Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї
Деонтология дар акушерї ва гинекология
Download 0.75 Mb. Pdf ko'rish
|
Шаропова Н.М. Психологияи умуми
Деонтология дар акушерї ва гинекология. Зарурати риоя кардани
ќоидањои деонтология дар соњаи акушерї ва гинекология дар он аст, ки њангоми занони њомила, зоянда ё касалии гинекологї дошта ёрї расонидан, хоњ-нохоњ ба тарафњои мањрамонаи зан рў ба рў мешаванд. Аз ин рў кормандони ин соњаи тиб бояд дорои маданияти баланди муомилаю муошират бошанд. Риоя кардани меъёрњои ахлоќї дар фаъолияти духтурони акушер-гинеколог на танњо барои нигоњдории саломатии занон, балки барои мустањкамшавии оилаи онњо, хушбахтии модару кўдак ањамият дорад. Муносибати тарафайни корманди тиб бо бемор яке аз тарафњои муњимтарини деонтология дар соњаи акушерї ва гинекология мебошад. Вобаста ба хусусиятњои маълуми тадќиќоти гинекологии занон њангоми ба назди духтури акушер-гинеколог рафтан хиљолат мекашанд ва њатто метарсанд. Ин њолат бештар бо занони чавон, ки њоло таваллуд накардаанд, вомехўрад, махсусан агар духтури акушер-гинеколог марди чавон бошад. Бисёр занони руњан камќувват њангоми тадќиќоти гинекологї гирифтори њаячони таъсирбахш мешаванд. Њамаи ин чизњоро духтури акушер-гинеколог бояд ба назари эътибор гирад ва тадќиќоти гинекологиро осонтар намояд. 221 Нигоњ доштани сирри духтурї дар таљрибаи кори акушер- гинеколог ањамияти махсус дорад. Махсусан ба духтури гинеколог занњои синну соли мухталиф мурољиат мекунанд ва аз ин рў асроре, ки онњо ба ў бовар карда мегуянд, бояд на танњо аз шахсони бегона, балки аз хешу табор, њатто шавњари онњо пинњон доштан зарур аст. Инчунин мумкин аст, ки зан пештар њомиладор шуда бошад ё амали љарроњии узвњои љинсиро аз cap гузаронидааст. Духтури акушер-гинеколог пеш аз он, ки ба табобати бемор cap кунад, бояд бо бемор муносибати худро њарчихата муайян кунад. Деонтология дар стоматология. Деонтология дар фаъолияти духтури стоматолог низ муњим мебошад. Аз сабаби он, ки ќисми зиёди ањоли ба муолиљаи стоматологи мурољиат мекунанд ва баъзан табобати дуру дароз лозим аст, ба назди духтури стоматолог рафтан таасуроти сахти рухию њисси мебахшад. Ваќте ки бемор утоќи стоматологиро тасаввур мекунад, дар ў таасуроти манфї пайдо шуда, хоњиши ба онњо рафтан кам мешавад. Њамаи ин нишон медињад, ки духтури стоматолог бояд на танњо аз касби худ хуб огоњ бошад, балки психотерапевта хуб њам бошад. Духтур бояд кушиш кунад, ки аз вохўрии аввал ба боварии бемор соњиб шавад. Сињатшавии бемор махсусан аз он вобаста аст, ки мулоќоти аввалини ў бо духтур чи гунна сурат мегирад. Ин чиз пеш аз њама ба стоматологияи кўдакона дахл дорад. Дар адабиёти тахассуси дуруст кайд карда шудааст, ки минбаъд ба муассисаи табобатии стоматологї омадани бемор аз «давраи кўдакї»-и табобатї дандонњо вобастагї дорад. Ин чизро махсус ќайд кардан зарур аст, ки бисёр ваќт духтури стоматолог бо бемор њурматона рафтор карда, на танњо љузъиёти меъёри деонтологияи тиббї, балки инсонро низ вайрон мекунад. 222 Њангоме, ки беморон барои табобати рўй љойњои норасогии модарзод мурољиат мекунанд, масъалањои зиёди деонтологї ба миён меоянд. Норасогињои руњ метавонад сабаби парешонии руњї бемор гардад. Аз ин рў ин беморон бояд бо муносибати махсус фаро гирифта шаванд. Кормандони тиббии ин муассисањо бояд бо мењрубонї ва хайрхоњии хеш ба руњї бемор таъсири мусбї расонанд. Њамаи он гуфтањои боло нишон медињад, ки духтури стоматолог бо муносибати даќиќона ва хайрхоњонаи худ истифодаи усулњои хозираи ташхис ва табобат бояд ёрии самараноки деонтологогї расонад. Download 0.75 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling