Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї


Деонтологияи тиббии ботинї /терапия/


Download 0.75 Mb.
Pdf ko'rish
bet42/48
Sana11.11.2023
Hajmi0.75 Mb.
#1765687
1   ...   38   39   40   41   42   43   44   45   ...   48
Bog'liq
Шаропова Н.М. Психологияи умуми

Деонтологияи тиббии ботинї /терапия/. Деонтологияи тиббї дар 
илми тибби ботинї хусусияти хоси худро дорост. Ин чиз ба доираи васеи 
масъалањои терапевта (дармоншиносї), махсусан зиёд шудани номгуи 
дорувор ва таъсиррасонии техникї ба бемор бо вобастагї дорад. Дар 
давраи њозира, ваќте ки дар таљрибаи ташхиси дард ва табобати духтури 
терапевт ба таври мунтазам усулњои мураккаби тадќиќот ва табобат дохил 
мешавад /тадќиќотњои эндоскопї ва ультрасадої/, масъалањои нави 


214 
деонтологї пайдо мешаванд. Пеш аз њама истифодаи ин ё он усул зарурат 
ва асоснокии истифодаи онро ба бемор талаб менамояд. Ѓайр аз ин 
зарурати ба бемор фањмондани усули истифодашаванда пеш меояд. 
Духтур дар ваќти истифодаи ин ё он усули нав бояд донад, ки бемор 
ба фоиданокии он боварї дорад ва аз ин рў барои гузаронидани тадќиќот 
розигї медињад. 
Ваќте, ки ба масъалаи деонтология дар терапея дахл мекунем бояд ба 
муносибати байнињамдигарии духтур бо бемор бештар эътибор дињем. Чи 
хеле, ки маълум аст, воситаи асосии усули клиникавии тадќиќот пурсиши 
бемор мебошад. Барои ба даст овардани ин маќсад, вазифаи 
аввалиндараљаи духтур ба боварии бемор соњиб шудан, дар бораи 
шахсияти ў маълумоти пурра ба даст овардан мебошад. Њангоми суњбат 
бояд хусусиятњои характер ва миљози бемор ба назар гирифта шавад, ки то 
бемор ба ин восита ба сињатёбии худ боварї њосил кунад. 
Чи хеле, ки ходимони барљастаи илми тиб кайд менамоянд, суњбати 
духтур бо бемор бояд то хадди имкон маљбурї набошад ва муносибати 
бемор бо эњтиромона, бодиќќатона буда, ба он чизхое, ки бемор мехоњад ба 
духтур икрор кунад, диќќати махсус дода шавад. Дар ин њол боварии 
духтур ва эњтироми ў нисбат ба худаш бо бемор умед мебахшад ва ў ба 
духтур ва илми тиб эътиќод пайдо мекунад. Дар ин хусус суханони яке аз 
арбобони барљастаи тиб М.Я.Мудровро овардан ба маврид аст, ки гуфта 
буд: «Алакай тарафайни руњу љисмро дониста истода, ќарзи худ медонам 
бигуям, ки доруњои руњие њастанд, ки љисмро даво мебахшанд». Њамин 
тариќ, муносибатњои деонтологї ва шахсї дар асоси ба њисоб гирифтани 
хусусиятњои психиологии бемор аз њам људо нашавандаанд. 
Масъулияти баланди гражданї ва касбї бояд ба њар як корманди 
тиб, махсусан духтурон хос бошад. Дар ин њол духтур метавонад ба 
талаботи деонтология љавоб дода, њамаи фаъолияти худро ба ќарзи асосии 
инсондустї, яъне хизмат ба одамон равона кунад. 


215 

Download 0.75 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   38   39   40   41   42   43   44   45   ...   48




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling