Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Менталитети миллӣ ва мавқеи он дар ҷараёни иҷтимоишавӣ


Download 0.93 Mb.
bet9/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   ...   5   6   7   8   9   10   11   12   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

3.Менталитети миллӣ ва мавқеи он дар ҷараёни иҷтимоишавӣ
Афкор ва фаъолияти педагогии олимҳои бузург ба равиши иҷтимоӣ-педагогӣ равона карда шуда, барои ба ҳаёт ҳаматарафа тайёр кардани инсон муҳим будани мақсади таълимро нишон додааст. Онҳо сифатҳои асосии худшиносии шахс - меҳрубонӣ, ёрӣ ба наздикон, ғурур, виҷдон, нияти нек ва сабру тоқатро ҳисоб кардаанд.
Форобӣ ва Ибни Сино ба тайёрии интеллектуалӣ ва меҳнатии хонандагон эътибори калон дода, барои ба ҷамъият “ворид” шудани онҳо аҳамияти калон доштани фаъолӣ, ташаббускории мустақилона, кӯшишу ғайрат, шавқу ҳавас ва қобилиятҳои ақлиро нишон додаанд.
Форобӣ дар тарбияи иҷтимоӣ роли муҳим доштани муаллимро қайд намуда, фаъолияти вай барои ояндаи ҷамъият ба фаъолияти ҳукмдор монанд аст, гуфтааст.
Форобӣ ҳам мисли Ибни Сино ишора намудааст, ки муаллимон бояд диққати асосиро ба тадбиқ намудани дониши хонандагон ба ҳаёт нигаронанд.
Олимони бузург ба намунаи шахсӣ ниҳоят диққати калон дода, худашон ҳам дар бобати кӯшишу ғайрат, расидан ба мақсадҳои меҳнати иҷтимоӣ ибрат нишон додаанд. Форобӣ басо меҳнатдӯст, ироданок, хоксор, оддӣ буда, ҳамеша ба одамон дасти ёрӣ дароз мекард. Фикрҳои Форобӣ дар бораи ба ҳисоб гирифтани индивидуалӣ-психикӣ ва ақлии хонандагон дар таълим, касбинтихобкунии шогирдон дар вақти ҳозира ҳам аҳамияти калон дорад.
Ғояҳои характери иҷтимоӣ доштани тарбия дар мероси адабии Алишер Навоӣ ниҳоят равшан ифода ёфтааст. Афкори педагогии шоир характери инсонпарварӣ дорад. Алломаи бузург тамоми донишҳо, касбу ҳунари соҳибшудаи инсон бояд ба манфиати Ватан нигаронида шавад.
Консепсияҳои Форобӣ, Ибни Сино, Алишер Навоӣ ба ривоҷи минбаъдаи таълимоти давраҳои сонӣ асос гардид.
Олимони маърифатпарвари асри XI-XII-и Осиёи Миёна дар инкишофи фанҳо, аз ҷумла педагогика саҳми арзанда гузоштаанд. Юсуф Хос Ҳоҷиб, Бурҳониддин Зарнуҷӣ ва Аҳмад Югнакӣ аҳамияти дониш, падару модар ва оиларо дар ёфтани мавқеи бачагон дар ҷамъият алоҳида нишон додаанд. Онҳо чунин ҳисоб кардаанд, ки мақсади асосии тарбия ба воя расондани инсони комил буда, воситаи асосии он сахтгирӣ ва меҳнат мебошад. Зарнуҷӣ дар китоби “Пандҳо ба хонандагон дар таълим”, Юсуф Хос Ҳоҷиб дар “Кутадғу билиг” (“Илме, ки ба сӯи саодат мебарад”) дар Осиёи Миёна аввалин асарҳо доир ба педагогика ҳисоб меёбад.
Олимони Осиёи Миёна дар иҷтимоишавии шахс роли таълим ва тарбияи иҷтимоиро, инчунин омилҳои муҳит, оила ва гурӯҳи хонандагон, падару модарон, педагогҳо ва ҳаракати худи хонандагон қайд намудаанд.
Ба ҳамин тариқ, олимони асри миёна дар соҳаи педагогикаи иҷтимоӣ мероси гаронбаҳо гузоштаанд. Асарҳои илмӣ-педагогии онҳо дар ривоҷ додани педагогикаи иҷтимоии замонавӣ манбаи муҳим ҳисоб меёбад.


Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   5   6   7   8   9   10   11   12   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling