Технологияҳо ва равишҳои педагогӣ барои ташаккули салоҳиятҳо (компетенцияҳо) Нақша


Download 1.07 Mb.
Pdf ko'rish
bet7/7
Sana23.12.2022
Hajmi1.07 Mb.
#1046344
1   2   3   4   5   6   7
Аҳамияти дарки матн 
Хониши равон ва ифоданок муҳим аст, зеро он байни шинохти калима 
ва дарки матн ҳамчун пул хизмат мекунад. Хонандагоне, ки малакаи хониши 
равон ва бурро доранд, диққати худро ба маънии матн равона мекунанд, на 
ба хондани калимаҳои алоҳида (ё рамзкушоӣ). Онҳо байни ақидаҳои дохили 
матн ва матну дониши аввалияи худ иртибот барқарор мекунанд. Ба иборати 
дигар, хонандае, ки қобилияти хуби хониш дорад, ҳангоми хондан маънои 
матни хондаашро хуб дарк мекунад. 
Хониши ҳамроҳ бо дарки дурусти матн тадриҷан ва тавассути машқи 
зиёд такмил дода мешавад. Бо вуҷуди он ки хонандагон дар алоҳидагӣ ва ба 
таври автоматӣ калимаҳоро мехонанад, шояд ҳангоми хондани матн онро 
равон ва ифоданок хонда натавонад. Зеро ҳангоми хониши ифоданок хонанда 
матнро ба қисмҳо ҷудо мекунад. Қисмҳо аз ибораҳо ва ҷумлаҳо иборат буда 
метавонанд.Такроран чанд маротиба хондани матни нисбатан душвор (на 
камтар аз се маротиба) имконият медиҳад, ки хонанда матнро дуруст дарк 
кунад. 
Бояд ба як нукта ишора кунем, ки барои дарки матн шогирдон аз 
услубҳои нигориш бояд ошноӣ дошта бошанд. Дар адабиётшиносӣ ба ҷойи 
услуб вожаи сабк истифода мешавад, ки низ дар маънои роҳу равиши 
сухангӯйӣ корбурд мешавад. Вале, ин роҳу равиши сухангӯйӣ дар 
адабиётшиносӣ, аслан, роҳу равиши суханпардозӣ аст, на сухангӯйие, ки дар 
забоншиносӣ фаҳмида мешавад. Суханпардозӣ ин пардози сухан, яъне зебу 
зинат ва оро додани сухан аст, ки аз тариқи санъатҳои бадеӣ амалӣ 
мешаванд. Аммо, дар забоншиносӣ мафҳуми роҳу равиши сухангӯйӣ худ 
чизи дигарест, ки он, куллан, ба бадеият сару кор надорад. Суханпардозӣ ё 
бадеъкорӣ дар сухан фақат яке аз чаҳор қисми услубҳои забонро дарбар 
мегирад, ҳол он ки ҳама сабкҳои адабӣ худ дар гирди пардозкорӣ ва бадеияти 
сухан давр мезананд ва мақсуди ҳар яке бо тарзе махсус ба худ тасвир 
кардани ҳодисаву воқеиятҳо мебошад, ки ин тасвирҳо танҳо дар пардаи 
санъатҳои бадеӣ аз килки шоир ё нависанда таровиш мекунанд. Бо ҳамин 
маънӣ, услубҳо дар забон ҳамагӣ дар чаҳорчӯби суханпардозӣ нестанд, 
ончунонки сабкҳо дар адабиёт ҳамагӣ дар ин чаҳорчӯбанд. Агар услуби 
бадеиро дар назар нагирем, дар дигар услубҳо суханпардозӣ ва зебу зинат 
додани сухан вуҷуд надоранд ва истифода намешаванд. Албатта, дар услуби 
публисистӣ ҳам ҷо- ҷо аз пардози сухан корбурд мешавад, вале дар қиёс бо 
кулли махсусиятҳо ва қавоиди ин услуб, бадеият дар ин услуб дар дараҷаи 
ночиз ва ҳақир боқӣ мемонад.


14 
Омӯзгорон бояд ба хонандагон фаҳмонанд, ки чӣ тавр ин стратегияҳо ба 
онҳо барои дарк кардани матн ва омӯхтани он ёрӣ мерасонад (ба ҷои аз ёд 
додани матн), инчунин тарзи истифодаи дурусти стартегияҳоро ба 
хонандагон омӯзанд. 
Тарзи истифодаи стратегияҳои мазкур бояд ба хонандагон омӯзонда 
шаванд. Стратегияҳоро дар алоҳидагӣ ё якҷоя таълим додан мумкин аст. 
Яъне хонандагон бо як матн (ё дар ҷараёни як дарс) чанд стратегияро 
истифода бурда метавонанд. Масалан, пеш аз хондани матн хонандагон 
метавонанд машқҳоеро иҷро кунанд, ки барои муайян кардани дониши 
заминавӣ доир ба мавзӯъ ва ҳодисаҳои матн ёрӣ мерасонанд, сипас доир ба 
ҳамон матн пешгӯйӣ мекунанд. Инчунин савол мегузоранд, ба саволҳо ҷавоб 
медиҳанд, хаёлан ҳодисаҳои матнро тасаввур мекунанд, ҳамзамон ҷараёни 
хондани худро мушоҳида карда, сатҳи фаҳмишашонро месанҷанд, хулоса 
мебароранд ва маънии матнро ба каси дигар ҳикоя мекунанд. Тавсия 
мешавад, ки тадриҷан дараҷаи раҳнамоии омӯзгор ҳангоми истифодаи 
стратегияҳои хониш кам шуда, дараҷаи масъулияти хонандагон дар 
истифодаи стратегияҳо зиёд шавад. 
Барои ташаккул додани дониши хонандагон доир ба сохтори матн ва 
истифодаи ин дониш барои дарки маънои матн воситаҳои гуногуни таълимӣ 
мавҷуданд. Масалан, омӯзгорон метавонанд ба хонандагон тарзи истифодаи 
нақша ва ҷадвалҳои гуногунро омӯзанд. Яке аз чунин воситаҳо тартиб 
додани ҷадвали қайдҳо аст. Масалан, омӯзгор метавонад аз хонандагон 
хоҳиш кунад, ки рӯйхати унсурҳои асосии матн (макон, қаҳрамонҳо, ҳодиса, 
масъала/проблема, ҳал)-ро тартиб диҳанд.
Омӯзгорон на танҳо унсурҳои сохтори матни бадеӣ, балки унсурҳои 
умумии сохтори матни ахборотӣ ё тавзеҳиро низ мешиносонанд. Сохтори 
матнҳои ахборотӣ одатан аз сархатҳо ё параграфҳо иборат буда, матни пурра 
метавонад чанд сохторро фаро гирад. Омӯзгорон барои таълими сохтори 
матни расонаӣ аз мавзӯъҳои ба хонандагон шинос истифода бурда, 
матнҳоеро интихоб мекунанд, ки намунаҳои осонфаҳм, мушаххаси сохтори 
матни расонаиро фаро мегиранд.
Омӯзгор бояд саволҳои дараҷаи баланди фикррониро таҳия кунад, ки 
хонандагонро барои ба маънии матн амиқ фикр кардан водор кунад, на 
гуфтани маълумотҳои оддӣ. Саволҳо бояд он чизеро, ки омӯзгор мехоҳад, то 
хонандагон аз матн гиранд, инъикос кунанд, аз ҷумла, ахбори мушаххас ва 
муфассал. Саволҳо набояд хеле сода бошанд (“Номи писар чӣ буд?”) ё танҳо 


15 
ақидаи хонандагон пурсидан (“Ҳикоя ба шумо маъқул шуд?”). Саволҳои 
дараҷаи баланди фикрронӣ асосан чунин унсурҳоро фаро мегиранд: 
 Барои чӣ... ? 
 Шумо дар бораи... чӣ фикр мекунед? 
 Агар шумо ба ҷои муаллиф мебудед...? 
 Ин чиро ба ёди шумо меорад ва чаро? 
Матнҳоеро интихоб кунем, ки дараҷаи мураккабии калимаҳо ва дарки 
маънӣ ба синну сол ва қобилияти хондани хонандагон ва мақсади таълим 
мувофиқ аст. Омӯзгорон бояд матнеро интихоб кунанд, ки ба хонандагон на 
осон ва на мушкил бошад. Ду нишондиҳандаи мураккабии матн мавҷуд аст: 
муракабии иншо/унсурҳои забонӣ (масалан, мураккабии хондани калима, 
мураккабии ҷумлаҳо ва ташкили матн, равшании қолаб/сохтор) ва муракабии 
муҳтаво (яъне, то кадом андоза маълумот, ақидаҳо ва ҳодисаҳо мураккабанд). 
Ин ду нишондиҳандаи мураккабӣ дар ҳамон як матн фарқ карда метавонанд, 
аз ин лиҳоз, омӯзгорон бояд ҳардуро ба эътибор гиранд.
Омӯзгорон бояд хонандагонро бо истифода аз стратегияҳои дарки матн 
таълим диҳанд, сохтори матнро ба онҳо бо ҳадафи ташкил кардани 
фикрронӣ ҳангоми хондан омӯзанд, инчунин ҳангоми иҷрои фаъолиятҳои 
мазкур хонандагон бояд бо матнҳои хуб кор кунанд, матнҳое, ки (аз лиҳози 
муҳтаво ва сифат) барои фикрронии амиқ мусоидат мекунанд. Бояд зикр 
кард, ки хонандагон на танҳо стратегияҳои хонишро дуруст истифода 
мебаранд, балки бояд аз матни хондаашон дониши нав гиранд, аз ин лиҳоз, 
истифодаи стратегияҳои дарки матн бо муҳокимаронии фаъоли муҳтавои 
матн тақвият дода шавад ва хонандагон барои таҳқиқи матн тарғиб кунад.

Download 1.07 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling