Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси республикаи ӯзбекистон кибриё Ҳасанова, Малика Жумазода
Афкори иҷтимоӣ-педагогии шоирони маърифатпарвари
Download 0.93 Mb.
|
7e2c9eb7c17aef1a74201ea9fab05481 ПЕДАГОГИКАИ ИҶТИМОӢ
4.Афкори иҷтимоӣ-педагогии шоирони маърифатпарвари
асрҳои XIX-XX Аҳамияти афкори иҷтимоӣ-педагогии педагогҳои маърифпарвар пеш аз ҳама дар он аст, ки онҳо кӯшиш менамуданд, ки омили васеъро маърифатнок кунанд ва масъалаҳои таълимро ҳамроҳ гирифта баранд. Онҳо вазифаи асосии таълимро дар камолоти ахлоқӣ ва ба меҳнат омӯзондаги инсон аст, гуфта фикр мекарданд. Афкори педагог, шоири маърифатпарвар Саидаҳмад Сиддиқӣ (1886-1927), ки аз оилаи деҳқон баромада буд, бо дурро дида тавонистан ва заковати олӣ аз дигарон фарқ мекунад. Олим дар деҳаи Ҳалвоӣ дар ҳавлии худ барои бачагони деҳқон ва ҳунарманд мактаби нахустин кушод. Соли 1914 дӯкони савдои китоб, дастурҳои таълимӣ кушод. Сиддиқӣ сонитар боз якчанд мактабҳои қишлоқ ташкил карда, ба фарзандони ӯзбек, тоҷик, рус таълиму тарбия додааст. Дарсҳои табиатшиносӣ ва география дар оғӯши табиат мегузашт. Ғояҳои маорифпарварӣ ва демократӣ дар охирҳои асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ ба қуллаи баланд баромад. Маърифатпарварони ӯзбек бар зидди ғояҳои асримиёна, зоҳидӣ, догматизм, схоластика баромада, мақсад, идеал ва қоидаҳои нави таълимро ба тарбияи ҳасаҷонибаи шахс (ахлоқӣ, ақлӣ, ҷисмонӣ, меҳнатӣ) ва дунёвӣ нигаронида, барои писарон ва духтарон тарбияи ягонаи рӯҳӣ то инсондӯстӣ, демократӣ ва ватанпарварӣ доштаро асоснок намуданд. Яке аз намояндагони барҷастаи равияи тараққипарвари ғояи демократӣ-педагогӣ дар Ӯзбекистон Абдулло Авлонӣ (1878-1934) ҳисоб меёбад. Ӯ дар ҷавонӣ забон ва адабиёти Шарқро пухта омӯхта. дар таъсири адабиёти мумтози ӯзбек шеърҳо навишт. Дер вақт дар яке аз мактабҳои Тошканд ба бачагон таълим дод. Ҳиссаи Авлонӣ дар педагогикаи ӯзбек аз он иборат аст, ки вай аввалин маротиба дар назди тарбия вазифаҳои иҷтимоӣ гузоштааст. Ин ҷасорати калони шоир ва педагог буда, дар асарҳояш роли ҳалкунандаи тарбияро дар инкишофи шахс эътироф намудааст. Авлонӣ мафҳуми “Одами нав”-ро на бо сифати шахсӣ, балки бо манфиатҳои иҷтимоӣ вобаста ҳисоб мекард. Назар ба фикри Авлонӣ, муваффақияти тарбия бо роли намунавии оила, падару модарон ва педагогҳо муайян мегардад. Авлонӣ мустақилӣ, ташаббускорӣ ва таҷрибаи амалиро хусусияти аз ҳама муҳими иҷтимоӣ мешуморад. Авлонӣ ҳамчун вакили намоёни маърифатпарвари ӯзбек чунин ҳисоб мешавад, ки фақат бо роҳи васеъ намудани ғояҳои “дуруст” ва бартараф намудани ғояҳои “нодуруст” бадиро дар ҳаёт нест кардан мумкин аст. Аз ин рӯ мавзӯи тарбия дар нашри маърифатии рӯзномаи “Шӯҳрат” васеъ дарҷ шудааст. Дар шароити мустамликавӣ матбуот дар Туркистон хонандагони маҳдуд дошт. Дар чунин ҳолат драматургия воситаи муҳими тадбиқи ғояҳои маърифӣ буд. Театр барои Абдулло Авлонӣ ҳамчун омили тарбия ва муттаҳид намудани одамон хизмат кард. Ӯ соли 1913 дар Тошканд “Тӯрон” ном труппаи театрро ташкил намуд. Мақсад ва вазифаҳои ҷамъияти санъати драматикии “Тӯрон” дар “Низом”-и он чунин дарҷ шуда буд: “Нисбат ба саҳна муҳаббат ва муносибати ҷиддӣ парвариш намудан, барои халқ спектаклҳо ташкил кардан” аст. Барои ба ин мақсад расидан ҷамъият шабҳои адабӣ, концертҳо, спектаклҳо ва дигар тадбирҳо ташкил менамуд, фаъолияти клубҳо, китобхонаҳоро ба роҳ мемонд, мактабҳои таълими ибтидоӣ, миёна ва олиро мекушод ва ҷавононро бо стипендия таъмин мекард. Авлонӣ ғояҳои маърифиро на танҳо дар эҷодиёти худ пеш ронд. Ӯ дар соли 1908 барои камбаҚалон мактаб кушод ва усулҳои нави таълими забони модаронро ба амал баровард. Баробари ин Авлонӣ китобҳои дарсӣ ва дастурҳои услубӣ навишт. Афкори ӯ дар бораи таълиму тарбия дар асарҳояш “Муаллими аввалин”, “Муаллими дуюм”, “Гулистони туркӣ ёки ахлоқ” акс ёфтаанд. Тарғиботчии фаъоли маърифат ва донишҳои дунёвӣ пас аз Авлонӣ Мискин ҳисоб меёбад. Фикрҳои таълимӣ ва маърифии Мискин моҳияти иҷтимоӣ-сиёсӣ дошта ба инкишофи ғояҳои пешқадами педагогии ӯзбек саҳми арзанда гузоштааст. Вай чунин ҳисоб мекард, ки ҷараёни таълим бояд насли наврасро ба хизмати халқ тайёр намояд. Кӯшишоти Мискин ва дигар маърифатпарварони ӯзбек ба афзудани ҷиҳати иҷтимоии тарбия ва рад намудани одамон бо муносибатҳои гуногуни иҷтимоӣ, омӯхтани ҳаёти давлат ва халқҳои дигар равона карда шуда буд. Вале ин хусусиятҳои иҷтимоӣ якҷоя афкори маорифпарварони ӯзбек дар нимаи дуюми асри ХIХ системаи хосса надошт, дастурҳои аниқи муқобили мустамликадорӣ мавҷуд набуд. Қатъӣ назар аз он, ки ҷаҳонбинии онҳо маҳдуд буд ва ба зиддиятҳои гуногун дучор гардида буд, дар ривоҷи ғояҳои пешқадам оиди педагогикаи иҷтимоӣ дар Ӯзбекистон ҳиссаи калон гузоштанд. Ғояи педагогии ӯзбекро дар асри ХХ ба се равия ҷудо кардан мумкин аст: - равияи бештар ҳукмронӣ намудани клерикалии феодалии асри миёна; - равияи буржуазии миллии пайдошудаистода (ҷадидӣ). Вакилоне ки дар ин давра бар зидди мактаби клерикалии феодалӣ баромада бо номи “усули ҷадид” талабҳои педагогиро дар мактабҳо пеш рондан; - равияи тараққипарвари демократӣ. Педагогикаи демократӣ мактаб ва тарбияи асримиёнагиро танқид ва инкор намуда, бар зидди он ғояҳои пешқадамро пеш рондан. Дар ибтидои асри ХХ дар Ӯзбекистон вакили намоёни педагогикии демократӣ Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ (1884-1929) буд. Ҳамза намояндаи номии ҳаёти миллӣ ва ҳаракати маърифии аввали асри ХХ-и ӯзбек ҳисоб меёбад. Бо номи ӯ як давраи таърихи Ӯзбекистон вобаста мебошад. Ӯ дар асарҳои худ комёбиҳои беҳтарини инкишофи ғояҳои педагогии халқи ӯзбекро ҷамъ намуда, ба афкори иҷтимоӣ, маърифии мамлакатҳои хориҷӣ такя карда, муаммоҳои муҳимтарини таълим-тарбияро пеш ронд. Ташкили мактаби миллӣ дар Қӯқанд, сонӣ дар Фарғона, Марғелон ва Тошканд кушода шудани чунин мактабҳо иқдоми ҷасоратноки педагогӣ аҷоиб ва арбоби ҷамоатӣ буд. Ба роҳ мондани корҳои таълим-тарбия дар ин мактабҳо ба ривоҷёби ҳартарафаи шахс ва фаъолнокии иҷтимоӣ нигаронида шуда буд. Таснифи иҷтимоии фаъолияти педагогии Ҳамза тамоми ҷиҳатҳои тарбия (эстетикӣ, ақлӣ, ҷисмонӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ), муомила ва муносибат бо дигарон барин масъалаҳоро дар бар гирифта, инҳо ҳамчун омили баланд бардоштани дараҷаи ҳаётӣ, маданӣ ва ақлии инсон хизмат менамояд. Ҳамза соли 1911 мактаби усули нави худро кушод ва ташкили ҷараёни таълимро сартосар ислоҳ кард. Вале ҳодисаи аз ҳама асосии фаъолияти педагогии ӯ соли 1914 барои бачагони ятим ва камтаъмин кушодани мактаб бо номи “Дорулоҷизин” гардид. Дар он бачагони бепул мехонданд ва бо китоб, дафтар, қалам ва дигар маводҳои таълимӣ таъмин мегардиданд. Аммо ҳаракатҳои Ӯамза оиди ислоҳ намудан ва демократикунонии мактабҳо боиси норозигии рӯҳониёни мусулмон ва ҳукумати чоризм гардид. Дар оқибат мактаби “Дорул-оҷизин” маҳкам шуд ва Ҳамза ба назорати ҳукумат гирифта шуд. Ҳамза моҳияти таълимро восита ва омили асосии ба озодӣ комёб шудаи, камолоти шахс ҳисоб мегардад. Афкори педагогии ӯ қадами калони инкишофи ғояҳои педагогии ӯзбек буд. Фарқи ғояҳои Ҳамза Ҳакимзода аз тарбияи схоластикии ҳукмрон аз он иборат буд. ки вай моҳияти таълимро бо фикрҳои нав ғанӣ гардонид. Ӯ чунин фикр мекард, ки мақсади ҷараёни таълим ба хизмати халқ тайёр кардани насли наврас аст. Педагог-шоир чунин ҳисоб менамуд, ки вазифаи асосии тарбия ба фаъолияти ҷамъиятӣ омода намудани ҷавонон мебошад. Ҳамза борҳо такрор карда буд, ки ҷавонон бояд масъулияти худро дар назди Ватан ва халқ эҳсос намоянд. Ҳамза чунин ҳисоб менамуд, ки муҳит ва оила омили пуртаъсири тарбия мебошад. Ояндаи кӯдак, ривоҷи ҳиссиёт ва ҷаҳонбинии ӯ ва дигар вазифаҳои иҷтимоӣ-педагогӣ ба муҳити иҳотакарда ва тарзи зиндагии оила вобаста аст. Оила бояд бачагонро ба мулоқот ва муносибати ҷамъиятӣ омода намуда тарбия кунем. Ҳамза махсусан дар тарбия роли модарро алоҳида таъкид менамояд, зеро вай бо бачаҳо аз ҷиҳати психологӣ, рӯҳӣ ва биологӣ хеле шахси наздик аст. Ӯ он падару модаронро, ки бачагонро нодуруст тарбия мекунанд, маҳкум менамояд. Ҳамза бо мақсади тағиротҳо дохил намудан ба таълиму тарбия ба забони ӯзбекӣ якчанд китобҳои дарсӣ таълиф намуд. Барои омӯхтани алифбои ӯзбекӣ “Адабиёти осон”, барои хониш “Китоби хониш”, адабиёт “Китоби адабиёт” ба инҳо мисол шуда метавонад. Китобҳои Ҳамза аз тарафи таълимгирандагон бо шавқу завқ пешвоз гирифта шуда, бо суръати тез азхуд мегардиданд. Ҳамаи китобҳои дарсии Ҳамза барои бачагони ӯзбек ҳамчун омили асосии саводомӯзӣ хизмат кардааст. Download 0.93 Mb. Do'stlaringiz bilan baham: |
Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©fayllar.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling
ma'muriyatiga murojaat qiling