Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода


Аз таърихи ривоҷёбии муассисаҳои оммавии таълими томактабӣ


Download 0.93 Mb.
bet14/89
Sana16.06.2023
Hajmi0.93 Mb.
#1495322
1   ...   10   11   12   13   14   15   16   17   ...   89
Bog'liq
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ

4.Аз таърихи ривоҷёбии муассисаҳои оммавии таълими томактабӣ
ва иҷтимоишавии бачагон дар Ӯзбекистон
Ба вуҷуд омадани муассисаҳои тарбиявии оммавии томактабӣ дар Ӯзбекистон ба нимаи аввали асри ХХ рост меояд. Дар ин давр дар Туркистон боғчаҳои бачагонаи тайёркунӣ барои дохил шудан ба гимназия мавҷуд буд.
Соли 1919 бо мақсади нигаҳдори саломатӣ ва бо хӯрокворӣ таъмин намудани бачагон “Шӯрои ҳифзи боғчаҳо” ташкил шуд. Барои ҳалли муаммоҳои тарбияи кӯдакон ошхонаҳои оммавӣ, боғча ва яслиҳои бачагон кушода шуд. Мақсади асосии ин гуна кӯшишҳо ба ҳаёти иҷтимоӣ бештар ҷалб намудани занон буд.
Бо мақсади ривоҷи корҳои таълим соли 1918 дар қисми шаҳри Кӯҳини Тошканд барои бачагони ӯзбек боғчаи 4-уми бачагона ташкил шуд. Соли 1919 дар Самарқанд боғчаи 20-уми бачагон ва дар хонаи 3-уми бачагон гурӯҳҳои томактабӣ кушода шуд. Дар соли 1926 дар 40 адад муассисаи томактабӣ 2 ҳазор нафар кӯдакон тарбия мегирифт. Соли 1927 бо мақсади ҳимояи озодии замон ҳаракати “Ҳуҷум” сар шуд. Ин ҳолат ба боғчаҳо додани бачагонро афзуд. Барои ёрӣ расонидан ба занони коргар аз тарафи иттифоқҳои касаба ва корхонаҳои калон майдончаҳои тобистонаи бачагон ташкил карда шуд. Дар солҳои 30-уми асри ХХ тафтиши тозагии ҷои зист ва майдончаҳои бачагон гузаронида шуд.
Соли 1930 дар тамоми шаҳр ва вилоятҳои Ӯзбекистон маслиҳатхонаҳои педагогӣ ташкил гардид. Мақсади асосии он иборат аз маърӯзаҳо, радиосӯҳбатҳо ташкил кардан иборат буд.
Солҳои 1933-1934 дар Ӯзбекистон 3840-то майдончаҳои колхозӣ мавҷуд буда, дар онҳо 127 ҳазор нафар бачаҳо тарбия мегирифтанд. Соли 1933 барои боғчаҳои кӯдакон аввалин маротиба лоиҳаи дастур сохта шуд. Ин гуна дастурҳо, ки ба забони русӣ буд, сонитар ба забони маҳаллӣ аз нав сохта шуд.
Барои муассисаҳои томактабӣ кадрҳои ихтисоснок намерасиданд. Бинобар ин курсҳои семоҳаи тайёр кардани кадрҳо аз ҳама аҳолии деҳот ташкил карда шуд. Аз солҳои 30-уми асри гузашта вазифаи тайёр намудани мутахассисони таълим ба зиммаи омӯзишгоҳҳои педагогӣ гузошта шуд.
Дар солҳои 1938-1934 дар республика 927-то боғчаи бачагон буда, дар онҳо 36.710 нафар фарзандони аҳолӣ тарбия мегирифтанд.
Дар ин солҳо бо мақсади беҳтар намудани сифати таълим чунин тадбирҳо андешида шуд:
- ташкил намудани корҳои услубӣ дар ҷойҳо;
- тайёр кардани ҷиҳозҳо, дастурҳои таълимӣ;
- ҷалб намудани эътибори ҷамъиятчигӣ ба масъалаҳои таълим.
Солҳои ҷанг дар Ӯзбекистон 20 ҳазор нафар бачагон кӯчонда оварда шуда буданд. Дар натиҷа шумораи боғчаҳо афзуда, рӯзи кори онҳо дароз карда шуд. Ҳамон солҳо интернатҳои томактабӣ ҳам ташкил гардид. Дар онҳо кӯдаконе, ки оилаашонро гум карда буданд, тарбия мегирифтанд.
Ба туфайли муаммоҳои хӯрокворӣ баъди ҷанг барои бачагони камқувват боғчаҳои типи санитарӣ ташкил карда шуд. Ба ривоҷи таълим дар деҳот аҳамияти калон дода шуд.
Соли 1959 ду намуди таълими томактабӣ ба муассисаи ягона табдил дода шуд. Ин ба хубтар шудани ҷараёни тарбияи кӯдакон овард.
Тайёр кардани мутахассисони маълумоти миёнаи махсус ба ӯҳдаи омӯзишгоҳҳои педагогии Тошканд ва Марғилон гузошта шуд, дар онҳо дар соли хониши 1957-58 517 нафар мутахассисон тайёр карда шуданд. Дар Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Намангон, Фарғона, Чирчиқ хонаҳои услубӣ кушода шуд.
Соли 1961 дар институти илмӣ-тадқиқотии фанҳои педагогикаи ба номи Қорӣ Ниёзӣ маркази ёридиҳанда ба хонаҳои услубӣ ташкил карда шуд.
Дар натиҷаи зилзилаи 26-апрели соли 1966 дар Тошканд 2250то муассисаи таълимӣ вайрон шуд.
Дар муддати кӯтоҳ бо ёрии бинокорони республикаҳои дигар ин муассисаҳо аз нав сохта шуданд.
Дар солҳои 60-80-и асри ХХ таълими оммавӣ бо равишҳои зерин ба амал бароварда шуд:
- бо мақсади омӯхтани таҷрибаҳои муассисаҳои таълимии байнихоҷагӣ дар миқёси республика анҷуманҳо ташкил кардан;
- ташкил намудани мусобиқаҳо дар байни колхозҳо барои гирифтани мукофоти “Муассисаи аз ҳама беҳтарин”;
- барои бачагоне, ки ба бемории сирояткунанда дучор шудаанд, муассисаҳои махсус ташкил намудан;
- ташкили муассисаҳои таълимии нигаҳдории тандурустии бачагон;
- тайёр намудани тарбиячиён ва педагогикаи тиббӣ барои муассисаҳои томактабӣ;
- ба тайёркунии мутахассисон гузаронидани омӯзишгоҳҳои педагогӣ ва мусиқии республика;
- тартиб додани дастури ягонаи тарбияи бачагони синни томактабӣ;
- ба тарбияи эстетикии бачагон аҳамияти калон додан - истифода аз асарҳои санъати дигар миллатҳо, ташкили намоиши расмҳои кашидаи бачагон.
Баробари мустақилӣ дар Ӯзбекистон муаммоҳои иҷтимоии ҷамъият боз ҳам афзуд ва тезу тунд шуд. Сабабҳои ин дар ҷорӣ гардидани равишҳои устувор ва рӯ ба рӯшанӣ ба душвориҳои ҳалли муаммоҳои иҷтимоӣ мебошад. Вале ба туфайли ба амал бароварда шудани қоидаҳои демократия ва ошкорбаёнӣ, истифода бурдани таҷрибаҳои бои аҷдодон аз тарафи давлат ба мӯҳтоҷон ёрии иҷтимоӣ-педагогии реалӣ расонда мешавад, барои ривоҷи фанни педагогикаи иҷтимоӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.



Download 0.93 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   10   11   12   13   14   15   16   17   ...   89




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling