Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Характери иҷтимоии педагогикаи иҷтимоӣ дар ҳодисаҳои этномаданӣ


Download 0.93 Mb.
bet17/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   ...   13   14   15   16   17   18   19   20   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

2.Характери иҷтимоии педагогикаи иҷтимоӣ дар ҳодисаҳои этномаданӣ
Характери иҷтимоии педагогикаи иҷтимоӣ дар ҳодисаҳои этномаданӣ: ҷаҳонбинӣ, тиббиёт, этика, дин, экология, муносибат бо дигарон равшан намоён мешавад. Ин муаммоҳо аз тарафи олимон омӯхта мешавад.
Дар педагогикаи халқӣ чунин фикри барҷаста ҳаст: шахс дунёро ба воситаи таҷрибаи ҳаётӣ ва шахсӣ аз бар менамояд. Зеро шахс дар ҷараёни момила бо дигарон хусусиятҳои ба худ хоси онҳоро меомӯзад. Дар халқи ӯзбек чунин нақл ҳаст: чақалоқ ҳоло шахс нест, вай минбаъд кӣ мешавад: инсон ё не - ин ба падару модари вай, ба муҳити иҳотакарда ва муносибат бо одамони дигар вобаста аст.
Бинобарин педагогикаи халқӣ таъкид мекунад, ки “кӯдак фақат пас аз худ намудани шаклҳои гуногуни шуури аҷдодон ба шахс табдил меёбад. Баробари таваллуди кӯдак тарбияи вай ҳам сар мешавад. Ин ғоя дар бисёр ривоятҳо, афсонаҳо, достонҳо ҷой гирифтааст. Асоси педагогикаи халқиро ғамхорӣ ба бачагон, ҳифзи саломатии тарбияи ақлӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ, ҷисмонӣ ва меҳнатии онҳо ташкил мекунад.
Дар вақти омӯхтани этнографияи ӯзбек ҳуҷҷатҳои гуногунро таҳлил намуда ба хулоса омадан мумкин аст, ки он ба модели инсони комил рост меояд.
Ғояҳои тарбияи инсон дар осори мутафаккирон, олимон, педагогҳо ва шоирони бузург ифода ёфтаанд. Дар китоби “Тадбири манзил”-и Ибни Сино боби “Тарбия ва таълими бачагон”, дар китоби Берунӣ “Ёдгориҳои халқҳои қадим” анъанаҳои халқҳои гуногун. дар асари ал-Форобӣ “Китоби калони мусиқа” оиди мусиқӣ бисёр мисолҳо мавҷуд аст. Дар “Китоби бахт”-и Носири Хисрав ҳам сухан дар бораи меҳнати одамони оддӣ меравад.

3.Равишҳои педагогикаи халқӣ.
Дар бобати омӯхтани педагогикаи халқӣ С.Раҷабов, А.Исмоилова, И.Обидов, С.Темурова, М.Очилов, А.Отаева, З.Миртурсунов, А.Минав­варов барин олимони ӯзбек ҷустуҷӯйҳои илмӣ бурдаанд. Дар ҳолати ҷамъ кардани афкори муаллифони мазкур чунин равишҳои педагогикаи халқиро муайян кардан мумкин аст:
- ғояи инкишофи ҳартарафаи бачагон дар асоси алоқаи байниҳамдигарии тарбияи ақлӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, ҷисмонӣ ва эстетикӣ;
- муайян кардани роли пешбарандаи тарбияи оилавӣ дар ривоҷёбии шахс;
- муҷассамшавии усул ва қоидаҳои педагогикаи халқӣ дар намунаҳои эҷодиёти халқ;
- вобастагии усулҳои педагогии таълиму тарбия;
- характери амалии педагогикаи халқӣ;
- аҳамияти иҷтимоии фаъолияти шаҳрвандӣ ва оилавӣ тайёр намудани насли наврас дар педагогикаи халқҳо.
Дар намунаҳои эҷодиёти халқ: зарбулмасал, афсона, чистон, суруд, достон ва ривоятҳо ғояҳои педагогикаи халқӣ ифода ёфтааст. Айнан дар ҳамин жанрҳо халқ дар давоми асрҳо ҳосилкардаи таҷрибаи худро таҷассум кардааст. Онҳо ҳикмати ҳаёт мебошанд.
Хусусияти ба худ хоси педагогикаи халқи ӯзбек аз он иборат аст, ки дар осори эҷодиёти халқ усул ва воситаҳои тарбия баён гардидааст.
Дар байни халқ оид ба анъанаҳои оилавӣ, истифодаи усулу воситаҳои тарбия бисёр манбаъҳо мавҷудаст. Мафкура, анъана, одат, маросимҳо аз авлод ба авлод гузашта омада истодааст. Ба инҳо маросими никоҳ таваллуди кӯдак, гаҳворабандон, истиқбол ва гусели меҳмон, маросими дафн ва ғайраҳо мисол шуда метавонад. Дар аксари ин маросимҳо бачагон иштирок мекунанд. Бо ёрии ин тадбирҳо насли наврас анъанаҳои гузаштагонро ёд мегиранд.
Дар давраи шӯро дар натиҷаи беҳурматӣ нисбати анъанаю одатҳои миллӣ ба бад шудани ҳолатҳои ахлоқӣ оварда расонд. Дар солҳои охир дар муносибати одамон нисбат ба табиат, ҷамъият ва дин озодӣ пайдо шуд. Ин гуна шароитҳо барои инсони баркамол шуда ба воя расидани насли наврас омили муҳим гардид.
Дар педагогикаи халқӣ фикрҳо дар бораи муҳаббат, оила, бачагон бо таъсири таҷрибаҳои бисёрсолаи ҳаётӣ ташаккул ёфтааст. Оила асоси ҷамъият аст. Вай бояд меъёрҳои асосии муносибати байни одамон, қоидаҳои истироҳат, таълим ва меҳнати бачагонро кор карда барорад.



Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   13   14   15   16   17   18   19   20   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling