Психологияи умумї, синнусолї ва тиббї


ШАХСИЯТИ ДУХТУР ВА ШАХСИЯТИ БЕМОР ДАР


Download 0.75 Mb.
Pdf ko'rish
bet46/48
Sana11.11.2023
Hajmi0.75 Mb.
#1765687
1   ...   40   41   42   43   44   45   46   47   48
Bog'liq
Шаропова Н.М. Психологияи умуми

 
ШАХСИЯТИ ДУХТУР ВА ШАХСИЯТИ БЕМОР ДАР 
ЉАРАЁНИ МУОШИРАТ 
Аз замонњои ќадим мављуд аст, ки дардро не балки худи шахси 
дардмандро табобат кардан зарур аст. Ин чунин маъно дорад, ки духтур 
дар рафти муоинаи бемор, коркарди усули муолиља ва хусусиятњои 
шахсияти беморро бояд асос гирад. Ин чиз дар навбати худ талаб мекунад, 
ки њар як духтур доир ба мафњуми шахсият дар доираи психологияи тиббї 
маълумоти зарур дошта бошад. 
На њамаи духтурон дар кори рўзмараи худ асосњои биологии 
шахсияти беморро, ки он чараёнњои асосии системаи асабро муайян 
мекунад, ба назар мегиранд. Бо донистани ин чиз дар бораи шахсияти 
бемор, ки давоми зиндагиаш дар зери таъсири муњити атроф, тарбия ва 
фаъолияти иљтимоии мењнатї ташаккул ёфтааст, тасаввурот пайдо кардан 
душвор аст. Дар дунё хељ ваќт ду одами ба њам монанду фардияти якхела 
дошта мављуд нест. 
Фаркияти инсон аз рўи бисёр аломатњо зоњир мегардад. Ба 
хусусиятњои фардии шахси бемор диќќат додани духтур ва пешбинї 


223 
кардани муносибати бемор ба касалиаш танњо њамон ваќт имконпазир 
мегардад, ки агар он бо таълимоти психиологияи тиббї мустањкам бошад. 
Барои асоснок кардани ин суханон мисол меорем. 
Ба яке аз дармонгоњњо бемореро овараданд, ки касалии дил дошт. 
Духтур ба ў хабар дод, ки хаёташ вазнин аст ва ў бояд њамаи талабњоро 
риоя намуда, кам њаракат кунад. Дар њолати риоя накардани тартибот 
њолати бемор бад шуда, дубора сактаи дил шуданаш мумкин аст. Бемор ба 
гуфтаи духтур амал кард ва дар натиља њолати љисмонии ў бењтар шудан 
гирифт. Вай аз њељ чиз дигар шикоят намекард. Аммо аз тарси он, ки 
дубора сактаи дил мешавад ќариб, ки дар љойгањ бењаракат мехобид , 
њарчанд ки духтурон зарур будани њаракатро ба ў мефањмониданд. 
Хулоса, 
њеч 
гуна 
исботкунињо 
муътадилшавии 
саломатї, 
њатто 
электрокардиаграмма ўро ором карда аз љойгањ хезонида натавонист. Аз 
ин рў маљмўи љорањои муолиља ба воситаи таъсиррасонии руњї лозим шуд, 
ки ўро ба сињат будан бовар кунонанд... Њатто баъди аз беморхона 
баромадан ў муддати дуру дароз аз касалиаш хавотир буд. Ба њамон шуъба 
бемори дигареро оварданд, ки айнан њамон хел касал дошт. Кормандони 
тиб њодисаи авваларо ба њисоб гирифта, ќарор доданд, ки хатои худро 
«ислоњ» намоянд ва аз ин рў дар бораи тартиби риояи меъёри њаракат 
руяки ўро огоњ намуданд. Ба ў дар бораи имконияти такроршавии касалї 
хабар надоданд. Дар рўзи панљуми дар дармонгоњ будан, њамсояаш аз ў 
хоњиш намуд, ки доминобозї кунанд. Њангоми бозї ў санги доминоро бо 
шавќ сахт ба рўи миз мезанад. Фавран сактаи дил ба амал омада, ў дар 
љояш мефавтад. 
Дар њарду њолат духтур айбдор нест: дар њолати аввал на ин, ки 
вазнинии касалї, балки зарурати риоя намудани табобат огоњонида шуда 
буд ва дар њолати дуюм бошад, барои ўро озурда накардан тартиботи 
сахтро љорї нанамуданд. 
Дар ин њолатњо бояд духтур аз дониши худ доир ба тарафњои 
мухталифи шахсияти одам истифода барад. Духтур танњо њамон ваќт ба 


224 
муваффаќият ноил мешавад, ки агар ин донишњо ва таљрибаи амалиро 
роњнамои кори худ кунад. Ў дар он ваќт на танњо муќарраркунии 
тартиботи ба њолати касалї ва табобат мувофиќро меёбад, балки 
муносибати беморро ба касалиаш вобаста ба хусусиятњои фардии ў танзим 
мекунад. 
Муќаррар кардани алоќаи дуруст бо беморони љисман касал, ки ба 
гурўњи шахсиятњои љунунї ва «аксентуатсияшуда» дахл доранд, аз духтур 
санъати баланди касбиро талаб мекунанд. Барои пешбини кардани он, ки 
кадоме аз ин беморон дар натиљаи њаяљони сахт метавонад рафти касалии 
асосиро ављ гиронад ва кадоме аз онњо тибки заифи ранчуршавии руњї ба 
сињатёбии худ бовар накарда, ба њолати ноумедї меафтад, ки дар натиља 
механизмњои њимоякунандаи љисм аз фаъолият бозмемонанд ва он ба 
пешгуии умумии беморї таъсир мерасонад, бояд духтур дар соњаи 
психология дониши мукаммал дошта бошад. 
Бояд ќайд кард, ки дар љараёни њар гуна касалии љисмонї њангоми рў 
ба руњафтодагї майл доштани ин гуруњи шахсиятњо мураккаб мешавад. 
Шахси 35 солае дар вазифаи муњандисї бомувафаќќият кор мекард. 
Якчаид сол пеш ў ба касалии сактаи дил гумонбар шуда буд, вале баъди 
ташхис кардан ин тасдиќ нашуд. Акнун баъди чандин соли тарсу њарос 
ором шуд ва зиндагиаш љараёни муќаррарї гирифт. Њангоми дар осоишгоњ 
(санатория) будан духтури рентгенолог ба ў мегуяд: «Дили шумо њамчун 
латта будааст-ку». Ин суханон ба таќдири ин шахс наќши манфии 
њалкунанда бозиданд. Аз саломатии худ хавотир шуда, аз як духтур ба 
духтури дигараш рафтан мегирад ва хамин тавр сол ба сол ихтисоси худро 
гум карда, то дараљаи гум кардани ќобилияти кории худ меравад. Ў баъди 
табобат дар дармонгоњи беморињои рухї ба њолати аввалаи руњї 
бармегардад, аммо хусусиятњои њоси характераш боќї мемонад. 


225 
Таљрибаи њаррўзаи табобат нишон медињад, ки њолати шахсияти 
одам одами руњан солим дар зери таъсири бемории кисмњои алоњидаи љисм 
метавонанд хусусияти ѓайритабии патологї пайдо кунанд. 
Масалан, беморони меъдаю рўда ба хусусияти зудранљї ва бадќањрї, 
шахсони силкасал ба вазъияти димоѓчоќї, касони касалии гинекологї 
дошта ба ѓашкунї гирифтор мешаванд. 
Бояд ба духтури клиника низ таъсири махсус ба њолати шахсият ва 
рафтори беморон маълум бошад, агарчанде табобати онњо ба ўњдаи 
духтурони гуногункасб вогузор шудааст. Њамин тариќ, духтур ўњдадор аст, 
ки њамон њолати шахсияти беморро, ки дар давраи табобат ба ў хос 
мешавад, дарк карда тавонад. 
Њамаи он чизе, ки аз рўи мавќеи деонтологї дар бораи њолати 
беморї ва сињатии шахсият бояд дониста шавад, бо зарурияти доштани 
тасаввурот дар бораи аксуламали касалии бемор, яъне њаяљони руњї сахт 
алоќаманд аст. Њар гуна таъсироти ба психика расонида шуда метавонад, 
ки боз ба воситаи психика хусусияти зараровар пайдо карданаш мумкин 
аст ва он њамчун таъсироти руњї, «омили руњї» бањо дода мешавад. Њеч 
гуна шароити беруна бе алоќа бо аксуламали бемори мушаххас, њамчун 
љароњати руњї њисоб намешавад. Дар бораи таъсироти хуб, хурсандиовар ё 
ѓамовар гуфтан мумкин аст, аммо љароњати руњї гуфта танњо њамон 
њолатеро меноманд, ки одамро ба зуњуроти муайяни касалї дучор 
мекунанд. 
Љароњати руњї-ин осебнокии экзогенї «захрнокшавї» аз њолатњои 
нохуши бегона мебошад. 
Њамаи хусусиятњои он аз ду холатњои нохуши бегона мебошад. 
Њамаи хусусиятњои он аз ду њолат таркиб меёбанд: аз тасаввуроту 
андешањо дар бораи гузашта ва аз њиссиёт, њаяљон, бењбудї /аффект/, дар 
атрофи он љамъ шудаанд. Бояд кайд кард, ки ин њолат ба њамаи одамон хос 
ва муќаррарї аст. Патология њамон ваќт cap мешавад, ки ин маљмўаи 


226 
тасаввурот ва њиссиёт бо сабаби ба онњо њамроњ шудани аломатњои њолати 
бењбудї ба тафаккури инсон роњнамо шуда, дигар фикрњоро аз майна 
бурун мекунанд ва ба ќавли руњшиносон маълумоти аз њама зиёд 
пурќиммат њисоб меёбанд. Дар ин асос аксуламалњои психогенї ё њолатњои 
нисбатан мураккаб ва дурударози ангехт (реактивї) ташаккул меёбанд. 
Њамаи духтурони клиника бояд аќаллан чорањои пешгирї ва 
табобати ин њолатњоро дар њаљми китоби дарсї донанд. Њар як духтур бояд 
бохабар бошад, ки вайроншавии њолати руњии беморони љисман касал чи 
гуна дар шакли ин ё он аксуламали патологї зикр мегардад, то ки сари 
ваќт чорањои иловагии психотерапевтї андешида шавад. 
Духтур дар бораи таљрибаи њаррузаи тиббї бо одамони солим ва 
бемор сару кор дорад. Оињо барои ёрии тиббї расонидан, дар бораи 
саломатї, касалї, маишат, фаъолияти мењнатй ва ѓайра маслињат гирифта 
бо ў мурољиат мекунанд. Дар љараёни ин муносибатњо бањодињии 
дутарафаи нахустин ба амал меояд. Бемор ба духтур аз рўи маданияти 
касбї, ахлоќу одобаш бањо медињад. Духтур бошад дар навбати худ ба он 
шахс на њамчун объекти тиббї, балки њамчун субъекте, ки дорои 
хусусиятњои хоси шахсият мебошад, бањо медињад. Њамин тариќ, на танњо 
мутахассиси тиб ва бемори ба ёрй муњтољ буда, балки ду шахсияти дорои 
таљрибаи муайяни зиндагї буда ва љањонбинию хусусиятњои гуногуни 
ахлоќї дошта бо њам мурољиат мекунанд. 
Љахонбинї ва маданияти умумї як ќисми људонашавандаи обрую 
эътибори духтур мебошанд. Маданияти умумї ва касбї доираи 
муносибати корманди тибро васеъ ва ѓанї гардонида, ба ў имкон медињад, 
ки бо одамони гуногун тезтар алоќа барќарор намуда, ба психикаи шахсии 
бемор ба таври маќсаднок таъсир расонад. 
Сўњбати духтур бо бемор ин санъати мураккабе мебошад, ки ба 
такмилдињии доимї зарурат дорад. Вай аз духтур маданияти баланди 
сухангўи ва касбиро талаб мекунад. Сўњбати духтур - ин монолог (сўњбат 


227 
бо худ) набуда, балки диалог (гуфтугуи ду ва ё якчанд шахс) бо бемор ва 
атрофиёни он мебошад. 
Роли деонтологї ва ахлоќии суханронї, инчунин амалиёти касбии духтур 
дар њолатњои душвору мураккаб, ки дар тибби муосир вомехўранд, 
масалан, истифодаи усулњои нави ташхис ва табобат, љарроњї, иваз 
кардани узвњо, чорањои зиндакунї ва ѓ. калон аст. Дар ин гуна њолатњо 
бемор ва наздикони ў на танњо гуфтору кирдори духтур, балки њар як 
њаракату ишорати ў ва кормандони тибро ба дил наздик мегирад. Онњо 
њамаи ин чизњоро њамчун чизи бисёр муњим мењисобанд. Аз ин рў 
таљрибаи касбию ахлоќї зарур аст, ки бе он кори духтур маъное
надорад. Њар як духтур ин донишу таљрибаро ба таври худ меомузад, аммо 
маќсади њамаи онњо яктост-манфиатрасонї ба мардум ва љамъият. 
Маълум аст, ки маълумоти аз худи бемор ё наздиконаш гирифта 
/анамнез/, барои ташхиси дард роли асосиро мебозад. Ѓайр аз ин анамнез 
тањкурсие мебошад, ки дар асоси он муносибати духтуру бемор сохта 
мешавад. 
Љамъ кардани маълумот-ин на танњо гўш кардани бемор, балки 
гирифтани маълумоти зарурие мебошад, ки дар он ваќт бемор ягон 
ѓаразнокиро њис накунад. 
Сифатњои муњими касби духтурї инхоянд: гўш карда тавонистани 
бемор, фањмидани азоби ў ва ба маљрои дуруст равон кардани суњбат, 
худро идора карда тавонистан, дар додани маслињат эњтиёткор будан в ѓ. 
Бояд њамеша дар хотира дошт, ки дар назди мо беморе нишастааст, 
ки руњияи ў чанд муддат љароњатнок шудааст ва аз ин рў як калимаи бељо, 
њатто як талаффузи тасодуфї ё њаракат метавонад наќши ислоњнашаванда 
боќи гузорад. 
«Ятрогения»- касали ё хуруљи касалие мебошад, ки дар ваќти аз 
тарафи кормандони тиб ба руњияи бемор таъсири манфї расонидан пайдо 
мешавад. 


228 
Аз рўи хусусиятњои мављудаи беморињои ятрогенї онњоро ба ду гуруњ 
људо кардан мумкин аст, вайроншавии руњї, ки онро ба истилоњи 
«ятропсихоген» меноманд ва вайроншавии љисмонї ё худ «ятросоматоген». 
Бояд дар паси њар як сухану њаракати духтур виљдони калон истад. 
Дар лањзаи пайдо шудани њисси худписандї, душворї дар масъалањои 
ташхиси дард, ки он бо њар як духтур руњ доданаш мумкин аст, бояд 
виљдони ў ѓалаба намояд. 


229 
М У Н Д А Р И Љ А
Муќаддима 
3-7 

Download 0.75 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   40   41   42   43   44   45   46   47   48




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling