Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода
Масъалаҳои тарбия бо ислоҳотҳои ҷамъият, баробарҳуқуқии инсон Тарбияи ақлӣ ва таълимоти динӣ
Download 0.93 Mb.
|
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ
2. Масъалаҳои тарбия бо ислоҳотҳои ҷамъият, баробарҳуқуқии инсон Тарбияи ақлӣ ва таълимоти динӣ
Тарбияи ақлӣ аз рӯи моҳияти худ ҳамеша маънои зебоӣ, ғамхорӣ нисбати ояндаи инсонро мефаҳмонд. Ба амал баровардани ғояҳои гуманизми иҷтимоӣ дар давраи эҳё бо номи педагог-гуманисти машҳури Италия Витторино де Генотре (1378-1446) аввалин маротиба кушодани “Хонаи Хуршед” ном интернат-мактаб вобаста аст. Бояд таъкид намуд, ки дар ин давр дин, педагогика ва педагогикаи иҷтимоӣ дар ҳолати вобастагӣ инкишоф меёфт. Дар таълимоти динӣ диққати асосӣ ба қадриятҳои умумиинсонӣ нигаронида шуда буд. Дар ривоятҳои динӣ, китобҳои муқаддас, оятҳо пандҳои ахлоқӣ, муносибатҳои байниҳамдигарӣ, ғамхорӣ нисбати хешу таборон ва бачагон сухан ронда шуданд. Дар асоси ҳамин бисёр авлодҳо тарбия ёфтаанд ва дар ин бобат дар Аврупо черков дер вақт “роҳнамои бачагони ногирон” буд. Ба он на фақат мардум барои ёрии рӯҳӣ, балки кӯмаки тиббӣ, моддӣ, ҳимоя ёфтан аз беадолатӣ муроҷиат менамуданд. Дар ин бобат дар тамоми дунё анъанаҳои хуби ташкилотҳои динӣ мавҷуд аст. Масалан, дар Аврупо ҳанӯз аз давраҳои антикӣ бачагони бепадару модар мондаро дар назди дари ибодатхонаҳо монда мерафтанд. Назар ба маълумотҳо хонаҳои аввалини тарбияи бачагони бепадару модар дар асри IV дар шаҳри Кесария аз тарафи Епископ Василий Кесарий кушода шудааст. Дар соли 787 чунин муассиса дар собори Милан ҳам пайдо шудааст. Ин муассиса дер вақт дар Аврупо ташкилоти ягона шуда мондааст ва фақат дар асри ХIV шумораи чунин хонаҳои тарбия афзудааст. Аҷибаш ин аст, ки дар ин хонаҳо на фақат нисбати бачагон ғамхорӣ зоҳир карда мешуд, балки инчунин тадбирҳои профилактикӣ ҳам гузаронида мешуд: ба модарон ёрӣ медоданд, бачагонро барои тарбия ба дигар оилаҳо гирифта медоданд, тарбияи онҳо назорат мекарданд. Сонитар ба хонаҳои бачагон аз ҷониби рӯҳониён роҳбарӣ менамуданд. Хонаи бачагон, ки дар соли 1640 дар Париж аз тарафи рӯҳонӣ Винценго Деполен таъсис ёфта буд, хеле машҳур шуда буд. Хонаи тарбияи ӯро Корол Людвик ХIV аз ҷиҳати молия таъмин менамуд. Пас аз ин орденҳо барои онҳое, ки бо меҳру мурувват машғул мешуданд, ҳамчун пешбарандаи корҳои хайриявӣ машҳур шуда, дар асоси онҳо ташкилотҳои калони черков ташкил карда шуд. Давраи дуюм инкишофи педагогикаи иҷтимоӣ асрҳои ХIV-ХIХ-ро дар бар гирифта, бо ғояҳои бағоят пешқадами иҷтимоӣ-педагогӣ ва концепсияҳои илмӣ ғанӣ гардонда шудааст гӯем, хато намекунем. Асрҳои ХVII-ХIХ (давраи инқилобҳои буржуазӣ-демократӣ) олимон (педагогҳо, файласуфҳо, социологҳо, психологҳо) бо ҳамкории муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъияти муаммоҳои иҷтимоӣ-педагогиро ҳал менамуданд. Масъалаҳои тарбия бо ислоҳотҳои ҷамъият, баробарҳуқуқии инсон вобаста гузаронида мешуд. Айнан ана дар ҳамин давра ба амал баровардани фаъолияти аниқи равиши асосан педагогикаи иҷтимоӣ содир шуд. Дар инкишофи ғояҳои иҷтимоӣ-педагогӣ, файласуф, нависанда, маорифпарвари француз Жан Жак Руссо (1712-1778) ҳиссаи бузург гузоштааст. Ӯ ғояи дар асоси ривоҷи ҳуқуқӣ, динӣ ва табии бунёди тарбияи ташаккули табиатанро пеш бурд. Олими бузург ва педагоги рус Михаил Васильевич Ломоносов (1711-1765) дар “Регламентҳо”-и худ ғояҳои халқпарварии тарбия, ба инсон ҳамчун шахси фаъол муносибат намуданро пеш ронд ва муҳим будани ташаккули сифатҳои ахлоқии бачагонро баён кард. Ғояҳои нави иҷтимоӣ-педагогӣ дар осори файласуф ва маорифпарвари франсавӣ Клод Адриана Гельветсий (1715-1771) низ инъикос ёфтааст, ки онҳо аз омилҳои муҳит ва таъсири педагогӣ дар тарбия ва ягона будани манфиатҳои шахс ва ҷамъият иборатанд. Педагоги бузурги шветсияӣ Иоганн Генрих Песталотси (1746-1827) дар фаъолияти худ назария ва амалиёти иҷтимоӣ-педагогиро муттаҳид кард ва аз ҳисоби маблағи худ хонаҳои ятимонро таъсис намуд. Фаъолияти иҷтимоӣ-педагогии файласуф ва педагоги олмонӣ Роберт Оуэн (1771-1858) аз таҷрибаҳои хеле шавқовар ва сермаҳсул иборат аст. Ӯ дар Нью-Ленарко “Институти нави бунёди характери инсон” муассисаро барои беҳтар намудани дараҷаи зисти коргарон кушода, таълими истеҳсолиро бо маданият пайваст намуд. Нахустин муассисаҳое, ки бо бозиҳои дидактикӣ ва ғамхорӣ намудан дар ҳаққи ҳолати ҷисмонии бачагон аз тарафи ӯ таъсис ёфтааст. Файласуфи дигари олмонӣ Герберт Спенсер (1820-1903) доир ба мавқеи оила дар ташаккули шахс асарҳои дорои ғояҳои иҷтимоӣ-педагогӣ асарҳо офарид. Барои ба ин мақсад ноил шудан ӯ усулҳои аҷоибро кор карда баромад. Системаи давлатӣ ва сиёсии Англияро бо оила ва мактаб имитация (тақлид) намуд. Асри ХХ бо чунин хусусият характернок аст, ки дар он аз як тараф ҷараёни ҷудошавии педагогикаи иҷтимоӣ аз фанни педагогика содир гардида, аз тарафи дигар наздикшавии он бо психология, социология, тиббиёт, фалсафа барои фанҳо рӯй дод. Download 0.93 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling