи 
касалии худ маълумоти пурра дошта бошад. Њангоми касалии вазнин 
бемор бештар кўшиш мекунад, ки ташхиси дардаш ва ояндаашро 
фањмад. Агар бемор табобатнашаванда бошад, њеч гоњ ба ў сирри 
касалиашро гуфтан мумкин нест хубтараш онро надонад ва ба умеди 
бењбудї зиндагї кунад, он гоњ азоби ў сабуктар мешавад. Дар 
деонтологияи тиббї суханони зерини Њиппократ то њол маънои худро 
гум накардаанд: «Беморро бо мењр ва тасалло фаро гир». Дар ин бора 
классики илми тиб С.П.Боткин низ навишта буд: «Ман он чизро нораво 
медонам, ки агар духтур ба бемор нобоварии худро нисбати сињатёбии ў 
изњор намояд. Ў бояд бемор ва атрофиёни ўро эњтиёт намояд, чунки 


209 
барои бехбудии бемор баъзан аз наздикон низ сирри беморро пинњон 
доштан лозим меояд». 
Баъзан беморон боисрор талаб мекунанд, ки њаќиќатро фањманд. 
Ба ин њеч гоњ розиги додан мумкин нест. Бояд пуртоќатона ба бемор 
фахмонда шавад, ки ў саратони шуш не, силкасал аст ё ин ки саратони 
меъда не, балки захми меъда аст. 
П.И.Шамарин дар китоби худ «Андешањои духтурї клиника дар 
бораи касби духтурї» менависад, ки «духтур бояд ба бемор хаќиќатро 
гуяд, њарчанд он талх аст, ѓайр аз он њаќиќате, ки аз касалї ба ѓайри 
марг дигар умед нест. Ба бемор он њаќиќатро гуфтан лозим аст, ки ў 
безарар бошад ва зарари руњї нарасонад». 
Бояд њамеша беморро умедвор намуд, ки ў сињат хоњад ёфт, аммо 
агар сињатшавии ў ѓайриимкон бошад, ваъдаи дурўѓ додан мумкин нест. 
Њолатњое мешаванд, ки духтур маљбур аст ба бемор дар бораи 
касалиаш ва пешомадаш хабар дињад. Ин чиз њамон ваќт зарур аст, ки 
бемор ба амалиёти љарроњї розигї дињад. Масалаи, агар дар ѓадудњои 
шири зан варам мављуд бошад ва онро аз ў пинњон дорем, ин ба љиноят 
баробар аст. Ин варам метавонад ба саратони решанок табдил ёбад ва агар 
ба зан онро нафањмонем, мумкин аст, ки ба амалиёти љарроњї розигї 
надињад. Агар бемор ба духтур бовар карда, ба љарроњї розї шавад, он гоњ 
аз окибати љарроњї ўро хабардор кардан шарт нест. Фаќат њамон ваќт ба 
бемор фањмондан зарур аст, ки касалиаш чи оќибат дорад ва ёрї расонидан 
њатмист. 
Одатан бемор бовар мекунад, ки ањволаш бењ мешавад. Вай ба духтур 
бо умеди сињатёбї назар мекунад. Ўро бояд њаматарафа дастгирї намуд. 
Њеч гоњ ба бемор, ки ањволаш вазнин аст, гуфтан мумкин нест, ки ў мањкум 
шудааст (яъне мефавтад). Аммо ваќте ки худи бемор онро пай мебарад
духтур бояд онро фањмонад. 
Агар бемор табобатнашаванда бошаду духтур онро ба ў хабар дињад, 
ин сангдили авфнашаванда мебошад. 


210 
Фош кардани асрори духтурї он ваќт мумкин аст, ки бо саломатии 
мардум дахл дошта бошад. Масалан, маълумотро дар бораи касалињои 
сирояткунанда пинњон доштан мумкин нест, чунки ин гуна беморон бояд 
њатман ба бемористон хобонда шаванд, атрофиёни онњоро бошад 
инфироди тиббй (карантин) кардан зарур аст. Ѓайр аз ин роњбарони 
муассисањои тандурустї бояд ба органњои тафтишотию судї дар бораи 
њодисањои зањролудшавї, куштор, худкушї, зарбу лати љисмонї, гумонбар 
шудан аз бачапартоии љинояткорона хабар дињанд. Ин маълумотњо барои 
тафтиши љиноят ёфтан ва љазо додани гунањкорон заруранд. 
Масъалаи асрори духтурї дар психиатрия мавќеи махсус дорад. 
Вобаста ба ин дар «Ќонун оид ба ёрии равонпизишкї» (2002с.) гуфта 
мешавад, ки ба шахсоне, ки њангоми иљрои вазифа чизе дар бораи касалии 
руњї будани одамон маълум мегардад, бояд сирри тиббиро нигоњ 
доранд. Барои фош кардани ин маълумотњо, ки он ба одамон зарар 
меоварад, шахси масъул мувофиќи ќонун ба љавобгарї кашида мешавад. 
Муассисањои табобатї беморињои руњию асаб дар бораи њолати 
психики шањрвандон ба органњои судию тафтишотї фаќат ба дархости 
хаттии онњо маълумот дода метавонанд, тавсияномаи шифохона (картаи 
стасионарї) ва тавсияномаи дармонгоњии (картаи амбулаторї) бемор 
мувофиќи ќарори махсус гирифта мешавад. 
Муассисањои табобатии беморињои руњию асаб мувофиќи дархости 
њамин гуна муассисањо, духтурони руњшиноси дар дигар муассисањои 
табобатї коркунанда, вазорату идорањо, инчунин идорањои болоии 
тандурустї метавонанд дар бораи бемор маълумоти муфассал дињанд. 
Ба комиссариятњои њарбї, комиссиями эксперти тибби-мењнатї 
(ВТЭК), ќисмњои тиббии интернатњои асабу руњи таъминоти иљтимої ва 
маориф маълумот дар бораи бемории руњї ба воситаи ќосид фиристода 
мешавад. Ба ѓайр аз ин чизе, ки дар боло гуфта шуд, дар дигар њолатњо 
додани маълумоти тиббї дар бораи беморони руњї манъ карда мешавад. 


211 
Дар бораи беморони руњие, ки дар ќайди муассисањои руњї ва 
асабу руњї меистанд, ба дархостњои характери умумидошта додани 
маълумот мумкин нест (ѓайр аз он идорањое, ки дар боло номбар 
шудаанд). 
Ба хуљљатњое, ки маълумоти тиббї доранд, фаќат рохбари 
муассисаи табобатй ё љонишини ў њуќуќи имзо кардан доранд ва он дар 
дафтари махсус ба ќайд гирифта мешавад. 
Дархостњо ва нусхаи љавоби онњо дар тавсияномаи шифохонаи 
бемор ё тавсияномаи фардии дармонгоњии ў дўхта мешавад. 
Агар шањрвандон барои ба кор дохил шудан аз муоинаи тиббии муассисаи 
асабу руњ гузаштани бошанд, он гоњ мувофиќи конунњои амалкунанда ба ў 
гувоњнома (справка) дода мешавад, ки чунин шахс дар ќайди муассисаи 
мазкур нест. Чунин гувоњномаро баъди санљиши љиддї шахси маълуми 
муассиса муњр мемонад. 
Бо воситаи телефон дар бораи бемории руњї додани маълумот манъ 
аст. Ин гуна маълумотро фаќат ба идорањои болоии нигоњдории 
тандурустї ва ёрии фаврии тиббї баъди тафтиши такрорї додан мумкин 
аст. 
Дар бораи њолати саломатии бемор ба таври дањон фаќат ба хешу 
наздикони ў ё шахси саробон маълумот додан мумкин аст, ба шарте, ки ба 
зараи бемор набошад. 
Ба дасти шањрванд, аз љумла худи бемор, хешони вай додани 
маълумот дар бораи њолати саломатии бемор, ки он дар ќайд истодааст ё 
табобат мешавад, манъ аст. 
Агар зарурати муоинаи бемор пеш ояд, бояд роњхат бе ташхиси 
пешак дода шавад. Агар дар бемор нишонањои касалии руњї вуљуд дошта 
бошад, онро бо воситаи почта, косид ё телефонограмма фиристодан лозим 
аст. 
Ба роњбари муассисаи руњї ва асабу руњї, ба љои кори бемор 
даъватнома фиристодан зарур аст. Бо нишонии хонаи бемор низ 


212 
фиристодани даъватнома бояд хеле эњтиёткорона бошад, махсусан агар 
бемор дар хобгоњи умумї зиндагї кунад, дар ин ваќт бояд лифофаро муњр 
зада дар ягон љои он номи касалї ва муассисаи табобатї ќайд карда 
нашавад. 
Барои аз љои кори бемор маълумоти аниќ гирифтан, пеш аз њама 
майлу хоњиши шахси касал бояд ба инобат гирифта шавад. Дар њолате, ки 
бемор касалии худро аз њамкоронаш пинњон доштан мехоњад. 
Бевосита аз љои кори ў маълумот гирифтан мумкин нест. Ин корро ба 
воситаи шўъбањои ноњиявии тандурустї иљро мекунанд. 
Дар њамаи мактубу маълумотњое, ки аз тарафи муассисањои руњии асаб 
дода мешавад, бояд тавсия дода шавад, ки ин ба кадом идора ё муассиса ва 
бо кадом маќсад дода мешавад. Гузоштани мўњр њатмист. Нусхабардорї, 
ба муассиса фиристодан, дар даст додан фошкунии маълумот манъ карда 
мешавад. 
Њангоме, ки шуъбањои табобатии руњй дар дохили беморхонаи 
умумї љой гирифтаанд, роњбарони он бояд маълумотхоеро, ки ба беморони 
руњї дахл доранд, дар бинои шуъбаи табобатй руњї, дар љевонњои ќулфдор 
нигоњ доранд. 
Агар беморони майзада, нашъаманд барои табобати худ љиддї 
машѓул шуда, њамаи гуфтањои духтурро ба љо оранд, он гоњ сирри касалии 
онњо низ пинњон дошта мешавад. Дар бораи шахсоне, ки барои табобат аз 
майзадагї ба духтур мурољиат кардаанд, фаќат њангоми зарурат ба 
органњои тафтишот маълумот додан мумкин аст. 

Download 0.75 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   36   37   38   39   40   41   42   43   ...   48




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling