Технологияҳо ва равишҳои педагогӣ барои ташаккули салоҳиятҳо (компетенцияҳо) Нақша


Таълими луғати мушаххас пеш аз хондани матн


Download 1.07 Mb.
Pdf ko'rish
bet4/7
Sana23.12.2022
Hajmi1.07 Mb.
#1046344
1   2   3   4   5   6   7
Таълими луғати мушаххас пеш аз хондани матн: 
 таълими луғати нав пеш аз хондани матн ҳам ба дониши луғавӣ ва 
ҳам барои дарки матн таъсири мусбат мерасонад;
 тавсия мешавад, ки пеш аз хондани матн омӯзгор калимаҳои 
душворфаҳм ва мураккаб, вале барои дарки маънӣ ва мавзӯъ 
аҳамиятноки матнро ба донишомӯзон омӯзонад; 
 ёдгирии калимаҳои асосии мавзӯи матн ба дарки он мусоидат 
мекунад. 
Машқи тулонӣ ва пайдарҳам бо луғатҳо: 
 машқ ва истифодаи зиёди луғат ба дарки маънӣ ва ба истифодаи 
дурусти калимаҳо ёрӣ мерасонад;
 тавсия мешавад, ки омӯзгорон роҳу равишҳои гуногуни таълими 
луғатро бо донишомӯзон машқ кунанд, аз ҷумла тарзи истифодаи 
луғату фарҳангҳои гуногун, таҳияи луғати тафсирӣ, кроссвордҳои 
мавзӯӣ, гурӯҳбандии калимаҳо аз рӯйи хусусиятҳояшон (маъноӣ, 
сарфиву наҳвӣ ва амсоли он), бозиҳои гуногуни таълимӣ, 
навиштани ҷумла бо калимаҳои додашуда ва ғайра. 
Такроран ва муназзам кор кардан бо луғат: 



 тавсия мешавад, ки луғати нав дар вазъиятҳои гуногун: гуфтан, 
шунидан, хондану навиштан мунтазам ва такроран истифода 
шавад; 
 ин имконият медиҳад, ки донишомӯзон калимаҳоро дар хотир 
гиранд ва бамаврид истифода баранд. 
Бояд ин нуктаро ҳам бояд илова кунем, ки луғати электронии “Вожаҷӯ” 
аз соли 2017 оғоз карда буд. Ин луғати электронӣ ҳам кори муаллим ва 
донишомӯзро осон мекунад.
3. Стратегияҳои дарки матн. 
Беҳтарин равиши шаклдиҳии маҳорати хондан корбурди технология ё 
равиши INSERT аст. Тамоми технологияҳои омӯзишии муосир, ҳарчанд дар 
шаклу мавзуи онҳо тафовутҳое дида мешавад, дорои якчанд вижагии 
муштарак ҳастанд. Диққати асосӣ дар омӯзиши мустақили донишомӯз ба 
эҷоди робитаҳои сабаб ва натиҷа равона карда шудааст ва идеяи ёдгирии 
ҳамешагӣ ва модомулумр аз аслитарин вежагиҳои ваҳдатбахши таълими 
муосир аст. Барои ин донишомӯз бояд равишҳои тафаккури мустақил ва 
интиқодиро ёд гирад. Равиши тафаккур интиқоди низ бо корбурди маҷмӯаи 
хоссе аз техникаҳо ҳосил мешавад. Яке аз онҳо INSERT аст. Хондани, ба 
истилоҳ, самарабахш дар мактаб ва дар хона чӣ фурсатҳоеро фароҳам 
мекунад? 
Ин равиш тавассути донишмандон америкоӣ Д. Воган ва Т. Эстес сохта 
шуд ва баъдан тавассути яке аз бунёнгузорони технологияи тафаккур 
интиқодӣ - Ч. Темпл, К. Меридит и Д. Стилл такмил шуд. Бо таърифи онҳо 
INSERT тавонои дарки интиқодии иттилооти нав ва ёфтани иртиботи онҳо
ҳангоми хондани матн аст. Аз назар амалӣ, ин технологияи хондани
самарабахш системаи аломатҳои як ҷадвал овардааст, ки пур кардан онҳо дар 
марҳилаи ёдгирии матлабҳои нав ба хонанда кӯмак мекунад. Номи ин равиш 
аз ҳарфҳои аввали ҳар калима сохта шудааст: 
 I — interactive (интерактивӣ, таомулӣ) 
 N — noting (ёддоштбардорӣ, шинохтӣ) 
 S — system for (система барои) 
 E — effective (самарабахш) 
 R — reading and (хондан ва ) 
 T — thinking (фикр кардан). 


10 
Донишомӯзон ҳангоми бо кор бо матн қисматҳо, ҷумлаҳо ё калимаҳои 
хоссеро дар ҳошия аломатгузорӣ мекунанд. Асосгузорони ин равиш 
истифода аз аломатгузориҳои зерро барои ин кор пешниҳод додаанд: 

Download 1.07 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling