Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Равишҳои асосии педагогикаи иҷтимоии асри ХХ


Download 0.93 Mb.
bet5/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

3.Равишҳои асосии педагогикаи иҷтимоии асри ХХ
Равишҳои асосии педагогикаи иҷтимоии асри ХХ аз инҳо иборат буд:
1. Кор карда баромадани асосҳои назарии педагогикаи иҷтимоӣ. Ин ҳолат ҳамчун фан ба пайдошавии он оварда расонид.
2. Фаъолияти иҷтимоӣ-педагогии соҳаи таълим ба вуҷуд омад. Дар ин ҷо сухан дар бораи таълим, мақсади тарбия, характер, таъсири иҷтимоӣ-педагогӣ сухан меравад.
3. Васеъ шудани доираи фаъолияти педагогикаи иҷтимоӣ рух дод. Баробари бачагони “ночор” интихоб шуд ва бо калонсолон ҳам фаъолияти иҷтимоӣ-педагогӣ бурда мешуд.
Аз ҳама асосиаш он буд, ки фаъолияти педагогикаи иҷтимоӣ ба дараҷаи сиёсати давлат бардошта шуд. Дар солҳои 60-70-уми асри ХХ дар Германия, Англия, ИМА системаҳои қонундории иҷтимоӣ ба вучуд оварда шуд.
Бояд гуфт, ки вазифаи аз ҳама асосии тамоми равишҳои инкишофи фанни педагогикаи иҷтимоӣ-ғояи ҳифзи иҷтимоии бачагонро муттаҳид менамуд. Вале дар асрҳои ХVIII-XIX вай бо ғояҳои беэътибормонда пур буд. Аниқтараш ин буд, ки дар назария ва амалиёти педагогикаи иҷтимоӣ ба ҷои аввал қадриятҳои умумиинсонӣ баромад.
4.Эътибор ба педагогика ва тарбияи оммавӣ
Аз нимаи дуюми асри XIX сар карда эътибор ба педагогика ва тарбияи оммавӣ пурзӯр шуд. Дар он ҳал кардани тарбияи ҷавонон, азнав тарбия намудани шахсоне, ки меъёрҳои хулқу атворро вайрон кардаанд, оғоз ёфт. Давоми ин корҳо дар ҷараёни иҷтимоӣ-мадании қитъаҳои Аврупо ва Амрико акси худро ёфт. Индустриякунонӣ миграцияи оммавии аҳолии қишлоқро ба шаҳр оварда расонд. Дар ҷараёни мувофиқшавии аҳолии деҳот ба тарзи нави зиндагӣ дар натиҷаи рӯ ба рӯ шудан бо мушкилиҳо бадахлоқӣ, ҷинояткорӣ, оворагардӣ зиёд шуд. Бо сабаби аз давлатҳои камривоҷёфтаи Аврупо кӯчида омадан аҳвол дар ИМА ниҳоят вазнин буд. Дар айни вақт суст шудани роли черков мушоҳида гардид. То ҳамон вақт черков пешбарандаи анъанавии меъёрҳои ахлоқӣ ҳисоб меёфт, вале акнун ва эҳтиёҷот ва воқеияти навро дарк карда натавонист ва бисёр одамон дар ҳаёт мавқеи аввалаи худро гум карданд. Баробари ин ташкилшавии давлати миллӣ дар Аврупо ва ба вуҷуд омадани миллат дар Амрико дар тамоми ҳудудҳои иҷтимоӣ - ғояи муайян ва маданикунонии қатримабҳоро талаб кард. Зарурияти дарёфтани воситаҳои ҳалли ин масъалаҳо пайдо шуд.
Ҳамчун фанни мустақил табдил ёфтани педагогикаи иҷтимоӣ ва ривоҷи он ҳамон омил чун восита хизмат кард.
Ба ҳамин тариқ мафҳуми “педагогикаи иҷтимоӣ”, ки аз тарафи педагоги немис Фридрих Дистервег ба фан дохил карда шуда буд, ба таври расмӣ васеъ истифода бурда шуд.
Айнан ана аз ҳамин вақт сар карда давраи сеюми ривоҷёбии педагогикаи иҷтимоӣ ҳамчун фан оғоз ёфт. Асри ХХ дар таърихи цивилизацияи инсон ҳамчун асри инқилобҳои илмӣ-техникӣ ном баровард. Фан аз объекти истеҳсолот ба соҳаи пешбарандаи иқтисодӣ ва маданӣ табдил ёфт. Инқилобҳои илмӣ ба инкишофи минбаъдаи педагогикаи иҷтимоӣ дар навбати аввал ба воситаи фалсафа таъсир расонид. Наздикшавии як қатор фанҳо бо психология, физиология, анатомия, таърих, социология ва ғайраҳо ба амал омад. Аз ҳама муҳимаш он, ки дар асри ХХ муаммоҳои инсон, таълим ва тарбияи вай ба муаммои глобалӣ табдил ёфт. Айнан дар ҳамин давр “педалогия” - фан дар бораи ҳарҷониба омӯхтани бача ривоҷ ёфтан гирифт. Асосгузорони он Э.Мейман, С.Холл, Тронидайк ҳисоб меёбанд. Дар ин бора педагогикаи Рудольф Шейнер ҳам аҳамияти калон дорад. Номҳои олимони педагог Георг Киршенштейнер (1854-1932, Германия), Ҷон Дьюн (1859-1952, ИМА), Вильгельм Лайлар (1862-1926, Германия)-ро, ки педагогикаи иҷтимоиро бо ғоя ва усулҳои нави тарбия бой кардаанд, алоҳида қайд кардан лозим аст.
Назарияи педагогии Г.Киршенштейнер ба ғояи ба амал баровардани эҳтиёҷоти ҳаракати фаъол ва аз рӯи қобилият ислоҳ намудани бачагони сустхони мактабҳо асос карда шуд. Асоси афкори педагогӣ-иҷтимоӣ Киршенштейнер барои бачагонро дар ҷамъият ҳарҷониба тайёр кардан ба вуҷуд овардани мактабҳои меҳнат, малакаҳои ҳамкориро ривоҷ додан, тарбияи шаҳрвандии бачагонро ки ба манфиати давлат хизмат мекунанд, ташкил менамояд.
Ҷон Дюи асосгузори педагогикаи прагматикӣ мебошад. Натиҷаи амалӣ ва муваффақият ёфтан дар бизнес қадриятҳои олии педагогикаи мазкур ҳисоб меёбад. Хизматҳои Ҷ.Дюи аз он иборат аст, ки вай ба ғояҳои алоқаи мактаб бо ҳаёт, индивидуаликунонии таълим муроҷиат кардааст.
То ҳанӯз дар байни олимони давлатҳои хориҷӣ оиди мавқеи педагогикаи иҷтимоӣ дар байни дигар фанҳои педагогӣ дар масъалаи “Оё ин фанни мустақил шуда метавонад ва ё фақат бо омӯхтани гурӯҳҳои худ маҳдуд шуда, як соҳаи педагогика шуда мемонад” баҳсу мунозира давом карда истодааст.
Дар ҷараёни ин мубоҳисаҳо фикри моҳияти педагогикаи иҷтимоиро инкоркунанда дар назарияи баъзе педагогҳо пайдо шудааст. Масалан, Г.Ноел ва Г.Боймер чунин ҳисоб кардаанд, ки педагогикаи иҷтимоӣ ба бачагон кӯмакрасон ва профилактикаи ҳуқуқвайронкунии бачагони ноболиғ мебошанд.
Моҳияти педагогикаи иҷтимоиро олими олмонӣ Паул Наторп (солҳои 20-уми асри ХХ) тамоман дигар хел маънидод кардааст. Ӯ чунин ҳисоб кардааст, ки педагогикаи иҷтимоӣ бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи маданӣ ва ахлоқии халқ муаммоҳои қувваҳои гуногуни тарбиявии ҷамъиятро тадқиқ менамояд. Ин гуна фаҳмиш ба талаби даври нав бештар мувофиқ омадааст ва педагогикаи иҷтимоӣ як соҳаи илм буданаш дар бораи тарбияи инсон дар давоми ҳаёти тасдиқ мекунад.
Дар солҳои 60-уми асри ХХ педагогикаи иҷтимоӣ ёрӣ расонидан ба бачагони ҳуқуқвайронкунанда, дар хонаҳои бачагон корҳои тарбиявӣ бурдан, тайёр кардани мутахассисони барои фаъолияти иҷтимоӣ-педагогӣ барин масъалаҳоро дарбар гирифт.
Дар нимаи дуюми асри ХХ аз тарафи Сарассамблеяи ТУМ 20 ноябри соли 1959 ва 20 ноябри соли 1989 “Деклорацияи ҳуқуқҳои бача” қарор қабул кард. Дар он диққати алоҳида ба ҳифзи иҷтимоии ятимон, ёрии иҷтимоӣ расонидан ба оилаҳои серфарзанд ва камтаъминшуда барин масъалаҳо баррасӣ карда шудааст.
Барқароршавии анъана ва қоидаҳои педагогикаи иҷтимоӣ дар Ӯзбекистон дар шароитҳои мураккаб содир мешавад. Ба амал баровардани нишондодҳо стандартҳои давлатии таълим, тайёр кардани китобҳои нави дарсӣ, мутахассисӣ, нақша ва дастурҳои таълим дар асоси таҷрибаҳо ва ҳамкории узвӣ бо мутахассисони хориҷа бояд ба амал бароварда шавад. Зеро дар Германия, Англия, ИМА барин давлатҳо таҷрибаҳои бои иҷтимоӣ-педагогӣ мавҷуд аст.



Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling