Технологияҳо ва равишҳои педагогӣ барои ташаккули салоҳиятҳо (компетенцияҳо) Нақша


Download 1.07 Mb.
Pdf ko'rish
bet3/7
Sana23.12.2022
Hajmi1.07 Mb.
#1046344
1   2   3   4   5   6   7
2. Луғатомӯзӣ ва кор бо манбаъҳо 
 
Доштани дониши луғавӣ ба маънои захираи калимаҳоест, ки тавассути 
он шахс ба таври самаранок бо дигарон иртибот барқарор мекунад. Захираи 
луғавӣ (вожагон) шомил ду ҳавза аст: вожагони гуфтор шифоҳӣ ва 
навишторӣ. Захираи луғавии нутқи шифоҳӣ маҷмӯи калимаҳое мебошад, ки 
шахс ҳангоми гуфтан истифода мебарад ва ҳангоми шунидан дарк мекунад. 
Захираи луғавии нутқи хаттӣ маҷмӯи калимаҳое мебошад, ки шахс ҳангоми 
хондани матн дарк мекунад ё ҳангоми навиштан истифода мебарад
1

Ба ҳамагон маълум аст, ки дониши (захираи) луғавӣ дар фарогирии 
маҳорати хондан нақши муҳим дорад. Масалан, донишомӯзе, ки ҳамакнун 
маҳорати хонданро фаро мегирад, ҳангоми хондани калимаҳои матн онҳоро 
ба калимаҳои шунидааш (дониши аввалия ё пешдонистаҳо) васл карда, 
маънои онҳоро дарк мекунад. Масалан, ҳангоми хондани калимаи “нон” 
хонанда аввал овозҳои калимаро муайян карда, онро мехонад ва онро бо 
дониши луғавии шифоҳиаш муқоиса карда, маънияшро муайян мекунад. 
Донишомӯз калимаи мазкурро хеле зиёд шунидааст ва дар нутқи шифоҳӣ 
истифода бурдааст. Ба ин тартиб бо калимаҳое, ки барои донишомӯз 
шиносанд, осон иртибот барқарор мешавад. Аммо бо калимаҳое, ки ба 
донишомӯзон ношиносанд (эҳтимол донишомӯзон ин калимаҳоро ягон 
1
Аз Put the Reading First. Kidergarten Through Grade 3. National Institute for Literacy//Teaching Literacy, Unified 
Curriculum for Teacher Training in South Sudan/ 



маротиба дар нутқи шифоҳӣ истифода набурда бошанд ё нашунида бошанд), 
иртиботи зеҳнӣ барқарор кардан мураккабтар аст. 
Ба омӯхтани луғат дар шароити кишвари мо бояд диққати махсус дода 
шавад,зеро: 
 кӯдакон дар муассисаҳои таълими томактабӣ имкони омӯхтани 
забони модарияшонро надоранд, чун шароити лозим фароҳам 
нашудааст;
 на ҳамаи падару модарон бо фарзандонашон дар бораи мавзӯъҳои 
гуногун суҳбат мекунанд; 
 теъдоди ками падару модарон ба фарзандонашон китоб 
мехонанд; 
 захираи луғавии донишомӯзон хеле маҳдуд аст. Танҳо доираи 
маҳдуди мавзӯъҳоро фаро мегирад. 
Бояд зикр кард аст, ки ақидаҳои “дар китобҳо калимаҳои мушкил ва 
нофаҳмо истифода мешаванд”, “донишомӯзон маънои матнро намефаҳманд, 
зеро калимаҳо мушкиланд” ва амсоли он барои ташаккул додани захираи 
луғавии донишомӯзон монеа шуда наметавонад ва сабаби наомӯхтани луғати 
нав буда наметавонад. 
Аз ин лиҳоз, дар стандартҳои таълимӣ ба ин маҳорат диққати махсус 
дода мешавад ва аз омӯзгорон хоста мешавад, ки захираи луғавии 
донишомӯзонро мунтазам ғанӣ гардонанд ва ба онҳо тарзи истифодаи 
равишҳои стратегияҳои луғатомӯзиро таълим диҳанд. 
Луғат барои дарки матн аҳамияти муҳим дорад. Хонанда агар маънои 
аксари калимаҳоро надонад, маънии матни хондаашро дарк карда 
наметавонад. Вақте донишомӯзон ба мутолиаи матнҳои мураккабтар оғоз 
мекунанд, онҳо бояд маънои калимаҳоеро, ки намедонанд, дар луғатҳо 
ҷустуҷӯ кунанду ёд гиранд. 
Ёд гирифтани луғат бо ду роҳ муяссар мегирад: бевосита ва бавосита. 
Донишомӯзон маънои аксари калимаҳоро бевосита ҳангоми иртиботи 
шифоҳӣ ва хондани матнҳо ёд мегиранд. Аз ҷумла: 
 донишомӯзони хурдсол маънои калимаҳоро ҳангоми суҳбат бо 
одамони дигар, махсусан калонсолон ёд мегиранд. Ҳангоми суҳбат 
донишомӯзони хурдсол калимаҳои гуногунро мешунаванд ва ин 
калимаҳоро чанд маротиба такрор мекунанд. Ҳарчӣ бештар
донишомӯзон бо донандагони хуби забон суҳбат кунанд, маънии 
калимаҳои зиёдро ёд мегиранд.



 донишомӯзон маънии калимаҳоро ҳангоми хонда шудани матн 
(афсона, ҳикоя ва ғайра) аз тарафи калонсолон ёд мегиранд. Аз тарафи 
калонсолон бо овози баланд хондани матн дар ҳоле самаранок аст, ки 
агар шахси мутолиакунанда ҳангоми пайдо шудани луғати мураккаб ист 
карда, маънои онро шарҳ диҳад ё бо донишомӯзон онро муҳокима кунад. 
 Инчунин муҳокимаи матн пас аз хондан ба донишомӯзон 
имконият медиҳад, ки калимаҳои навро ёд гиранд ва онро бо дониши 
аввалияи худ муқоиса кунанд. 
 вақте хонандагон ба таври мустақил мехонанд маънии калимотро 
бештар меомӯзанд. Ҳарчӣ хонанда бештар ба таври мустақил бихонад, 
калимот бештареро меомӯзад. 
Баъзе калимаҳо бояд ба воситаи равишҳо ва стратегияҳои гуногун 
омӯхта шаванд. Равишҳои омӯзиши луғат ба донишомӯзон имконият 
медиҳанд, ки калимаҳои маънои мураккабдоштаро, ки дар нутқи шифоҳӣ 
қариб истифода намешаванд, дарк кунанд. Таълими бавоситаи луғати матни 
додашуда ба дарки маънии матн таъсири мусбат мерасонад. Роҳу воситаҳои 
гуногуни таълими луғат мавҷуданд, ки дар ҷараёни дарс тарзи истифодаи 
онҳоро ба донишомӯзон омӯзондан мумкин аст. 

Download 1.07 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling